Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон барои вохурӣ бо Путин ба Сочӣ рафт


Ҷеенбеков ва Путин. Акс аз бойгонӣ
Ҷеенбеков ва Путин. Акс аз бойгонӣ

Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков имрӯз, 28 сентябр дар доираи як сафари корӣ озими Русия шуд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон, Ҷеенбеков дар шаҳри Сочӣ бо ҳамтои руси худ Владимир Путин дидору гуфтугӯ ва "вазъи кунуниву дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба"-ро баррасӣ мекунанд.

Президенти Қирғизистон баъди Русия ба Маҷористон сафар хоҳад кард. Дар бораи ин сафар ҳанӯз дар ҷараёни боздиди сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар моҳи сентябри соли 2018 аз Қирғизистон тавофуқ шуда буд. Мавзӯи гуфтугӯҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба хоҳад буд.

Ҳамчунин имзои як қатор санадҳо дар назар буда, интизор меравад Ҷеенбеков бо президент ва раиси порлумони Маҷористон ҳам мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG