Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, барои муқобила бо коронавирус ИМА таҳримҳоро бекор кунад


Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ
Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

Эрон бори дигар пешниҳоди ИМА дар заминаи кӯмаки башариро рад кард. Президенти Ҷумҳурии Исломӣ Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, агар Вашингтон дар амри муқобила бо коронавирус мехоҳадк ба Эрон кӯмак кунад, бояд таҳримҳоро бекор кунад. Ӯ гуфт: “Раҳбарони Амрико дурӯғ мегӯянд... Агар онҳо дар фикри кӯмак ба Эрон бошанд, танҳо коре, ки бояд бикунанд, ин бекор кардани таҳримҳо аст... Баъди ин мо бо хуруҷи коронавирус муқовимат карда метавонем”. Рӯҳонӣ ин ҳарфҳоро рӯзи 23 март дар як изҳороти телевизиониаш баён кард.

Дар Ховари Миёна бар асари коронавирус Эрон бештар аз дигарҳо осеб дида, то имрӯз шумори кушташудаҳо дар ин кишвар ба 1700 нафар расида, теъдоди олудашудаҳо аз марзи 21 ҳазор нафар гузаштааст.

Қаблан Вашингтон ба ин душмани деринааш ёрии башарӣ пешниҳод кард. Вале раҳбари олии Эрон Оятулло Алир Хоманеӣ рӯзи 22 март ин пешниҳодро рад кард. Таниш дар миёни ИМА ва Эрон аз баҳори соли 2018 аз замони аз созиши соли 2015-и ҳастаӣ бо Эрон хориҷ шудани ИМА дар авҷ аст.

XS
SM
MD
LG