Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 22 март шаҳри Алмато "комилан" баста мешавад


Шаҳри Алмато, Қазоқистон.
Шаҳри Алмато, Қазоқистон.

Мақомоти шаҳри Алматои Қазоқистон ба ҳамаи хоҳишмандон 72 соат муҳлат доданд, ки шаҳрро тарк кунанд ё аз берун ба он баргарданд.

"Сар аз соати 00:00 дақиқаи рӯзи 22-юми март Алмато равуои ҳавоӣ ва роҳи оҳанро комилан қатъ мекунад",-гуфт муовини ҳокими шаҳр Ерлан Кожагапанов.

"Айни ҳол маҳдудшавии парвозҳои байналхалқӣ дар назар нест. "Аммо дар оянда парвозҳои байналхалқиро ҳам маҳдуд мекунем. Бо ширкатҳои ҳавопаймоӣ гуфтугӯ идома дорад", - афзуд Кожагапанов.

Дар шаҳрҳои Алмато ва Нурсултони Қазоқистон аз имшаб карантин ҷорӣ шуд. Гардиши нақлиёт ва одамон дар дохили шаҳр маҳдуд намешавад. Нақлиёти ҷамъиятӣ дар гардиш аст. Аммо фаъолияти марказҳои тиҷориву дилхушӣ, бозорҳои масолеҳи сохтмониву молу матоъ қатъ мешавад. Нуқтаҳои ғизои умумӣ ва тарабхонаҳо метавонанд, ғизоро ба манзили сокинон расонанд.

Мақомоти Алмато ба сокинон тавсия доданд, ки "аз манзил берун нараванд". Бино ба иттилои охир, дар Қазоқистон 36 ҳолати гирифторӣ ба вируси корона - 18 ҳолат дар Алмато ва 18 ҳолат дар Нурсултон сабт шудааст.

Мақомоти Қазоқистон аз 16-уми март то 15-уми апрел, бо ҳадафи пешигирӣ аз паҳншавии вируси корона, дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ эълом карданд.

XS
SM
MD
LG