Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати шахсоне, ки аз мансаб рафтанд ва ё соҳиби мақоми нав шуданд


Дар идомаи тағйироти кадрӣ раисони чанд шаҳру ноҳия дар Тоҷикистон аз мансабҳои худ барканор шуданд. Баъзе онҳо мақоми нав гирифтанд, мансабҳои боқӣ ҳанӯз маълум нест.

Ин раисонро аз кор гирифтанд:

  • Маъруф Муҳаммадзода аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд
  • Амирхон Қурбонзода аз вазифаи раиси шаҳри Иставрашан
  • Фирдавс Шарифзода аз мақоми раиси шаҳри Гулистон
  • Ҷамшед Аҳмадзода аз вазифаи раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ
  • Хайриддин Абдураҳимов аз мақоми сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ
  • Шерхон Салимзода аз роҳбарии Оҷонсии назорати маводи нашъаовар
  • Аҳтам Абдуллозода аз вазифаи муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент
  • Адҳам Маъмурзода аз вазифаи муовини сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президент

Инҳо соҳиби мансаб шуданд:

  • Ҳабибулло Воҳидзода, директори Оҷонсии назорати маводи нашъаовар
  • Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд
  • Адҳам Маъмурзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан
  • Бахтиёр Маҷидӣ раиси шаҳри Гулистон
  • Маҳмадсаид Зувайдзода раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
  • Аҳтам Абдуллозода сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ

XS
SM
MD
LG