Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат комиссия ташкил кард, ҷанҷол дар чарогоҳҳо аз байн меравад?


Чарогоҳе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ. Акс аз бойгонӣ
Чарогоҳе дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ. Акс аз бойгонӣ

Бо шиддат гирифтани даъвову баҳс сари чарогоҳҳо ва афзудани норозигии мардуми деҳаҳо, мақомоти Тоҷикистон як комиссия барои ҳалли ин мушкил таъсис додаанд. Комиссияи ба танзим овардани чарогоҳҳо бояд коре кунад, ки байни мардуми деҳот ва моликони чарогоҳҳо ҷанҷолу кашмакаш сар назанад.

Ташкили ин комиссия дар ҳолест, ки сокинони рустоҳои дурдаст ва доманакӯҳ шикоят мекунанд, ки ба онҳо иҷоза намедиҳанд, чорвояшонро дар чарогоҳҳои мутааллиқ ба афроди алоҳида бичаронанд. Раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мегӯянд, барои ҳар гектар замине, ки мутааллиқи онҳост, андоз месупоранд ва бино бар ин ҳақ доранд чорвои афроди дигарро ба ҳудуди заминҳояшон роҳ надиҳанд.

Гову гӯсфанду дигар чорвои хонагӣ як сарвати асосии мардуми камбизоат ва ё миёнаҳоли деҳот дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Сиҷовуддин Исроилов, масъули "Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" рӯзи 10-уми март гуфт, ҳадаф аз таъсиси комиссия тақсими одилонаи заминҳои чарогоҳ аст. Ба қавли ӯ, дар ҳамаи ноҳияҳо комиссияҳои алоҳида амал мекунад ва "тамоми ҷанҷолҳо ва камбудҳоро атрофи тақсиму истифодаи заминҳои чарогоҳ баррасӣ мекунад".

Мусоҳиби мо гуфт, ҳолатҳои роҳ надодани чорвои сокинон ба заминҳои марбут ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вуҷуд дорад ва умедворанд фаъолияти комиссия ба ҳар гуна баҳсҳо оид ба тақсиму истифодаи чарогоҳҳо нуқта гузорад.

Баҳсу ҷанҷолҳо одатан бо омадани фасли баҳор, ки сокинон чорвои худро ба кӯҳсор мебаранд, авҷ мегирад ва ба ҷангу занозанӣ ҳам кашидааст. Мирзо, аз чорводороне аст, ки мегӯяд, дар маҳалли зисташ - деҳаи Чаҳордараи ноҳияи Ҳамадонӣ сокинон барои пайдо намудани чарогоҳ мушкил доранд.

"Ин ҷо беш аз 5 ҳазор гектар чарогоҳ аст, дар гузашта ягон хел маҳдудият набуд, ҳоло ду нафари пулдор чарогоҳҳоро гирифта, як нафараш умуман роҳ намедиҳад, дигараш гоҳ-гоҳе ба ивази се ҳазор сомонӣ барои як сол иҷоза медиҳад, ки чорворо вориди чарогоҳаш кунем".

Айни мушкилро сокинони деҳаи Шерхонӣ дар ноҳияи Ҳисор низ доштаанд. Яке аз сокинони деҳа рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, молики теппаҳои болои деҳа, ки чарогоҳи бепули мардум буд, ҳоло аз сокинон 4 ҳазор сомонӣ пул мегирад. Ӯ афзуд, "мардум ба дод омадааст, намедонад, чӣ кор кунад. Соли гузашта ду нозири милиса омада, гови мардумро маҳкам карда, пул талаб карданд. Вай заминро харидааст, бояд пулашро диҳӣ. 300 гектар аст. Маҷлис буд, соҳиби чарогоҳ омад дар масҷид мегӯяд, говат начарад, харат начарад, ҳамаи мардумро ба ғазаб овардааст".

Маликшоҳ Ашӯров, раиси хоҷагии деҳқонии "Даврон"-и ноҳияи Файзобод мегӯяд, сокинони маҳалла қабл аз даровардани чорвояшон ба ҳудуди заминҳои ин хоҷагӣ, бояд аз онҳо иҷоза гиранд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҷагии деҳқонии "Даврон" аз 90 гектар замин иборат буда, барои ин заминҳо андоз месупоранд, бино бар ин сокинони маҳалла ҳаққи бе иҷоза чаронидани чорвои худро дар ҳудуди хоҷагӣ надоранд.

Дар баробари зери назорати хоҷагидорон мондани заминҳои чарогоҳҳо, солҳои ахир бархе аз коршиносон аз афзоиши чорво ва дар ин баробар аз табоҳшавии чарогоҳу маҳви рустаниҳои зиёд дар онҳо изҳори нигаронӣ мекунанд.

Сиҷовуддин Исроилов, масъули Маркази идораи лоиҳаи рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо моҳи гузашта зимни нишасти хабарӣ гуфта буд, "воқеан ҳам норасоии чарогоҳ ба назар мерасад ва дар ҳама минтақаҳо саршумори чорво нисбат ба майдонҳои чарогоҳ зиёд аст".

Ӯ гуфт, дар кишвар 3,8 миллион гектар чарогоҳ аст, ки аз ин танҳо 2,8 миллионаш мавриди истифода қарор дорад. "Боқимонда бо сабабҳои гуногун мавриди истифода қарор намегиранд, масалан, роҳгузар, пулҳои роҳгузар нест, чарогоҳҳо дар мавзеҳое ҷойгир аст, ки он ҷойҳо имкони бурдани чорво нест", -- шарҳ дод ӯ.

Бино ба омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 2 миллиону 358 ҳазор чорвои калон ва беш аз 5 миллион чорвои хурд вуҷуд дорад. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳот ва манбаи даромади хонаводаҳои зиёде аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG