Кишварҳое, ки дар Осиёву Аврупо ва Амрикои Шимолӣ аз бемории ҳамагири COVID-19 сахт осеб дидаанд, талош доранд, ки ҳам маҳдудиятҳои ҷоришударо камтар кунанд ва ҳам аз паҳншавии дубораи вирус пешгирӣ намоянд.
Мақомҳо дар Сеул, пойтахти Куриёи Ҷанубӣ, дар пайи мавридҳои нави сирояти коронавирус рӯзи 9-уми май 2100 майхонаву ҷойҳои дигари таҷаммӯи одамонро бастанд.
Аз мавридҳои нави сироятшавӣ дар Олмон ҳам гузориш дода шуд. Мақомҳои Итолиё аз наздик шудани мардум ба якдигар махсусан бегоҳиҳо иброз нигаронӣ карданд.
Дар Амрико се мақоми ин кишвар, ки талошҳои муқобила бо коронавирусро раҳнамоӣ мекарданд, ба дунболи тамос бо як нафар, ки натиҷаи ташхисаш мусбат шуд, худро ба карантин гирифтанд.
Шумори мубталоёни COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 4 миллион нафар ва талафот ба 279 ҳазор тан расидааст. Беш аз 1 миллону 300 ҳазор кас шифо ёфтаанд.