Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар кони мармари Покистон 18 нафар кушта шуд


Акс аз бойгонӣ: кони Бунер дар Покистон
Акс аз бойгонӣ: кони Бунер дар Покистон

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки дар натиҷаи лағзиши кӯҳпорае дар кони мармари воқеъ дар шимолуғарби кишвар, дастикам 18 нафар кушта ва нафарони зиёдро дар дохили кон дармонданд. Гурӯҳҳои наҷотбахш барои берун овардани одамони дармонда дар маҳалли ҳодиса кор мекунанд. Ҳодиса рӯзи 7-уми август дар ноҳияи Моҳманди вилояти Хайбар-Пахтунхва, наздикии марз бо Афғонистон рух дод. Бовар меравад, ки тахминан 20 конкани дигар дар дохили кон дармондаанд. Дар ин ҳодиса инчунин 12 нафар маҷрӯҳ шуданд. таҳқиқи сабабҳои ҳодиса шурӯъ шудааст.

XS
SM
MD
LG