Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Сарбози тоҷикро барои талоши фирор аз хидмат ду сол зиндонӣ карданд

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи низомии шаҳри Душанбе сарбози қаторӣ Отабек Иброҳимовро барои саркашӣ аз адои хизмати ҳатмӣ 2 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Вокуниши Иброҳимов ва наздикони ӯ маълум нест. Вале дар гузашта ҳомиёни ҳуқуқ гуфтаанд, шароити сангин ва "дедовшина" боис мешавад, ки ҷавонон аз артиш фирор кунанд.

Мақомот мегӯянд, Отабек Иброҳимов 12-уми ноябри соли 2019 ба сафи артиш даъват шуда буд. Ӯ дар қисми ҳарбии Агентии таъминоти амволи махсус хизмат мекард, ки вазифааш таъмини артиш бо маҳсулоти кишоварзӣ аст.

Дар ҳукми додгоҳ гуфта мешавад, ки Иброҳимов дар охири моҳи декабри соли 2019 бо фурӯ бурдани 17 дона санги майда талош кард, ки дар бемористон бистарӣ шавад ва ба ин тартиб аз адои хизмати сарбозӣ раҳо гардад. Додрас гуфтааст, ки ин Иброҳимов "ба шароити сарбозӣ тоб наовардааст".

Вокуниши наздикони сарбози маҳкумшуда ва худи дастрас нест. Маълум нест, ки Отабек Иброҳимов чаро 17 дона санги майдаро фурӯ бурдааст.

Ин ягона ҳодисаи фирорӣ сарбозон аз сафи артиш нест. Додгоҳи ҳарбӣ-гарнизонии шаҳри Душанбе моҳи май як сарбози дигарро барои саркашӣ аз хизмат ба ду соли зиндон маҳкум карда буд. Аммо наздикони ин сарбоз аз ҳукми додгоҳ норозигӣ карда буданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, бархе ҷавонон дар Тоҷикистон хоҳиши хизмати сарбозиро надоранд ва бо роҳҳои мухталиф аз даъват шудан ба хизмати ҳарбӣ фирор мекунанд.

Яке аз сабабҳои асосии саркашии ҷавонон аз хизмати сарбозӣ ҳолатҳои латту кӯб ва марги ҷавонон дар қисмҳои низомӣ аст. Ба иттилои ҳомиёни ҳуқуқ, аз соли 2014 то 2016 60 ҳолати муроҷиати пайвандони сарбозон сабт шудааст. Дар 11 ҳолат муроҷиати пайвандон ба марги сарбозон рабт доштааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ryanair аз “сиёсатзада” кардани парвозҳои ҳавоӣ ҳушдор дод

Майкл О’Лери, раҳбари иҷроияи ширкати ҳавоии Ryanair

Раҳбари иҷроияи ширкати Ryanair гуфт, ки бо қарори манъи дарозмуддати парвозҳо ба Беларус мухолиф аст ва ба назараш, сиёсатзада кардани парвозҳои ҳавоӣ кори хатарнок мебошад. Майкл О’Лери гуфт, дар хоки Минск маҷбур ба нишаст кардани ҳавопаймои ин ширкат бо баҳонаи дурӯғини ҷой доштани бомба дар даруни он “нақзи ошкорои тамоми муқаррароти байналмилалии парвозҳо мебошад”. Вале, ба гуфтаи ӯ, вокуниши ҷомеаи байналмилалӣ ба қатъи парвозҳо аз осмони Беларус дар дарозмуддат коромад нахоҳад буд. Майкл О’Лери ин ҳарфҳоро дар ҷаласае, ки 15 июн дар парлумони Бритониё баргузор шуд, зикр кард.

Ҳодиса 23 май рух дод. Мақомоти Беларус аз ҳавопаймое, ки аз Атен ба Вилнюс парвоз мекард, тақозо карданд, ки дар хоки Минск фуруд ояд ва дар паи ин, блоггери мунаққиди ҳукумати Беларус Раман Пратасевич ва дӯстдухтараш София Сапега, ки шаҳрванди Русия мебошад, боздошт шуданд. Ин амали мақомоти беларусӣ боиси интиқодҳои фаровони ҷомеаи байналмилалӣ шуд.

Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо аз ширкатҳои ҳавоии худ талаб карданд, ки дигар баъди ин аз ҳарими ҳавоии Беларус парвоз накунанд ва ҳам дар хоки ИА фуруд омадани ҳавопаймоҳои беларусӣ манъ шуд.

Дар иёлоти Ню-Йорк ва Калифорния ба пандемия падруд мегӯянд

Гевин Нюсом, волии Калифорния ба нишасти матбуотие меравад, ки дар студияи синамои Universal Studios воқеъ дар шаҳри Ҳолливуд ташкил шудааст. 15 июни соли 2021

Ду аёлати серҷамъияти ИМА – Калифорния ва Ню-Йорк тахминан ҳама маҳдудиятҳои иҷтимоии марбут ба пандемияро бекор карданд, чун мизони эмкунии сокинон бо воксина ҳам ба баландтарин сатҳ расидааст. Дар ин ду аёлати азим моҳи июн поинтарин нишондоди олудашавӣ ба коронавирус дар беш аз як соли охир мушоҳида мешавад. Дар Калифорния ин ҳодисаро ҳамчун як иди калон таҷлил карданд ва волии аёлат Гевин Нюсом гуфт, ки марҳилаи нави баъди пандемия фаро расидааст. Ӯ гуфт, “имрӯз рӯзи ҳамоиш бо бегонаҳо, азизон ва аҳли оила аст. Ҳамдигарро ба оғӯш бикашед”. Дар Калифорнияву Ню-Йорк беш аз 70 дарсади аҳолии калонсол дастикам як дафъа эм шудаанд.

Дар аёлати Ню-Йорк 19 миллион ва дар Калифорния 39 миллион нафар зиндагӣ мекунанд ва бештар аз дигар манотиқи ИМА аз пандемия осеб диданд. Дар маҷмӯъ дар ин ду аёлат 116 ҳазор нафар аз COVID-19 даргузаштанд. Дар маҷмӯъ дар саросари ИМА то 15-уми июн беш аз 600 ҳазор нафар қурбони COVID-19 шудааст.

Охирин таҳаввулот дар Навори Ғазза

16 июни соли 2021, шаҳри Ғазза

Нирӯҳои ҳавоии Исроил субҳи 16-уми июн ҳадафҳоеро дар Навори Ғазза мушакборон карданд. Низомиёни исроилӣ гуфтанд, ин посухи он буд, ки пештар ҷангҷӯён аз қаламравҳои фаластинӣ ба ҷануби Исроил пуфакҳое бо маводи сӯхт фиристоданд. Ин нахустин ҳамлаи исроилиҳо баъди ҷорӣ шудани оташбас дар поёни 11 рӯзи ҷангҳои моҳи май буд. Исроил гуфт, ки дар паи ба қаламрави Исроил фиристода шудани пуфакҳо бо маводи сӯхт, тахминан 20 ҳолати сӯхтор дар Исроили ҷанубӣ ба қайд гирифта шуд. Дар паи ин, ба қавли низомиёни исроилӣ, ҳавопаймоҳои он қароргоҳҳои низомии Ҳамосро ҳадаф қарор доданд.

Чин барои бунёди роҳи Қалъаихум-Ванҷ то сарҳади Рӯшон $203 млн ҷудо кард

Шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ.

Чин барои идомаи сохтмони роҳи Душанбе--Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон 203.9 млн. доллар маблағи бебозгашт медиҳад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон рӯзи 16-уми июн дар Маҷлиси намояндагон хабар дод. Ба гуфтаи вазир, ин маблағ барои бунёди қитъаи Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади ноҳияи Рӯшон сарф мешавад.

Дар шарҳи ин тасмим дар Маҷлиси намояндагон зикр гардид, ки Тоҷикистон воридоти молу маҳсулот барои бунёди ин қитъаи роҳро аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад. Чин яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аст. Вале қарзҳои ҳангуфти Пекин боиси нигаронӣ аст.

Роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ-Қулма барои Тоҷикистон шоҳроҳи муҳими стратегии байналмилалӣ ба шумор меравад, вале бо вуҷуди ин қисматҳои зиёди он ноҳамвору хатарнок аст. Солона дар ин роҳ даҳҳо ронандаву мусофир ҷон медиҳанд. Як сабаби фалокатҳои маргбор низ харобии роҳ аст.

Дар даврони истиқлол тамоми шоҳроҳо аз Душанбе ба минтақаҳо ба шеваҳои гуногун бозсозӣ ва навсозӣ шуданд, ба истиснои роҳи асосии вилояти Бадахшон аз Қалъаи Хумб то Хоруғ ва идомаи он то сарҳади Чин. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ ин роҳ аҳамиёти зиёд дорад, зеро молҳои асосӣ аз Чин ба Тоҷикистон аз ҳамин роҳ ворид мешавад.

Омодагиҳои ахир ба мулоқоти Байден ва Путин

Байден ба Женева ворид шуд

Рӯзи 16 июн дар шаҳри Женеваи Швейсария мулоқоти нахустини президентони ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин барпо мешавад. Ин мулоқот дар ҳоле баргузор мешавад, ки равобити ду кишвар дар поинтарин сатҳ аз замони Ҷанги Сард буда, моҳе пеш Ҷо Байден гуфт, ки бовар дорад Путин “қотил аст”. Путин ҳамоно тамоми қудратро дар кишвар дар дасти худ нигаҳ дошта, созмонҳои ҷамъиятиро буғӣ мекунаду мухолифони мисли Алексей Навалнийро ба зиндон андохтааст.

Як сухангӯи Байден гуфт, ки Кохи Сафед “на дар андешаи азсаргирии робитаҳо ва на дар фикри шиддат бахшидани онҳо мебошад”. Айни замон, Байден дар қиёс бо президенти пешин Доналд Трамп аз мавзеъгирии шадидтар кор мегирад. Аз замони сари кор омаданаш то кунун Байден аллакай ба Русия ду дафъа таҳрими иқтисодӣ ҷорӣ кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ розӣ шуд, ки созишномаи боздорандаи силоҳ бо ИМА тамдид шавад ва ҳам барои бунёди лӯлаи гази “Северный поток-2” монеъ нашуд.

Барои Путин ин мулоқот аз қабили гуфтугӯҳо бо “қудратҳои ҷаҳонӣ” буда, давраҳои шӯравиро ба ёд меорад, ки раҳбари СССР бо раҳбари ИМА ба мулоқоте мерафт, ки аҳамияти ҷаҳонӣ касб мекард.

Дар миёни масоили мавриди баррасӣ назорати силоҳ, ҳамлаҳои рахнагарон, ҷосусӣ, тағйироти иқлим ва муқобила бо COVID-19 мебошад.

Даромади "Кумтор Голд Компани" дар як моҳ ба бештар аз $40 млн расид

KYRGYZSTAN -- A general view of the Kumtor mine in Kyrgyzstan, June 15, 2011.

Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон рӯзи 15-уми июн ба кони тиллои "Қумтор" рафт ва бо фаъолияти ширкат, баъди ҷорӣ кардани мудирияти муваққат, шинос шуд.

Масъулони ширкат гуфтанд, ки фаъолият дар кон бе таваққуф идома дошта, коргарон сари вақт маош дарёфт мекунанд ва пардохтҳои ҳатмии давлатӣ ва андоз сари вақт ба буҷаи кишвар ворид мешавда.

"Дар камтар аз як моҳи фаъолияти мудирияти берунӣ ширкати "Кумтор Голд Компани" дар ҳаҷми 40 млн доллар тило фурӯхтааст", - хабар доданд аз маркази матбуотии президенти Қирғизистон.

Содир Ҷабборов дар суҳбат бо коргарони кон гуфт, ки аз ҳисоби даромади ширкати "Кумтор Голд Компани" бунёди рушди вилояти Норин таъсис дода хоҳад шуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17 май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

Кони тилои Қумторро дар Қирғизистон ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекунад. Ин ширкат аз тасмимҳои охир дар Қирғизистон нигарон аст. Ширкат гуфт, ба додгоҳи ҳакамии байналхалқӣ шикоят хоҳад бурд.

Қумтор калонтарин кони тилои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Қирғизистон дар ин кон 26 дарсад саҳм дорад.

Додгоҳи Қазоқистон хост, филми "фасодкории муовини раиси ҳизби ҳоким" пок шавад

Ҷонболат Мамай. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳе дар шаҳри Алмато даъвои ҳимоят аз шаъну шараф ва эътибори кории муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан" Баурҷон Байбек алайҳи фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай ва ҳамсараш Инга Имонбойро қонеъ кард.

Дар қарори додгоҳ омадааст, филми фаъоли маданӣ, ки дар он Байбек ба фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мешавад, воқеият надорад ва шаъну шарафи ӯро паст хоҳад зад. Додгоҳ Мамайро вазифадор кардааст, ки филмро пок кунад.

Ҳамсари фаъоли маданӣ Инга Имонбой гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Додгоҳ ҳамчунин матолиби Имонбой дар бораи фасодкории Байбекро беасос хондааст. Ҳамсари фаъоли маданӣ ба нашри раддия муваззаф шудааст.

Ҳамакнун Мамай ва ҳамсараш бояд 438 201- тангаӣ ($1025) харҷи додгоҳӣ ва наздики 75 000 танга ($175) ҳаққи ташхиси равоншиносӣ-забониро супоранд.

Мамай моҳи апрели соли равон дар саҳифаи худ дар "Ютуб" видеоеро нашр ва Баурҷон Байбекро ба фасодкорӣ айбдор карда буд.

Дар Узбекистон тартиби дарёфти шаҳрвандиро осонтар карданд

Узбекистон тартиби дарёфти шаҳрвандиро осон кард.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев қонун дар бораи осонтар кардани дарёфти шаҳрвандии ин кишварро имзо кард.

Тағйироти нав ба афроди бешаҳрвандӣ рабт дорад, ки дар сурате агар то 1 январи соли 2005 дар ҷойи зисти муайяне ба қайд гирифта шуда ва давоми 15 сол дар Узбекистон истиқомат доштаанд, метавонанд, шаҳрвандӣ дарёфт кунанд.

Ҳамчунин, бар асоси тағйироти нав, кӯдаконе, ки ё падар ва ё модарашон шаҳрванди Узбекистон ҳастанд, метавонанд, шаҳрвандӣ дарёфт кунанд.

Баъди қувваи қонунӣ пайдо кардани қонуни нав мумкин аст, наздики 20 ҳазор кас шаҳрвандии Узбекистонро дарёфт кунанд.

Тими миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи баъдии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ наёфт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба марҳилаи баъдии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 роҳ наёфт. Шоми 15-уми июн баъди натиҷагирии марҳилаи дуюми интихобии Қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар минтақаи Осиё маълум шуд, тими миллии Тоҷикистон наметавонад ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёбад.

Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии "Қаҳрамонии ҷаҳон-2022" дар Осиё, аз ҳашт гуруҳ дастаҳои ҷойи аввал ва чор дастаи беҳтарини ҷойи дуввум ба марҳилаи севвуми интихобии "Қаҳрамони ҷаҳон" ва "Қаҳрамонии Осиё" роҳхат гирифтанд. Инҳо мунтахабҳои Сурия, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Кореяи Ҷанубӣ, Уммон, Ироқ, Ветнам, Чин ва Лубнон ҳастанд.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳам баробар ба тими миллии Лубнон хол гирифт, вале голҳои задаи футболбозони тоҷик назар ба дастаи Лубнон чаҳор адад кам буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи "F" бо дастаҳои Ҷопон, Қирғизистон, Муғулистон ва Мянмар рақобат карда, дар ҳашт бозӣ 13 имтиёз ба даст овард. Тими миллии кишвар дастаи миллии Қирғизистонро ду дафъа шикаст дод, аз тими миллии Муғулистон чор хол ситонид, бо дастаи Мянмар як бохт ва як ғалаба ба даст овард. Дар ду бозӣ бо тими Ҷопон бохт.

Зарари сел дар Кӯлобро 46 млн сомонӣ ҳисоб карданд

Сел дар шаҳри Кӯлоб. 11 май, 2021.

Мақомоти тоҷик пас аз як моҳи селхезиҳо дар шаҳри Кӯлоб, маблағи умумии зарар аз ин офати табииро эълон карданд. Селу боронгариҳои рӯзи 11-уми май ба шаҳри Кӯлоб харобӣ овард ва тибқи ҳисобҳои мақомот, 3 нафар ба ҳалокат расиданд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми умумии зарари селхезӣ дар шаҳри Кӯлобро 46 миллион сомонӣ (муодили 4 миллион доллар), эълон кард. Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳодиса 43 хона пурра ва 102 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.

Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки дар селхезии Кӯлоб 4 мактабу боғча, 6 километр роҳ, 10 пул, наздик ба 25 километр хатҳои интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор ва 500 метор қубурҳои обгузар, осеб дидаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, бар асари ин ҳодиса дар деҳоти атрофи шаҳр ҳазорҳо чорвои сокинон талаф ёфта, 136 гектар майдонҳои кишт аз байн рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми июн ба Кӯлоб рафт ва бо сокинони осебида аз ин офати табиӣ мулоқот кард

Мақомот гуфтанд, ки то моҳи август барои ҳама онҳое, ки манзилҳояшон пурра тахриб шудаанд, хонаҳои нав месозанд. Бархе аз сокинони офатзада дар рӯзҳои гузашта шикоят доштанд, ки бо гузашти ду ҳафта, ҳеч кӯмаки сохтмонӣ нагирифтанд, то манзилҳояшонро дубора бозсозӣ кунанд. Ин сокинон ҳамчунин гуфтанд, ки дар тақсимоти кумак ва имдод барои бозсозии хонаҳояшон беадолатӣ дида мешавад.

Аммо мақомот мегӯянд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса, ҳукумат ба кӯмаки зарардидагон шитофт ва ба ҳамаи хонаводаҳои осебдида (1725 оила) кӯмакҳои моддӣ, аз ҷумла маводи ғизоӣ, ҷиҳози хона, сару либос, масолеҳи сохтмонӣ ва сӯзишворӣ расонд.

Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, офати табиии рӯзи 11-уми май дар умум ба 15 шаҳру ноҳияи кишвар зарар расонда, дар чаҳор шаҳру ноҳия боис ба марги 9 нафар шуд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, фалокати табиӣ асосан ба минтақаҳои Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ осеб расонд.

Бонки ҷаҳонӣ номи Туркманистонро аз гузориши солонааш "хат зад"

Ишқобод, Туркманистон.

Бонки ҷаҳонӣ ба далели мавҷуд набудани омори муътамад номи Туркманистонро аз гузориши "Дурнамои иқтисоди ҷаҳонӣ"-и худ хат задааст.

"Бонки ҷаҳонӣ ба иллати дастрас набудани иттилои дақиқ дар ҳоли ҳозир маълумоти иқтисодӣ, маълумот дар бораи даромад ва рушди Туркманистонро нашр намекунад", - омадааст дар гузориши бонк.

Сандуқи байналмилалии пул ҳам моҳи апрели имсол аз шомил кардани маълумоти расмии Туркманистон ба гузориши "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" барои соли 2020 худдорӣ кард. Ин ниҳод рушди Маҷмуи маҳсулоти дохилии Туркманистонро 0,8 дарсад арзёбӣ кард. Дар ҳоле ки мақомоти туркман онро 5,9 дарсад гуфтанд.

Профессор Донишгоҳи Глазго, коршинос дар масоили Осиёи Марказӣ Лука Анческӣ мегӯяд, Сандуқи байналмилалии пул, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигар дар гузоришҳои худ ба маълумоти пешниҳодии ҳукумати Туркманистон такя мекунанд, ки вазъи воқеии он кишварро бозгӯ намекунад.

Дар таркиши Новосибирск се шаҳрванди Қирғизистон осеб дидааст

Новосибирск. 14 июн, 2021.

Дар натиҷаи таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Новосибирски Русия дасти кам се қирғизистонӣ осеб дидааст.

Дар ин бора Сафорати қирғизистон дар Русия хабар додааст. Тавре муайян карда шудааст, дар натиҷаи таркиш қаҳвахонае осеб дида, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба иҷора гирифта буданд.

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба Хадамоти ҳолатҳои изтирории шаҳр иттилоъ дода, ки таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рӯзи душанбе рух дода, дар он дар маҷмӯъ 35 кас осеб дидааст.

Ба иттилои "Интерфакс", таркиш дар натиҷаи риоя нагаштани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ кардани газ ба амал омада, масоҳати сӯхтор ҳудуди 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ин сӯхтор чандин мошини сабукраву боркаше, ки дар наздикии нуқтаи фурӯш қарор доштанд, оташ гирифтаанд.

Дар мавзеи баҳсии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон сохтмони девор қатъ шуд

Марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ аз сохтани як девор дар мавзеи баҳсӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Сохтмони ин девор, ба гуфтаи мақомоти тоҷик, аз ҷониби як сокини маҳалаи "Учтеппа"-и деҳаи Оқсой ду рӯз пеш оғоз шуд, вале дар машварат бо ҷониби Қирғизистон қатъ шуд. Мақомоти қирғиз ҳанӯз дар ин бора назар надодаанд.

Навори оғози сохтмони ин девор рӯзи 14-уми июн дар Инстаграм нашр шуд ва норизоии сокинони деҳаи Хоҷаи Аълоро ба бор овард. Сокинон ва мақомоти тоҷик маҳали сохтмони деворро баҳсӣ медонанд.

Абдухалил Шарифов, раиси собиқи маҳаллаи Хоҷаи Аъло рузи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинони деҳа шоми дирӯз ҷамъ шуда, бо соҳиби ин манзил суҳбат карданд ва ӯ аз идомаи деворсозӣ даст кашид.

“Суҳбати мо бо соҳиби хона дар рӯҳияи ҳамсоядорӣ буд ва мо якдигарро хуб фаҳмидем.”,--гуфт Шарифов.

Сокинони Хоҷаи Аъло мегӯянд, аз миёни деҳаи онҳо ва Оқсой канали "Масчоҳӣ" мегузарад ва ҳанӯз хатти байни ин ду мавзеъ ташхису аломатгузрӣ нашудааст. Аз ин рӯ, бар асоси созишномаҳо, на аз ҷониби ҳамсоя ва на аз ин тараф, ҳеҷ сохтмон иҷоза нест.

Як намояндаи ҳукумати шаҳри Исфара рузи 15-уми июн гуфт, баъди шикояти сокинон аз сохтмони девор дар рӯ ба рӯи маҳаллаи Имом Аъзами деҳаи Хоҷаи Аъло бо масъулони деҳаи Оқсой суҳбат шуд ва онҳо розӣ шуданд, ки дигар сохтмони девор идома наёбад.

Ин манбаъ гуфт, дарозии пойдевор ҳудуди 30 метр аст ва бо семент дуруст шудааст. Ӯ афзуд, ки ҳоло аз идомаи сохтани он ҷилавгирӣ шуд ва талош аст, ки аслан дар ин мавзеъ девор сохта нашавад. То ҳол дар ин мавзеъ девор нест ва фақат як канал ду деҳаро ҷудо мекунад.

Рӯзи 28-29-уми апрели имсол баҳси сокинони ду ҷонибд дар марз ба муноқишаи мусаллаҳона печид. Аз ду ҷониб беш аз 50 нафар кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷрӯҳ шуданд. Даҳҳо хона аз ду тараф осеб дид.

Мақомоти ду кишвар ҳамдигарро дар оғози муноқиша айбдор карданд.

Истеъфои манcабдори узбек баъди видеои "пулчаспонӣ" ба раққоса

Муовини раиси ноҳияи Сирдарёи Узбекистон оид ба рушди саноат ва сохтмон Нуралӣ Мирзоев рӯзи 14-уми июн "бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо додааст".

Дар ин бора нашрияи "Хабарҳои Сирдарё" бо истинод ба хадамоти матбуотии маъмурияти Сирдарё иттилоъ додааст.

Ҳамчунин сардори шуъбаи ободонии ноҳия Нозир Муродов низ аз мақомаш канор рафтааст.

Чанде пеш дар Интернет видеое нашр шуд, ки "пулдиҳӣ"-и мансабдорони маъмурияти ноҳиявӣ ва раҳбарони корхонаҳои давлатии Сирдарёро ба раққосаи нимурён нишон медиҳад.

Ба огаҳии маъмурияти Сирдарё, ҳодиса моҳи октябри соли гузашта дар тарабхонаи "Евро Азия" рух додааст.

Дар миёни мансабдорон, муовини раиси ноҳия (он замон ёвари раис), сардори шуъбаи ободонӣ, мутахассиси пешбари Нозироти ҳифзи муҳити зисти ноҳия низ ҳастанд.

"Он шаб мансабдорони мазкур дар тарабхона нишаста буданд ва ногаҳ духтаре, ки дар тарабхона хидмат мерасонд, ба назди онҳо медарояд. Ин амали ӯ ба мансабдорон писанд намеояд ва ба вай пул дода, хоҳиш мекунанд, ки утоқро тарк кунад", - гуфтанд дар маъмурияти Сирдарё.

Наворро яке аз мансабдорон сабт кардааст.

Таҷаммуи фаъолони қазоқ дар рӯзи сафари фиристодаи Амрико

Гуруҳе аз фаъолони мадании Қазоқистон рӯзи 14-уми июн дар назди бинои сафорати ИМА дар он кишвар ҷамъ шуда, Вашингтонро ба ҳимояти онҳое даъват карданд, ки ба "иштирок дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ" айбдор мешаванд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар рӯзи вохӯрии фиристодаи махсуси Амрико Залмай Халилзод бо раҳбарияти Қазоқистон баргузор шуд.

Ҳамчунин ба таҷаммуи сокинон талаби додситон сабаб шуд, ки рӯзи душанбе хост, фаъоли маданӣ Аскар Каирбек 1,5 сол аз озодӣ маҳрум шавад. Каирбек ба иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои мамнуи "Интихоби демократии Қазоқистон" ва "Көше партиясӣ" гумонбар аст.

Ба ҷуз Каирбек, даҳҳо фаъоли мадании дигар дар саросари Қазоқистон ба иштирок дар фаъолияти ҳаракатҳои мамнуъ гумонбар мешаванд.

Нурсултон ин ду ҳаракати мухолифро "экстремистӣ" эълом кардааст. Дар ҳоле ки онҳо дар қатъномаи Порлумони Аврупо "созмонҳои осоишта" номида шудаанд.

Дар таркиши Новосибирск се шаҳрванди Қирғизистон осеб дидааст

Дар натиҷаи таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Новосибирски Русия дасти кам се қирғизистонӣ осеб дидааст.

Дар ин бора Сафорати Қирғизистон дар Русия хабар додааст. Тавре муайян карда шудааст, дар натиҷаи таркиш қаҳвахонае осеб дидааст, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба иҷора гирифта буданд.

Хабаргузории русии ТАСС бо истинод ба хадамоти ҳолатҳои изтирории шаҳр иттилоъ дода, ки таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ рӯзи душанбеи 14-уми июн рух дода, дар он ҷамъан 35 кас осеб дидааст.

Ба иттилои "Интерфакс", таркиш дар натиҷаи риоя нагаштани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми холӣ кардани газ ба амал омада, масоҳати сӯхтор ҳудуди 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ин сӯхтор чандин мошини сабукраву боркаше, ки дар наздикии нуқтаи фурӯш қарор доштанд, оташ гирифтаанд.

Посухи Додгоҳи байналмилалӣ ба муроҷиати фаъолони қирғиз дар бораи марз

Kyrgyzstan - Batken - Aksai - Dostuk kyrgyz-tajik border

Дафтари додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хабар додааст, ки муроҷиати гуруҳе аз фаъолони Қирғизистонро роҷеъ ба низои мусаллаҳонаи ахир дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дарёфт карда, ба қайд гирифтааст.

Сания Токтогазиева, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқ дар Қирғизистон иттилоъ дод, ки посухи додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро рӯзи 14-уми июн дарёфт карданд.

Як гурӯҳ аз фаъолони мадании Қирғизистон рӯзи 6-уми июн ба додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиат карда, хостаанд, ба зидди раҳбарияти Тоҷикистон бо гумони, ба иддаои онҳо, "ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон" тафтишот оғоз карда шавад.

Токтогазиева он замон гуфта буд: "Бо истифода аз ҳуқуқе, ки банди 5-и Асосномаи Рум пешбинӣ мекунад, аз номи қурбониёну ҷомеаи маданӣ ба унвони додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ муроҷиатнома фиристодам. Дархост кардам, ки ба зидди сарфармондеҳ ва низомиёни Тоҷикистон бар асоси банди 53-и Асосномаи Рум бо гумони содир кардани ҷинояти ҳарбӣ алайҳи сокинони осоиштаи Қирғизистон тафтишот оғоз карда шавад."

Ба гуфтаи вай, зери ин муроҷиатнома як қатор ҳомиёни ҳуқуқ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон имзо гузоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон ба таври ҷудогона ба зидди саркардагони низои мусаллаҳона дар марз парванда кушода, ба таҳқиқи худ идома медиҳанд. Бо вуҷуди он ки ду тараф якдигарро ба шурӯи даргирии хунин масъул медонанд, ҳанӯз хулосаи ниҳоии худро эълон накардаанд.

Рӯзҳои 28 ва 29-уми апрел дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низоъ сар зад. Дар ин муноқиша дар марзи вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон аз ду тараф беш аз 50 кас кушта ва зиёда аз 200 нафар маҷруҳ шуданд.

Дар маъракаи зидди фалаҷи атфол панҷ корманди тибби Афғонистон кушта шуд

Кобул. Корманди тиб баъди анҷоми эмкунӣ дар рӯи девори як хонае дар Кобул ишорае мегузорад, ки ин ҷо кӯдакон зидди фалаҷ воксина гирифтаанд

Рӯзи 15 июн дар шарқи Афғонистон чанд тими кормандони тиббӣ, ки бо эмкунии кӯдакон алайҳи фалаҷи атфол машғул буданд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа, дастикам 5 корманди тиббӣ кушта шуд. Дар се моҳи охир ин дуюмин чунин ҳамлаи маргбор будааст. Атоулло Хоқиёнӣ, сухангӯи волии Нангарҳор ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба иловаи панҷ кушташуда чор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Фарид Хон, сухангӯи полиси вилоят гуфт, ки кормандони тиб дар се минтақаи мухталифи вилояти Нангарҳор ба гуфтааш, дар як ҳамлаи ҳамоҳангшуда дар давоми ду соат ба қатл расиданд. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст, вале дар ин минтақа ҳам гурӯҳи «Далвати исломӣ» ва ҳам Толибон ҳузур доранд.

Афғонистон, ки кишвари дорои фалаҷи атфол ба шумор меравад, бо ёрии UNICEF ният дорад, ки имсол 9,6 миллион кӯдакро бар зидди ин беморӣ эм кунад. Соли 2020 дар Афғонистон 54 ҳодисаи нави олудашавӣ ба полиомиелит ба қайд гирифта шуд. Афғонистон ва Покистон танҳо кишварҳое мебошанд, ки ин ҷо фалаҷи атфол решакан нашудааст.

Санаи мурофиаи додгоҳии Сергей Тихановский маълум шуд

24 маи соли 2020, Сергей Тихановский

Додгоҳе дар Беларус рӯзи 24 июн мурофиаи додгоҳии видео-блоггер Сергей Тихановскийро шурӯъ мекунад, ки баъди изҳори омодагиаш барои ширкат дар интихоботи президентии соли 2020 ва ба чолиш кашидани раҳбари худкома Александр Лукашенка боздошт шуд. Дар баробари Тихановский чандин намояндаи дигари мухолифон ҳам дар мурофиа ҳозир мешаванд. Мурофиа дар дохили боздоштгоҳи шаҳри ҷанубушарқии Ҳомел баргузор мешавад. Дар миёни онҳо: Михаил Статкевич, Игор Лосик, Владимир Тиханович, Артём Саков ва Дмитрий Папов мебошанд. Дар бораи санаи расмии шурӯи мурофиа наздикону дӯстони Тихановский огоҳонида шуданд.

Тихановскийро дар ташкили беназмиҳои ҷамъиятӣ, эҷоди нафрати иҷтимоӣ, монеъ шудан ба кори Комиссиюни марказии интихоботҳо ва ташкили фаъолиятҳое, ки интизоми ҷамъиятиро ба ҳам мезанад гунаҳгор мешавад. Ҳамаи ин иттиҳомот то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Тихановский муаллифи шабакае бо номи “Кишвар барои зиндагӣ” дар YouTube буд ва барои ширкат дар интихоботи президентӣ изҳори омодагӣ кард. Тавассути ҳамин шабакааш ӯ режими Лукашенкоро интиқод мекард ва моҳи марти соли 2020 вақте номзадиаш барои сабтином рад шуд, боздошт гардид. Аз ҳамон замон то кунун ӯ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст.

Додгоҳ даъвои муовини раиси ҳокими "Нур отан"-ро қонеъ кард

Додгоҳе дар шаҳри Алмато даъвои Баурҷон Байбек, муовини аввали раиси Ҳизби ҳокими "Нур Отан" алайҳи фаъоли маданӣ Ҷонболат Мамай ва ҳамсараш Инга Имонбойро қонеъ кард. Муовини раиси ҳизби ҳоким "барои ҳимоят аз шаъну шараф ва эътибори корӣ" ба додгоҳ шикоят бурда буд.

Дар қарори додгоҳ омадааст, филми фаъоли маданӣ, ки дар он Баурҷон Байбек ба фасодкорӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон айбдор мешавад, воқеият надорад ва шаъну шарафи ӯро паст хоҳад зад. Додгоҳ Мамайро вазифадор кардааст, ки филмро пок кунад.

Ҳамсари фаъоли маданӣ Инга Имонбой гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд бурд. Додгоҳ ҳамчунин матолиби Имонбой дар бораи фасодкории Байбекро беасос хондааст. Ҳамсари фаъоли маданӣ ба нашри раддия муваззаф шудааст.

Ҳамакнун Мамай ва ҳамсараш бояд 438 201- тангаӣ ($1025) харҷи додгоҳӣ ва наздики 75 000 танга ($175) ҳаққи ташхиси равоншиносӣ-забониро супоранд.

Мамай моҳи апрели соли равон дар саҳифаи худ дар Ютуб видеоеро нашр ва Баурҷон Байбекро ба фасодкорӣ айбдор карда буд.

Дипломати амрикоӣ гуфт, ИМА Афғонистонро бо шеваи "қавӣ ва ҷиддӣ" пуштибонӣ мекунад

Росс Уилсон, кордори сафорати ИМА дар Кобул

Як дипломати калони амрикоӣ дар Кобул гуфт, ки баъди тарки кишвари ҷангзадани Афғонистон кардани нирӯҳо ҳам ИМА ироаи кӯмакҳои “қавӣ ва ҷиддӣ” ба ин кишварро идома медиҳад. Росс Уилсон, кордори сафорати ИМА дар Кобул рӯзи 14 июн дар як сӯҳбат бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки “меҳвари сиёсати ИМА дар Афғонистон” ин аст, ки ИМА тамоми кори имконбахшро ба хотири беҳбуди вазъи ҳукумати аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳимоятшудаи Афғонистон равона кунад. Уилсон гуфт, ин ба он маъност, ки “аз роҳи қавӣ ва ҷиддӣ” ироаи кӯмакҳои амниятӣ ва ҳам “ёриҳои иқтисодию башарӣ” идома меёбад. Дар ҳоле, ки дар Афғонистон аз 1-уми май хуруҷи нирӯҳои байналмилалӣ ҷараён дорад, Толибон чанд ноҳияи стратегӣ дар наздикиҳои Кобулро ишғол карданд. Ин гурӯҳи шӯришӣ инчунин маконҳои низомии ҳукумати Афғонистон ва ҳам чандин минтақаву шаҳрҳоро дар саросари кишвар забт кардааст. Ин ҳама таҳаввулот нигарониҳое ба вуҷуд овардааст, ки эҳтимолан Толибон дар ниҳоят ҳукумати аз ҷониби Ғарб ҳимоятшавандаи Афғонистонро сарнагун мекунад. ИМА ваъда додааст, ки маблағгузории артиши 237 ҳазорнафарии Афғонистон ва полиси милллии ин кишварро идома медиҳад.

Мухолифон: Пратасевичро ҳамчун “нишони пирӯзӣ” ба намоиш гузоштанд

Раман Пратасевичро барои ширкат дар нишасти матбуотие оварданд, ки он ҷо аз ҷузъиёти фуруд овардани ҳавопаймои ширкати Ryanair дар Минск сӯҳбат шуд

Мақомот дар Беларус рӯзи 14 июн дар як ҳамоиши журналистон дар Минск блоггери ҳабсшуда Раман Пратасевичро ба назди ширкатдорон оварда, мисли як “нишони пирӯзӣ” ба намоиш гузоштанд. Пратасевич рӯзи 23-юми май аз ҳавопаймои тиҷоратии ширкати Ryanair, ки аз хаттсайти Атен ба Вилнюс маҷбуран фуруд оварда шуд, боздошт гардид. Ин кори мақомоти беларусӣ маҳкумияти ғарбу Аврупоро ба бор овард ва ҳам боиси ҷорӣ кардани таҳримҳои нав шуд. Пратасевич ҳамроҳ бо чор мақоми дигар, ки ду нафарашон бо либоси низомӣ буданд, дар минбар нишаст. Мухолифон ин саҳнаро ҳамчун “рӯҳшикан” маҳкум карданд. Франак Вечёрка, ки мушовири раҳбари мухолифони Беларус Светлана Тихановская аст, гуфт, “ҳеҷ муҳим нест, ки ӯ чӣ гуфт: фаромӯш накунед: ӯ як гаравгон аст. Режим ӯро ба ҳайси нишони пирӯзӣ истифода мекунад”.

Лаҳзаҳое, ки Пратасевич - як боздоштшудаи КГБ, ба сӯҳбат кардан пардохт, чандин дипломат ва журналистон толорро тарк карданд. Ҷона Фишер, гузоришгари BBC дар саҳифааш дар Твиттер навишт: “Мо берун рафтем. Вақте ӯ он ҷо таҳти фишор қарор дорад, дар ҷаласа иштирок накардем”. Пратасевичи 26-сола ҳамроҳ бо дӯстдухтараш София Сапега, як шаҳрванди Русия аз дохили ҳавопаймо боздошт шуданд.

СҶТ аз коҳиши чандҳафтаинаи COVID-19 дар ҷаҳон истиқбол кард

Дабири кулли СҶТ Тедрос Аданом Гебреусес

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) коҳиши ҳодисаҳои олудашавӣ ба коронавирус дар саросари ҷаҳонро истиқбол карда, айни замон ҳушдор додааст, ки ҳамоно ҳар рӯз беш аз 10 ҳазор нафар аз COVID-19 ҷон медиҳанд. Дабири кулли СҶТ Тедрос Аданом Гебреусес рӯзи 14 июн гуфт, ки аз замони шурӯи пандемия коҳиши мазкур тӯлонитарин будааст. Ӯ гуфт, ки дастрасии нобаробар ба воксинаҳои зидди коронавирус пешрафт дар ин соҳаро дучори мушкил мекунад. Тедрос дар нишасти хабарии рӯзи 14 июн аз раҳбарони сиёсӣ даъват кард, ки ӯҳдадории худ барои таъмини кишварҳои ҷаҳон бо дастикам 70 дарсади воксинаи заруриро ба субут расонанд.

Мушовири Кремлин дар бораи мулоқоти Путину Байден "умедвории созанда" баён кард

Юрий Ушаков ёвари умури хориҷии президент Владимир Путин. Акс аз соли 2019

Як мақоми Кремлин гуфт, эҳтимол аст, ки мулоқоти миёни президентони ИМА ва Русия - Ҷо Байден ва Владимир Путин дар таърихи 16-уми июн бо созишҳои мушаххасе ба анҷом расад, вале ба ҳар сурат, муфид хоҳад буд. Дар ҷараёни нишасти матбуотии рӯзи 14-уми июн дар Брюссел вақте аз Байден хостанд, ки дар бораи ҷузъиёти гуфтугӯҳои 16 июн бо Путин сӯҳбат кунад, нахост дар ин бора ва ҳам интизориҳо аз мулоқоти дарпешистода ҳарфе гӯяд. Ӯ ишора кард, ки масоили мавриди созиш бо Путинро арзёбӣ мекунад, вале ҳамзамон ӯро аз рафтори хашин бо ИМА ва муттафиқонаш ҳушдор дод. Мулоқоти фардо нахустин гуфтугӯи рӯбарӯи президент Ҷо Байден бо ҳамтои русаш Владимир Путин мешавад. Бори охир онҳо соли 2011 дар мақоми муовини президенти ИМА ва нахуствазири Русия дидору гуфтугӯ кардаанд.

Ёвари сиёсати хориҷии Путин Юрий Ушаков рӯзи 15 июн дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, ки машваратҳои ниҳоӣ бо мушовири амнияти миллии Кохи Сафед Ҷейк Салливан дирӯз баргузор шуд. Ба қавли Ушаков, дар маркази таваҷҷӯҳи ду раҳбар масъалаҳои суботи ҳастаӣ, тағйироти иқлим, амнияти интернетӣ ва сарнавишти ду шаҳрванди ИМА ва Русия қарор дорад, ки дар зиндонҳои кишварҳои ҳамдигарӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Ушаков гуфт, “мутмаин нестам, ки оё кадом созише ба даст оянд. Ман ба ин мулоқот бо умедвории созанда нигоҳ мекунам”.

Даргузашти шоири шинохта Салимшо Ҳалимшо

Шоири шинохтаи тоҷик Салимшо Ҳалимшо рӯзи 15-уми июн дар сини 85-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ин шоири тоҷик тайи чаҳор соли ахир аз бемории фаромушхотирӣ ранҷ мебурд. Дар Итифоқи Нависандагон гуфтанд, ки тибқи васияти шоир ҷасади ӯ дар канори ҳамсараш дар оромгоҳи "Сариосиё" ба хок супурда мешавад.

Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Салимшо Ҳалимшо аз шоирони тозагӯй дар адабиёти муосир буд.

Ин шоири тоҷик 16-уми феврали соли 1936 дар деҳаи Риваки Шуғнон ба дунё омадаст. Соли 1960 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар рӯзномаҳои "Тоҷикистони советӣ", ҳафтаномаҳои "Адабиёт ва санъат" ва "Пайванд" кор кардааст. Муддате дар мақоми мудири Шӯрои назми Иттифоқи навистандагони Тоҷикистон кор карда буд. Салимшоҳ Ҳалимшоҳ аз соли 1965 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон буд.

"Роҳи қуллаҳо", "Киштии инқилоб", "Оинаи виҷдон", "Бурҷи Инсон", "Ҳафт хони Бадахшон", "Хонаи Офтоб", "Оби шаҳд", "Зодагони ҳафт тӯфон" ва драмаи "Кабутарони сафед" аз ҷумлаи осори ӯ ба шумор мераванд. Намунаҳое аз ашъори Салимшоҳ Ҳалимшоҳ ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудааст ва ӯ намунаҳоеро аз осори адибони ҷаҳон ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

Салимшоҳ Ҳалимшоҳ унвони "Корманди шоистаи Тоҷикистон"-ро дошт ва соли 1997 бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ шуд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG