Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо COVID ё бе он - бозиҳои олимпии Токио баргузор мешаванд"


Соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузории бозиҳои тобистонаи Токиоро ба соли 2021 таъин кард
Соли 2020 бо сабаби пандемияи коронавирус дар ҷаҳон Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузории бозиҳои тобистонаи Токиоро ба соли 2021 таъин кард

Як мақоми аршади олимпӣ ҳушдор дод, ки соли оянда бо вуҷуди идомаёбии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон бозиҳои тобистони олимпӣ дар Токио баргузор мешавад. Ин ҳушдор дар ҳолест, ки дар Ҳинд – дуюмин кишвари шадидан осебдида аз коронавирус афзоиши омори гирифторӣ дар қораи Осиё мушоҳида мешавад. Ҷон Котс, ноиби президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар сӯҳбат бо оҷонсии Франс Пресс рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ки бозиҳои Токио дар моҳи июли соли оянда бо вуҷуди таҳдиди COVID баргузор хоҳад шуд. Котс бо ёдоварӣ аз зилзилаи фоҷеабору тсунамии харобиовари соли 2011-и Ҷопон гуфт, ки бозиҳои олимпии соли 2020-и Токио “Бозиҳои эҳёгарӣ” хоҳанд буд. Дар саросари ҷаҳон то ҳол беш аз 27 миллион нафар ба коронавирус олуда шуда, беш аз 882 ҳазор нафар даргузаштааст. Дар Ҳинд дар як шабонарӯзи гузашта 90 ҳазор ҳодисаи нави олудагӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шуд. ИМА ва Бразилия ҳам дар хатти аввали кишварҳои амиқан олудашуда ба вирус мебошанд. Дар Ҳинд ҳоло 4,2 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки ин омор 2 миллион ҳолат камтар назар ба ИМА мебошад. Дар Ҳинд паҳншавии COVID-19 босуръат идома дорад.

XS
SM
MD
LG