Пайвандҳои дастрасӣ

Чин биёбоншавии чарогоҳҳои Тоҷикистонро таҳқиқ мекунад


Тоҷикистон барои муайян кардани омилҳои нест ва биёбоншавии чарогоҳҳо донишмандони Чинро даъват кардааст. Як ҳайати донишмандони Чин аз Пажуҳишгоҳи экология ва географияи Академияи илмҳои Чин 1200 километр замини чарогоҳро дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқ қарор додаанд.

Тоҷикистон тайи солҳои охир натанҳо барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва хатҳои барқ, балки дар пажӯҳиши сарватҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок низ муҳаққиқони Чинро даъват кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Пажуҳишгоҳи экология ва географияи Академияи илмҳои Чин, донишмандон аз тӯли 1200 километр замини Тоҷикистон намунаи растаниҳо, хок ва микроорганизмҳоро бо худ бурдаанд.

Саршумори чорво ба шаш миллион расидааст

Моҳи августи соли гузашта ин пажуҳишгоҳи Чин - Маркази экология ва тадқиқоти муҳити зистро дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон фаъол карда буд. Ли Яомин, муҳаққиқи Пажуҳишгоҳи экология ва географияи Академияи илмҳои Чин ва узви гуруҳи тадқиқотӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, “Тоҷикистон тайи панҷ соли охир аз нобудшавии чарогоҳҳо сахт зиён дидааст”.

Сабаби нобудшавии чарогоҳҳоро Ли Яомин дар афзоиши босуръати аҳолӣ, гармшавии иқлим ва чарондани аз меъёр зиёди чорво марбут донистааст. Як омили дигари нобушавии чароҳгоҳҳо ва ба биёбон табдил шудани онҳоро Ли Яомин дар афзоиши беш аз ҳадди чорво арзёбӣ кардааст. Барои мисол, ӯ гуфтааст, “саршумори чорво дар Тоҷикистон аз 1 миллион дар соли 1990 ба шаш миллион расидааст”.

“Чарогоҳҳо бояд иваз шаванд”

Бо поён ёфтани ин тадқиқот пажуҳишгарон ба Тоҷикистон технологияҳои идоракунӣ ва барқарорсозии чарогоҳҳоро пешниҳод кардаанд, ки дар Чин самараи хуб додаанд. Мадиброн Саидзода, собиқ раиси Оҷонси ҷангал ва коршиноси масоили зистмуҳитӣ, рӯзи 27-уми май гуфт, чарогоҳҳои Тоҷикистон бештар аз чаронидани нодурусти чорво рӯ ба инқироз ва хатари биёнбоншавии қабати болоии заминро ба миён овардаанд.

Ӯ гуфт, “мувофиқи меъёр ҳар сол дар як чорогоҳ чаронидани чорво мумкин нест. Чарогоҳҳо бояд иваз шаванд, то дар ин миён алафу гиёҳҳо фурсати барқарор шуданро пайдо кунанд. Дар ғайри сурат чарогоҳҳо нобуд мешаванд”.

Саидзода гуфт, мувофиқи меъёр дар як километри мураббаъ чарогоҳ як гов ва ё чаҳор гӯсфанд метавонанд чаро кунанд. Аммо ин меъёр низ ба гуфтаи ӯ дар чарогоҳҳои кишвар вайрон мешавад. “Дар натиҷаи чарои беш аз ҳадди чорво дар як масоҳати хурд алафи чарогоҳҳо нобуд шуда, тадриҷан биёбон мешаванд”, - гуфт ӯ.

“Бизнес”-и ниҳон

Мадиброн Саидзода афзуд, “нобудшавии чарогоҳҳо паёмадҳои нохуш дорад. Нахуст, замини чарогоҳҳои нобудшуда зуд зери таъсири борон шуста шуда дар натиҷаи эрозия ҷариву чуқуриҳо ба вуҷуд меояд. Аз сӯи дигар, бод хоки замини бе майсаро ба ҳаво мехезонад, ки боиси ғуборолуд шудани фазо мегардад.”

Мувофиқи додаҳои омор дар Тоҷикистон 1 миллиону 800 ҳазор гектар замин ба фонди давлатии ҷангал шомил аст. Аз ин ҳудуд танҳо 421 ҳазор гектар ҷангалпӯш ҳастанд. Масоҳати чарогоҳҳо ба 1 миллион гектар мерасад.

Чорвопарварӣ дар Тоҷикистон як бизнеси аксар вақт пинҳони мансабдорони зинаҳои миёна ва болои давлатӣ аст. Аксарияти чарогоҳҳои тобистонаву зимистона ҳам ба чорводорони бузург тааллуқ дорад.

Тоҷикистон тайи солҳои охир натанҳо барои сохтмони роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва хатҳои барқ, балки дар пажӯҳиши сарватҳои зеризаминӣ ва канданиҳои фоиданок низ муҳаққиқони Чинро даъват кардааст. Соли 2016 як гуруҳ геологҳои Чин ҳамроҳ бо мутахассисони Саридораи геологияи тоҷик ба омӯзиши сарватҳои зеризаминии вилояти Бадахшон пардохта буданд. Худи ҳамон сол матбуот дар Тоҷикистон дар мавриди ҳафриёти археологҳои Чин дар ноҳияи Данғараи Хатлон низ гузориш дода буд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG