Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди раиси бозори марказии Шаҳритус парванда боз шудааст


Оташсӯзӣ дар бозори марказии Шаҳритус.
Оташсӯзӣ дар бозори марказии Шаҳритус.

Мақомот дар Хатлон мегӯянд, ки нисбати Насим Каримов, раиси бозори марказии ноҳияи Шаҳритус ва барқчии ҳамин бозор Маҳмадулло Давлатов парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сӯхтори 28-уми май дар бозори Шаҳритус даҳҳо дӯкон ба коми оташ рафт. Зиёни сӯхтор дар ин бозорро мақомот беш аз 4 миллион сомонӣ (400 ҳазор доллар) ҳисоб карданд.

Насриддинхон Султонзода, раиси Хадамоти оташнишонӣ дар Хатлон мегӯяд, ки нисбати раиси бозори Шаҳритус бар асоси моддаи 192-и Кодекси ҷиноӣ, яъне вайрон кардани қоидаҳои сӯхтор, парванда боз шуда, ба додгоҳи ноҳия фиристода шудааст. Ин моддаи Кодексия ҷиноӣ маҳрумият аз озодӣ то панҷ сол ва ҷаримаи ҳангуфтро пешбинӣ мекунад.

Ин масъули Хадамоти оташнишонӣ дар Хатлон гуфт, ки тафтишот ба поён расида ва парванда ба додгоҳ фиристода шудааст. "Раиси бозор баёнот дод, ки беаҳамиятӣ дар насби яхдонҳоро бо барқ дида, вале ба барқчии бозор гуфтааст, ки ба оташнишонӣ хабар надиҳед, ки ҷарима мешавем",-афзуд Султонзода.

Ба иттилои расмӣ, сабаби сӯхтор дар ин бозор расиши ноқилҳои барқ будааст. Тоҷирон мегӯянд, мақомот ба онҳо ваъдаи сабукӣ дар пардохти андозу баҳраҳои бонкӣ доданд, аммо нагуфтанд, ҷуброни зарарро кӣ ва чӣ гуна мепардозад.

Тоҷирон пас аз сӯхтор гуфтанд, ҳар кадоме аз онҳо зиёни ҷиддии молӣ дидаанд ва дар шароити мушкили коронавирус мақомот набояд онҳоро танҳо бигузоранд. Ин тоҷирон гуфтанд, барои дубора сар кардани кор ба маблағи калон ниёз доранд, чун ҳамаи дороиҳояшон сӯхтааст.

Дар гузашта дар чунин мавридҳо мақомот ба тоҷирон ваъдаи кумак карда буданд, вале дертар соҳибкорон гуфтанд, ки ба сахтӣ ва танҳоӣ мушкили худро ҳал намуданд. Мақомот ҳамвора гуфтаанд, ки тоҷирон бима ё суғурта надоштанд ва ҷуброни зарари дидаашон ғайриимкон аст.

Дар ноҳияи Шаҳритус ду бозор фаъол аст, бозори марказӣ ва бозори “Ином”. Чанд сол пеш моликони бозори "Ином" бар сари тақсими бозор бо Муҳибулло Саъдуллоев, додарарӯси раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баҳс доштанд. Мақомот мегӯянд, бозори марказии ноҳия зери назорати идораи "Тоҷикматлубот" аст.

Оташ гирифтани бозорҳо дар Тоҷикистон солҳои ахир зиёд иттифоқ меуфтад. Мақомот дар чанд ҳолат гуфтанд, ки риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, сабаби оташ гирифтани бозорҳо шудааст, аммо дар ҳама ҳолат ҷуброни зиёни расида ба соҳибкорон ва барқарор кардани тиҷорати онҳо аз масъалаҳои баҳсбарангез будааст. Тоҷирон дар баъзе маврид ҳолатҳои барқасдона оташ зада шудани бозорҳоро аз эҳтимол дур намедонанд.

XS
SM
MD
LG