Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон ба ИМА: "Дар сурати таҳдид ба киштиҳои нафткаш, посух хоҳем дод"


Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон
Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон

Эрон ба ИМА ҳушдор дод, ки ғасби киштиҳои ҳомили нафти дар роҳ ба сӯи Венесуэла бе посух нахоҳад монд.

Пештар аз ин як мақоми баландпояи ИМА ба хабаргузориҳо гуфт, Амрико дар робита ба интиқоли нафти Эрон ба Венесуэлаи аз буҳрон зиёндида чораҷӯӣ хоҳад кард.

Дар номаи вазири корҳои хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф унвонии дабири кулли СММ Антонио Гутерриш рӯзи 17-уми май ба ИМА ҳушдор дода шудааст. ИМА ахиран тасмим гирифт, "бо ҳадафи эҷоди монеа ба интиқоли нафти Эрон ба Венесуэла ба баҳри Қариб артиш ирсол кунад".

Вазири хориҷии Эрон дар номааш "дуздии дарёӣ"-и ИМА-ро ғайриқонунӣ, иғвоангезона ва таҳдидҳои хатарнок унвон кард. Зариф гуфт, ин рафторҳо ба минтақа хатар эҷод мекунанд. Вазири корҳои хориҷии Эрон ҳамзамон ёдовар шуд, ҳукумати ИМА масъули ҳама гуна пайомадҳои ғайриқонунӣ хоҳад буд. Вай гуфт, Эрон барои муқобила бо ин хатарҳо ҳақ дорад, чораҷӯӣ кунад.

Аббос Аракчӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Эрон низ сафири Швейтсарияро дар Теҳрон эҳзор ва айни ин ҳушдорҳоро расонидааст. Аббос Аракчӣ ба сафири Швейтсария, ки ҳамзамон манфиатҳои ИМА-ро дар Эрон муаррифӣ мекунад, гуфт, ҳама гуна таҳдиди ИМА нисбати киштиҳои нафткаши Эрон "посухи фавриву қатъӣ" дарёфт хоҳад кард.

Бино бар баҳогузориҳои мухталиф, панҷ киштии эронӣ бо арзиши умумии 45,5 млн доллар ба Венесуэла нафт ҳамл мекунад.

XS
SM
MD
LG