Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангалҳои Тоҷикистон куҷо шуданд? ВИДЕО


Ҷангалзорҳои Тоҷикистон, ки ҳанӯз 50 соли пеш дар 20 дар сади қаламрави кишвар доман афрохта буданд, то имрӯз ҳудуди 3 дар садашон боқӣ мондаасту бас. Ҳоло Созмони рушди байналмилалии Олмон (GIZ) талош дорад, ба Тоҷикистон дар тавсеаи домани ҷангалзорҳо кумак кунад, то рӯзе ҳудудҳои ин кишвари кӯҳистонӣ дубора тавонад дарахтзорҳои худро барқарор кунад. Мутахассисон мегӯянд, ки дар давоми даҳ сол имкони барқарор ё тавсеа додани танҳо 0,5 дар сади масоҳати ҷангалзорҳо вуҷуд дорад.

Ҳамасола дар фасли зимистон дар кишвар реҷа ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва сокинон ба хотири гарм кардани хона ва таҳияи ғизо гоҳе ба дарахтбурӣ даст мезананд.

​Ба коҳиши масоҳати ҷангалзорҳои Тоҷикистон бӯҳрони энержии даҳсолаҳои охири ин кишвар, нобудсозии дарахтон ба хотири сӯзишворӣ ва ҳамчунин омилҳои беруна, назири гармшавии иқлим таъсири фоҷиабор расондаанд. Мутахассисони Созмони рушди байналмилалии Олмон (GIZ) умедворанд, дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон дар амри барқарории тавозуни экологии пешина коре анҷом дода метавонанд.

Гузориши видеоӣ инҷост:

Ҷангалҳои Тоҷикистон куҷо шуданд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Андрей Фобин, як масъули барномаҳои Осиёи Марказии GIZ дар ҳамоиши "Истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ" дар Душанбе гуфт, коҳиши ҷангалзорҳо таҳдиди ҷиддӣ ба экологияи Тоҷикистон ва ҳам ҳаёти ҷонварҳои нодири ваҳшӣ мебошад. Ин созмон рӯзҳои 3 ва 4 ноябр масъулони ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои ҷамъиятии ҳифзи муҳити зистро сари як миз гирд овард, то роҳҳои ҳалли ин мушкилро баҳс кунанд. Яке аз ҳадафҳои дигар – ҳифзи атмосфера ё ҳавои ин кишвар аз олудашавӣ мебошад.

Ӯ гуфт, ҳадафи кори онҳо "мусоидат дар ҳифз ва афзоиши танаввӯи биологии Тоҷикистон аст. Имрӯз мо гоҳе омори хушҳолкунандаро дар бораи афзоиши шумори баъзе аз ҷонварон мешунавем. Ба хотири ҳифзи ин дастовардҳо бояд кор кунем. Ҳоло дар тамоми сайёра тағйирёбии иқлим ҷараён дорад. Талоши мо ва ҳукумат ин аст, ки Тоҷикистон ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шавад ва табиати зебои худро аз даст надиҳад."

Ба қавли масъулони ин созмон, дар пайи нобуд шудани ҷангалзорҳо вазиши бодҳои зиёновар бештар шуда, ҳайвоноти нодири ваҳшӣ мавқеи зисти худро аз даст медиҳанд. Ин тағйирот дар ҳаёти маъмулии ҷонварон ба маргу мири онҳо сабаб мешавад. Як сабаби коҳиши ҷангалзорҳо табоҳшавӣ ё ба эрозия гирфтор шудани замин аст, ки ин қаламравҳоро аз лиҳози кишоварзӣ корношоям мекунад. Ба гуфтаи Андрей Фобин, обшавии пиряхҳо ва хушкшавии чашмаҳо низ ҳосили коҳиши масоҳати ҷангалзорҳо аст.

Мадиброн Саидзода, масъули Оҷонсии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, гуфт, мушкили марбут ба коҳиши ҷангалзорҳоро ҳукумат низ хуб дарк мекунад. Вай гуфт, ба ин хотир барномаи ҳукуматие рӯи даст гирифта шудааст, ки ҳадафаш солона то 2000 гектар афзоиш додани масоҳати ҷангалзорҳост. Саидзода афзуд, "бист дар сади Тоҷикистонро ҷангалпӯш кардан - ҳадафи аслии мост. Аммо ин кори яксолаву дусола нест. Барои ин даҳсолаҳо вақт лозим аст. Ҳаҷми сабзиши дарахтон дар ҷангалҳои тозабунёд дар сол 75 фоизро ташкил медиҳад. Агар фоизи сабзиш ҳамингуна давом кунад, он гаҳ баъди марҳилаи як даҳсола масоҳати ҷангал 0,5 дар сад бештар хоҳад шуд."

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон бо мушкили бебарқӣ рӯбарӯ шуд. Ҳамасола дар фасли зимистон дар кишвар реҷа ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ мешавад ва сокинон ба хотири гарм кардани хона ва таҳияи ғизо гоҳе ба дарахтбурӣ даст мезананд. Дар натиҷа, даҳҳо гектар ҷангалзор хароб ё нобуд шудааст.

Аз сӯи дигар, муҳаққиқони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши саршумори чорпои хонагӣ ва нодуруст истифода бурдани чарогоҳҳо боис ба кам шудани ҷангалзорҳо, танг шудани макони буду боши ҳайвоноти ваҳшӣ ва аз байн рафтани гиёҳҳои нодир мешавад. Зайниддин Амиров, корманди Институти зоология ва паразитологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, ҳамаи ин ба муҳити зист зиёни ҷиддӣ ворид кард.

Дар Тоҷикистон ҳоло 1 миллиону 333 ҳазор гектар ҷангал боқӣ мондааст, ки се дар сади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Ҳамасола дар тобистону тирамоҳ ба Тоҷикистон чангбоди зиёноваре бо номи “тундбоди афғонӣ” ҳуҷум мекунад, ки ҳам ба сиҳатии сокинон ва ҳам ба муҳити зист зиён мерасонад. Тундбоди “афғонӣ” гоҳо то як ҳафта фазои Тоҷикистонро ғуборолуд нигаҳ медорад.

Коршиносони GIZ мегӯянд, ин гуна тундбод, ки ба обшавии пиряхҳо низ сабаб мешавад, аз байн рафтани ҷангалзорҳоро ҳам вусъат мебахшад. Созмони GIZ умедвор аст, дар пайи роҳандозии барномаҳои онҳо мешавад аз фоҷиаҳои азими табиӣ барои наслҳои баъдии Тоҷикистон ҷилавгирӣ кард, чун мегӯянд онҳо, "ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ба маънои ҳифзи табиати як гӯшаи ҷаҳон аст".

XS
SM
MD
LG