Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додраси Додгоҳи олии Амрико тақозои Ҷумҳурихоҳонро дар Пенсилвания рад кард


Шумориши баргаҳои раъй дар Амрико ҳанӯз ба поён нарасидааст
Шумориши баргаҳои раъй дар Амрико ҳанӯз ба поён нарасидааст

Самуэл Алито, додраси Додгоҳи олии Амрико, дархости Ҷумҳурихоҳонро дар бораи қатъи шумориши оро дар иёлати Пенсилвания рад кард. Ҷумҳурихоҳон тақозо доштанд, баргаҳои раъйро, ки баъд аз анҷоми овоздиҳӣ тавассути почта мерасанд, нашуморанд. Онҳо рӯзи 6-уми ноябр ва пас аз онки орои номзади Ҳизби демократ Ҷо Байден дар Пенсилвания андаке бештар шуд, даст ба ин иқдом заданд. Пенсилвания аз ҷумлаи иёлатҳои сарнавиштсоз аст, ки 20 овози ҳайати интихоботӣ дорад. Барои пирӯзӣ дар интихоботи Амрико аз 538 раъйи ҳайати интихоботӣ ба даст овардани 270 овоз зарур аст. Ҳоло Ҷо Байден 253 ва Доналд Трамп 214 раъйи ҳайати интихоботиро ба даст овардаанд.

XS
SM
MD
LG