Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook тамғагузории хабари расонаҳои зери назорати давлатҳоро оғоз кард


Шабакаи иҷтимоии Фейсбук аломатгузории матолиб ва гуруҳи расонаҳоеро оғоз кард, ки аз сӯи давлатҳо назорат мешаванд. Дар иттилоияи ширкат омадааст, ки дертар таблиғоти онҳо низ тамғагузорӣ хоҳад шуд.

Дар ҳоли ҳозир нишонае, ки ишора мекунад, ин расона ба давлат тааллуқ дорад, дар саҳифаҳои телевизиони давлатии русии RT, телевизиони чинии CCTV ва хабаргузории чинии "Синхуа" пайдо шудааст. Ба ҷуз ин, саҳифаи нашрияи расмии Ҳизби коммунистии Чин - "Женмин жибао" низ чунин амломатгузорӣ шудааст.

Барои ин расонаҳо то охири сол, наздиктар то интихоботи президентии ИМА нашри эъломҳо барои корбаронашон аз кишварҳои мазкур манъ хоҳад шуд. Дар ширкати Фейсбук гуфтанд, ки агар расонаҳо бо чунин аломатгузорӣ розӣ набошанд, метавонанд шикоят баранд.

XS
SM
MD
LG