Бар асоси натиҷаҳои пешакии экзит-полл, президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳизбаш “Хидматдори халқ” зоҳиран мағлуб мешаванд ва дар Киеву дигар шаҳрҳои азими кишвар ҳизбҳои рӯ ба Русияву ғарбгароҳо пештози сабқат ҳастанд. Пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии рӯзи 25-уми октябр дар Украина аз он далолат мекунад, ки ҳизби президентии “Хидматгори халқ” аз нӯҳ шаҳри калонтарин дар ҳафттоаш мағлуб шудааст. Аз ҷумла, ҳизби шаҳрдори Киев Виталий Кличко “Эътилофи демократии Украина барои ислоҳот” дар овоздиҳии ахир беш аз 50 % раъйҳоро ба худ ихтисос додааст.
Интихоботи маҳаллӣ, ки аввалин бор бар асоси қонуни нави ислоҳшудаи интихобот баргузор шуда, ҳадафаш ба минтақаҳо додани салоҳияти бештар аст, барои Зеленский баъди якуним соли кор дар мансаби президентӣ як зарбаи шадид шуд. Алекс Кокчаров, як таҳлилгари масоили хатарҳо дар Украина мегӯяд, “барои ҳизбе, ки соли гузашта 56 дарсади раъйҳоро бурда буд, ин овоздиҳӣ як фоҷеа шуд. Ин хеле бад аст ва мавқеи онҳоро дар Рада (парлумони Украина) хеле заъиф мекунад”.
Пурсишҳои ахири афкори умум мегӯяд, ки 70 дарсади сокинони Украина ба ин боваранд, ки кишвар дар самти нодуруст пеш меравад ва маҳбубияти шахсии Зеленский ҳам аз 50 дарсад поин омадааст. Натиҷаҳои пешакии овоздиҳӣ мегӯяд, ки раисони шаҳрҳои калонтарини кишвар – Киев, Харков, Одесса ва Лвов мақомҳои худро ҳифз кардаанд ва бархе бояд дар даври дуюми интихобот рақобат кунанд. Ҳеҷ яке аз онҳо узви ҳизби Зеленский нестанд.
Гурӯҳи шаҳрвандии “Опора”, ки дар тамоми минтақаҳои Украина интихоботро назорат кардааст, рӯзи 26-уми октябр гуфт, ки дар маҷмӯъ интихобот беайб ва мутобиқ бо қонуни интихобот гузашт. Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки як қонуншикании умда ин буд, ки рӯзи овоздиҳӣ ҳам бархе таблиғотро идома доданд. Вале айни замон, ба қавли ин комиссиюн, ҳаҷми ин қонуншиканиҳо чандон зиёд набуд ва зарурат барои бекор кардани натиҷаҳо вуҷуд надорад.
Ба иттилои ин комиссиюн, дар овоздиҳӣ 37 дарсади раъйдиҳандагон иштирок карданд ва натиҷаҳои интихобот дар се то панҷ рӯзи дигар маълум мешавад.
Рӯзи 26-уми октябр Зеленский мардуми Украинаро бо баргузории интихоботи озод табрик кард. Зеленский гуфт, “мо таъкид мекунем, ки маъракаи интихоботӣ, ҷараёни овоздиҳӣ ва ҷараёни интихобот, дар маҷмӯъ, ҷавобгӯ ба меъёрҳои баландтарини демократӣ ва қонунҳои амалкунанда буд. Ҳама нирӯҳои сиёсӣ – ширкаторони ҷараёни интихоботӣ, ҳамчунин номзадҳо тамоми имкониятҳоро барои намоиши мавқеи худ дар баробари овоздиҳандагон дар ихтиёр доштанд”. Ӯ афзуд, ки “дастоварди калидӣ ин аст, ки украиниҳо намояндагони худро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ интихоб карданд”.
Ислоҳоти интихоботии Украина ҳамчун қадами муҳим дар амри дур шудан аз шакли маъмурияти мероси шӯравӣ дониста мешавад, чун дар давоми қариб сӣ соли истиқлолият тақрибан бетағйир монда буд.
Овоздиҳӣ дар Қрим, ки соли 2014 аз ҷониби Русия ғасб шудааст ва ҳам бархе қаламравҳои минтақаҳои Донетск ва Луҳанск, ки такягоҳи нирӯҳои ҷудоиталаби рӯ ба Русия мебошанд, баргузор нашуд. Дар изҳороти рӯзи 26-уми октябри худ Зеленский ба “бозгарони низоми конститутсионӣ дар манотиқи Донетск, Луҳанск” ва Қрим ваъда дод.
|