Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Комроншоҳ гуфт, ба Сербистон бо умеди пирӯзӣ меравад. Сабқати варзишкорони тоҷик дар аҳди коронавирус. САДО


Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо, ки рӯзҳои 5-9-уми ноябр дар шаҳри Нови-Сади Сербистон баргузор мешавад, иштироки чаҳор варзишгари тоҷик дар назар аст. Дар ин бора Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми ноябр, ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, ки Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолонро ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон баргузор хоҳад кард. Зимнан, қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбо-2020 миёни бузургсолон бояд дар шаҳри Ишқобод баргузор мешуд, вале ба иллати пандемияи COVID-19 Федератсияи самбои Туркманистон маҷбур шуд, ки аз доир кардани мусобиқа дар соли равон даст кашад.

Ба иттилои Маҳмуд Абдуллоев, Тоҷикистонро дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон се паҳлавони маъруф – Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кило, Хушқадам Хусравов дар вазни то 62 кило ва Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило – намояндагӣ хоҳанд кард. Инчунин барои ширкат дар сабқати ҷавонон иштироки Самеъҷон Абдушукуров дар мусобиқа дар Сербия дар назар аст.

Гуфтугӯ бо Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони номдори тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:22 0:00
Линки мустақим

"Албатта, гуштигирони мо пазмони чунин мусобиқотанд. Онҳо ҳамасола дар чемпионати ҷаҳон ҳам миёни калонсолон ва ҳам байни ҷавонону наврасон иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо шудаанд. Чунончи, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Хушқадам Хусравов ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тилло сарфароз гаштаанд. Вале мушкилоти гирифтани раводид (виза), хатҳои парвоз тавассути ҳавопаймо ба мо имкон надод, ки чун солҳои пеш варзишгарони бештарро ба чемпионати ҷаҳон сафарбар намоем", - гуфт Маҳмуд Абдуллоев.

Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS) хабар додааст, дар рақобатҳо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 30 кишвар дар назар аст. Ба иттилои манбаъ, қаҳрамонии ҷаҳон миёни бузургсолон ҳамроҳ бо қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон сурат мегирад.

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми ноябр гуфт, “ман дар вазни 90 кило дар ин мусобиқа қувваозмоӣ мекунам ва довталабон аз кишварҳои ҷаҳон ҳудуди 40 нафаранд. Фардо вазнкашӣ дорем ва баъдан қуръакашӣ доир шуда, ҳарифонамонро муайян хоҳад кард”.

Ин паҳлавони тоҷик дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ солҳои қаблӣ низ ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо шудааст, вале медали тилло ба даст наовардааст. Ӯ мегӯяд, ки ба ин мусобиқа хуб омодагӣ гирифтааст ва ҳаводоронашро ноумед нахоҳад кард.

“Соли 1975 устод Сайидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбо чемпиони ҷаҳон шуданд аз Тоҷикистон. Баъди 42 сол, яъне соли 2017 Беҳрӯзи Хоҷазода ин унвонро ба даст овард ва соли 2018 Хушқадам Хусравов ҳам чемпиони ҷаҳон гардид. Ман ҳам мехоҳам, ки дар пайравии Сайидмӯъмин Раҳимов парчамбардори миллати худ бошам”.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00
Линки мустақим

Бояд тазаккур дод, Комроншоҳи Устопириён ду бор дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё - дар Тошканди Узбекистон (соли 2016) ва Ҳонконги Чин (соли 2017) - дар вазни зери 90 кило бо медалҳои тилло сарфароз шудааст. Зимнан, ӯ дар таърихи ҷудои тоҷик нахустин ва ягона варзишгарест, ки ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Ин паҳлавони маъруфи тоҷик мегӯяд, талош дорад ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон роҳхат бигирад. Феълан Комроншоҳ ҳам дар феҳристи ҷаҳонӣ ва ҳам дар феҳристи олимпӣ дар мақоми 25-ум қарор дорад.

XS
SM
MD
LG