Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйхати беш аз 70 парвози дигари чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон


Аз рӯзи 16-ум то 30-юми сентябри имсол барои бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия 71 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил шудааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ин парвозҳо аз Маскаву Санкт-Петербург, Қазону Краснодар, Новосибирск, Екатеринбург, Иркутск ва Уфаву Сургут ба Душанбе ба нақша гирифта шудааст ва тавассути ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" анҷом мешавад. Аз рӯи нақшаи расмӣ, парвозҳои ду ҳафтаи оянда ба таври якҷониба аз Русия ба Тоҷикистон сурат мегирад ва дар бораи парвози мусофирон аз Душанбе ба Русия иттилое дода намешавад.

Парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистону Русия аз нимаи моҳи марти имсол ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавируси нав қатъ шудааст. Аз он замон то кунун Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандонаш аз Русия даҳҳо парвози чартерӣ ба роҳ монд, аммо муҳоҷирон мегӯянд, дарёфти билети бозгашт осон нест ва беҳтар аст парвозҳои доимӣ барқарор шавад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми сентябр гуфт, "ҳамватаноне, ки ба Ватан бармегарданд, бояд бо худ маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус (COVID-19) дошта бошанд ва онро на дертар аз 96 соат (4 шабонарӯз) пеш аз омадан ба Тоҷикистон бигиранд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди маълумотнома озод мебошанд."

Мақомот ҳамзамон аз он нигаронӣ кардаанд, ки дафъаҳои ахир бархе аз шаҳрвандон дар бораи ташхиси коронавирус санади тақаллубӣ мегиранд ва ҳушдор додаанд, ки бино ба Кодекси нави ҷиноӣ барои ин кор ҷазо таъин гардидааст

Ба иттилои манбаъ, рӯйхати шаҳрвандонро барои бозгашт ба ватан кумисюни вижа дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав ва консулгариҳои генералии кишвар дар Русия анҷом медиҳанд. Аммо ҳафтаи гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷик иддао карданд, ки ба қавли онҳо баъзе аз миёнравҳо билетҳоро арзон харидаву бо нархи гарон ба дигарон мефурӯшанд. Сафири Тоҷикистон дар Русия вуҷуди миёнравҳоро рад кард.

Хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 15-уми сентябр бо такя ба манобеи огоҳаш дар ниҳодҳои Русия иттилоъ дод, ки мумкин аст, Маскав аз моҳи октябр парвози ҳавопаймоҳоро ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) аз сар бигирад. Тоҷикистон узви ин иттиҳод аст.

Манбаи "Интерфакс" гуфтааст, "дар навбати аввал тартиби аз сар гирифтани парвозҳоро ба пойтахтҳои кишварҳои узви ИДМ дар моҳи октябр баррасӣ доранд. Гап дар бораи Нурсултон, Тошканд, Боку, Ереван ва дигарон меравад."

Ба қавли манбаи "Интерфакс", мумкин аст, аввал парвозҳои мунтазам байни Маскаву Минск барқарор шавад. "Ин маъсала миёни мақомоти ҳавонавардии ду кишвар баррасӣ мешавад, аммо замони парвозҳо ҳанӯз мушаххас нест," – афзудааст манбаъ.

Рӯйхати 71 парвози ҳавопаймо аз шаҳрҳои Русия ба Душанбе дар инҷост:

16 сентябр 2020 -- Екатеринбург-Душанбе;

16 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

16 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

16 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

17 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

17 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

17 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

17 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

17 сентябр 2020 -- Новосибирск-Душанбе;

18 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

18 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

18 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

18 сентябр 2020 -- Уфа-Душанбе;

19 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

19 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

19 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

19 сентябр 2020 -- Краснодар-Душанбе;

20 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

20 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

20 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

20 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

20 сентябр 2020 -- Екатеринбург-Душанбе;

21 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

21 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

21 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

21 сентябр 2020 -- Иркутск-Душанбе;

22 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

22 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

22 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

22 сентябр 2020 -- Новосибирск-Душанбе;

22 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

23 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

23 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

23 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

23 сентябр 2020 -- Красноярск-Душанбе;

23 сентябр 2020 -- Сургут-Душанбе;

24 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

24 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

24 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

24 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

24 сентябр 2020 -- Новосибирск-Душанбе;

25 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

25 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

25 сентябр 2020 --- Москва-Душанбе;

25 сентябр 2020 -- Уфа-Душанбе;

25 сентябр 2020 -- Краснодар-Душанбе;

25 сентябр 2020 -- Екатеринбург-Душанбе;

26 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

26 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

26 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

26 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

27 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

27 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

27 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

27 сентябр 2020 -- Екатеринбург-Душанбе;

27 сентябр 2020 -- Новосибирск-Душанбе;

28 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

28 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

28 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

28 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

29 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

29 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

29 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

29 сентябр 2020 -- Новосибирск-Душанбе;

29 сентябр 2020 -- Сургут-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Москва-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Санкт-Петербург-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Уфа-Душанбе;

30 сентябр 2020 -- Екатеринбург-Душанбе;

XS
SM
MD
LG