Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенат: Ду олигархи рус аз роҳи фурӯши наққошиҳо таҳримҳои ИМА-ро убур мекарданд


Аркадий Ротенберг, раиси шӯрои мудирони СМП-Банк бо президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни корҳои сохтмонии пули Қрим. Соли 2018
Аркадий Ротенберг, раиси шӯрои мудирони СМП-Банк бо президенти Русия Владимир Путин дар ҷараёни корҳои сохтмонии пули Қрим. Соли 2018

Як таҳқиқоти дусолаи конгресси ИМА собит кард, ки ду олигархи рус - бародарон Аркадий ва Борис Ротенбергҳо бо истифода аз музоядаҳои фурӯши осори ҳунарӣ аз таҳримҳои амрикоӣ фирор кардаанд. Ин ду миллиардери наздик ба президенти Русия Владимир Путин аз соли 2014 инҷониб таҳти таҳримҳои ИМА қарор доранд. Ба онҳо муомилаҳои молӣ бо ширкатҳои амрикоӣ манъ аст. Вале ба иттилои Сенат, се ширкати тақаллубии марбут ба бародарон Ротенбергҳо дар ИМА аз тоҷирони инфиродиву музоядаҳои расмӣ бо маблағи 18 миллион доллар осори ҳунарӣ харидаанд. Дар маҷмӯъ, аз замони таҳти таҳрим будани ин ду нафар, эҳтимолан ба маблағи умумии беш аз 90 миллион доллар муомилаҳои молӣ анҷом додаанд. Сенат маълум кардааст, ки Ротенбергҳо аз ҷумла наққошиҳои Жорж Брак, Марк Шагал ва Рене Магриттаро ба даст овардаанд. Муфаттишот маълум кардаанд, ки тоҷирон дар ИМА тавассути тоҷири осори ҳунарӣ аз Маскав ва шаҳрванди амрикоӣ Григорий Балсер амал мекарданд. Дар гузориш омадааст, ки дар маҷмӯъ онҳо на камтар аз 16 наққоширо харидорӣ кардаанд.

Аркадий (аз чап) ва Борис Ротенбергҳо
Аркадий (аз чап) ва Борис Ротенбергҳо


Нашрияи The Wall Street Journal мегӯяд, музоядаҳо дар интихоби харидори ниҳоии мол сиёсати нарме доранд ва маҳз ҳамин чизро бародарон истифода кардаанд. Намояндагони музоядаҳо гуфтанд, ки харидҳои Балсер ҳеҷ суоле эҷод намекард. Ин миёнҷӣ ҳамчун харидори мустақим баромад карда, пулро ҳам аз ҳисобҳои шахсии худ пардохт мекард. Вале тафтиш маълум кардааст, ки пулро ба ҳисобҳои Балсер яке аз ширкатҳои тақаллубии марбут ба Ротенбергҳо интиқол медод. Вакили Балсер гуфт, ки зерҳимояи ӯ ба Ротенбергҳо ҳеҷ рабте надорад.

Дар вокуниш ба гузориши Сенат намояндаи Ротенбергҳо онро “як сафсатта” номид. Ӯ гуфт, ки онҳо ҳеҷ гоҳ дар фикри фирор аз таҳримҳои амрикоӣ набуданд. Аркадий ва Борис Ротенбергҳо дӯстони қадимаи Владимир Путин мебошанд. Дар давраи мактабхонӣ онҳо таҳти назари як муррабӣ ҳунари дзюдову самборо машқ кардаанд. Моҳи март Путин ба Аркадий Ротенберг «барои сохтмони пули Қрим» ҷоизаи қаҳрамони меҳнатро тақдим кард.

XS
SM
MD
LG