Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон пеш барои об занозанӣ мекарданд, ҳоло барои чарогоҳ


Акс аз бойгонӣ

То чанд вақте пеш дар Интернет як навори видеоӣ дида мешуд, ки марди тоҷикеро дар дохили мошин нимбараҳна ва бо зане пайдо мекунанд ва ба ӯ дармеафтанд, ки чаро чарогоҳи онҳоро барои ишқварзӣ интихоб кардаанд. Фарде дар ин видео даъво мекунад, ки замини чарогоҳ аз ӯст ва касе ҳақ надорад, ба онҷо бе иҷоза ворид шавад.

Аммо масъалаи ишқварзӣ дар чарогоҳ зоҳиран як бахши беаҳамияти масъалаи бузурги муҳиме дар Тоҷикистон аст ва он ҳам масъалаи тақсими чарогоҳ, заминҳое, ки солҳои зиёд ба молик надоштанд ва мардуми деҳот чорвои худ, яке аз сарвати асосии хонаводаро дар он заминҳо мечарониданд.

Тақсими чарогоҳ ба афроди алоҳида, ки қудрати харидани онро доранд, мардуми камбизоатро бе ҷойи говчаронӣ монда ва баъзеро ба зидди дигаре шӯронидааст.

Аввал барои об гиребони ҳамдигарро мегирифтанд

Агар қаблан дар деҳот мардум барои обёрии замин даст ба гиребон мешуданд, ҳоло барои куҷо бурдани гову гӯсфандашон гиребони ҳамро мегиранд ва бо ҳам қаҳриву ҷанҷолӣ мешаванд.

Саид Шукуров, сокини 28-солаи деҳаи Моғиёни шаҳри Панҷакент бо чанд сокини дигари деҳа аз як ҳамдеҳаи сарватмандашон, ки ба гуфтаи онҳо аксари чарогоҳҳои атрофи деҳро “монополия” кардааст, шикоят бурдаанд.

Ҷанҷол шуд, онҳо ману ду се ҳамроҳамро заданд ва гуфтанд, ки дигар бузу гӯсфандатон набояд вориди чарогоҳ шавад.

Ба гуфтаи ӯ, баъди ба ихтиёри ҳамдеҳаашон гузаштани ҳаққи истифодаи чарогоҳ, онҷо ҷойе надоранд, ки гову гӯсфанди худро нигоҳубин кунанд. Рӯзе баҳси теъдоде аз сокинони деҳ бо молики чарогоҳ ба занозанӣ ҳам кашидааст.

“Вақте молҳоямонро барои чаронидан бурдем, роҳ надоданд. Ҷанҷол шуд, онҳо ману ду се ҳамроҳамро заданд ва гуфтанд, ки дигар бузу гӯсфандатон набояд вориди чарогоҳ шавад. Дигар ҷое барои чаронидани чорво надорем. Барои тақсими одилонаи замини чарогоҳ ба ҳама ҷой муроҷиат кардем, вале ба додамон нарасиданд”- гуфт ӯ.

Саид Шукуров ду фарзанд дорад ва чорводориро нав сар кардааст. 18 сар бузу гӯсфанд дорад ва ва мехоҳад саршумори онро зиёд кунад, чун дар деҳот ба ҷуз аз чорводорӣ ва зироаткорӣ шуғли дигаре нест. Ӯ мегӯяд, агар ҳамингуна чарогоҳҳоро мардуми сарватманд бигиранд, камбизоатҳо фақиртар мешаванд. Ба қавли ӯ: “Агар чарогоҳҳо ба монополияи як кас табдил ёбад, ин шуғлро мардуми камбағал аз даст медиҳад.”

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мутеулло Мутеуллоев, сокини деҳаи Моғиён, ки Саид Шукуров ва теъдоде аз ҳамдеҳагонаш ӯро ба “монополия” кардани чарогоҳҳо муттаҳам мекунанд, мегӯяд, бар асоси қонун заминҳои чарогоҳро чанд сол қабл ба ихтиёри хоҷагии деҳқонии онҳо доданд. Ӯ ба давлат барои ин ҳама молиёт месупорад.

Воқеан "нофаҳмиҳо" рух медиҳанд

Низомиддин Саидзода, раиси ҷамоати Моғиёни Панҷакент, гуфт, воқеан баҳсҳо сари замину чарогоҳ зуд-зуд миёни сокинон рух медиҳад, вале бо дахолати мақомот ин “нофаҳмиҳо” бартараф мешаванд.

“Ин ҷо як нафар замини зиёдтар дорад, дигарӣ шикоят дорад, ки ба ӯ замини камтар расидааст. Бо ҳам баҳс мекунанд. Чарогоҳҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста ҳастанд ва ҳар кас саҳми худро дорад. Агар ҳамдигарфаҳмӣ кунанд, ба ҳама чарогоҳ мерасад”- гуфт Низомиддин Саидзода.

Ӯ дар робита ба баҳси сокинони Моғиён бо Мутеулло Мутеуллоев гуфт, ки намояндаҳои ҷамоат онҷо рафтанд ва “масъаларо ҳал карданд.“

Масъалаи истифодаи чарогоҳҳо зоҳиран ҷиддиву ҷиддитар мешавад, ки то ба порлумони Тоҷикистон ҳам расидааст. Охири моҳи гузашта вакилони Маҷлиси намояндагон ҳамин мавзуро баррасӣ карданд ва аз ҷумла Акрамшо Фелалиев, вакили порлумон гуфтааст, истифодаи чарогоҳҳо беҳбудӣ мехоҳанд.

Яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба гуфтаи ӯ, иҷораи такрории чарогоҳҳо аз тарафи хоҷагиҳои деҳқонӣ аст, ки боиси нофаҳмӣ ва ҷанҷол байни сокинони деҳот мешавад. Беш аз 90 дар сади Тоҷикистон кӯҳистон аст ва 70 дар сади аҳолии кишвар низ дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон гову гусфанд аз сарвати асосии хонаводаҳои деҳот ба ҳисоб мераванд.
Дар Тоҷикистон гову гусфанд аз сарвати асосии хонаводаҳои деҳот ба ҳисоб мераванд.

Аксари сокинон дар деҳот дар хона як ё ду гову гӯсфанд доранд. Агар касе ба пули зиёдтар барои таҳсили фарзанд ва ё муолиҷаи фаврии азизаш эҳтиёҷ дошт, зуд як гову ё ду гӯсфандро мефурӯшад ва аз ҳамин ҳисоб мушкилашро ҳал мекунад.

Дар баъзе аз деҳоти наздик онҳо гову гӯсфандони худро субҳ ҷамъ мекунанд ва ба чарогоҳ мефиристанд ва яке аз хонаводаҳои деҳа масъули нигоҳубин мешавад ва шом онҳоро ба соҳибонашон месупорад. Дар кӯҳдоманҳо мардум чорвои зиёд доранд, чун чарогоҳҳо васеъанд.

Иҷораи чарогоҳ ба ҳар кас натиҷаи хуб надорад

Зафар Абдуллоев, хабарнигори Радиои Озодӣ, ки дар гузашта дар лоиҳаи Мудирияти босамари захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, ба иҷора додани замини чарогоҳ чандон муаасир нест. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон чунин таҷриба дошт, вале соли 2009 Қирғизистон аз он даст кашид.

“Бар асоси қонунҳои Қирғизистон ҳамаи чарогоҳҳо ба ихтиёри ҷамоатҳо ҳастанд ва онҳо барои истифода додан ба сокинон тасмим мегиранд, чун ҳудуди ҷамоати худро хуб медонанд. Дар Тоҷикистон чарогоҳҳо моликияти ҳама ҳастанд. Аз ҷумла, афроди алоҳида ва ширкатҳое, ки ҳатто чорво ҳам надоранд” – гуфт ӯ.

Ба қавли Зафар Абдуллоев, ин ширкатҳо шеваи истифодаи чарогоҳҳоро муайян мекунанд, ки баъзан, барои чорводорон душворӣ пеш меорад. Масалан иҷоза намедиҳанд, ки чорвои афроди дигар аз дохили чарогоҳи онҳо бигзарад, агарчӣ медоданд, он мардум дигаре роҳе барои расидан ба замини дигарро надоранд.”

“Иҷораи чарогоҳҳо муассир нест, барои ҳамин қирғизҳо аз он даст кашиданд” – мегӯяд, Зафар Абдуллоев.

Дар замони Шӯравӣ хоҷагиҳои чорвопарварӣ давлатӣ буданд, ҳоло хусусӣ шудаанд. Сарватмандон низ ба ин соҳа таваҷҷӯҳ кардаанд ва заминҳое, ки то чанд соли пеш сокинони деҳ истифода мекарданд, онҳо ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил додаанд. Мушкили дигаре, ки ҳоло бар иловаи ҷанҷол бар сари замин пеш омадааст, истифодаи бераҳмонаи чарогоҳ аст.

Мадиброн Саидзода, раиси собиқи Идораи ҷангали Тоҷикистон мегӯяд, агар шеваи истифода ба ин ҳамин шакл идома кунад, вой бар ҳоли чарогоҳҳои кишвар.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

“Чорвопарварон дар фикри сер кардани молу гови худ ҳастанд. Аммо бе меъёр чаронидани чорво ба биёбоншавӣ ва табоҳшавии заминҳо мерасонад. Ҷангал барқарор мешавад, алафзор не. Агар нодуруст чаронем, чорво тухми гиёҳро мехӯрад ва соли дигар он ҷо алаф камтар мерӯяд. Соҳибони чорво инро ҳам бояд фикр кунанд” -мегӯяд, ӯ.

Бо назардошти ин ҳама, соли 2012 дар Тоҷикистон муассисаи давлатии Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳ” таъсис ёфт ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба ин муассиса беш аз 14 миллион доллар кӯмак кард, ки то моҳи сентябри имсол дар танзими истифодаи чарогоҳ ба сокинон кӯмак кунад.

Ҳоло дар Тоҷикистон саршумори чорвои хонагӣ ба 7 миллион расидааст, ки ба гуфтаи масъулон, 50 дар сад бештар аз замони шӯравист. Нархи як кило гӯшти гов аз 35 то 40 сомониро ташкил медиҳад, ки аз гаронтарин маҳсулоти сабади истеъмолии сокинон дар Тоҷикистон аст.

Мақомот дар гузашта гуфтаанд, ки азбаски парвариши чорво барои гӯшт бисёр кори серхарҷ ва аз ҷумла чунин ҷанҷолӣ аст, саъй доранд, то соҳаи мурғпарвариро инкишоф бидиҳанд ва мардумро ба хӯрдани гушти мурғ одат бидиҳанд. Чун парвариши мурғ ҳадди аксар 6 моҳ мегирад ва барои он чарогоҳҳои азиму се чаҳор сол лозим нест.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG