Пайвандҳои дастрасӣ

"Чаро сарватмандони тоҷик асппарварӣ мекунанд?" ВИДЕО, САДО


Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Асптозӣ яке аз намудҳои варзиши бостонии тоҷикон аст. Пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони Шӯравӣ, аз соли аввали таъсиси ипподроми Душанбе баргузор мешавад. Дар замони истиқлоли Тоҷикистон мусобиқаи аспдавонӣ, бахусус баъди азнавсозии ипподром, ки номи “Наврӯзгоҳи пойтахт”-ро гирифт, зуд-зуд доир мегардад. Ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили идҳои суннатии мардуми тоҷик – Наврӯз, Меҳргон ва, инчунин, ҷашни Истиқлол баргузор кардани пойгаи аспдавонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Аспи тоҷикӣ бо зоти аспҳои ахалтекинӣ, қарабойӣ, қӯстанайӣ, қирғизӣ рақобатпазир аст. Вале аспҳои зоти англисӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамто надоранд

Дар пойгаҳо аспҳои зоти тоҷикӣ низ иштирок мекунанд. Ба ҷуз асптозӣ, мардуми тоҷик ба бузкашӣ ҳам таваҷҷуҳи зиёд дорад. Дарвоқеъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бузкашӣ, ки ахиран дар пойтахти Қазоқистон - шаҳри Остона – баргузор шуд, барандаи медалҳои биринҷӣ гардид.

Инчунин бихонед: Аспи писари Рустами Эмомалӣ барандаи пойга шуд

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи вазъи кунунии асптозӣ ва бузкашӣ дар Тоҷикистон бо доктори илмҳои кишоварзӣ, профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Арбобмирзо Шамсиев, ки муаллифи аспи зоти тоҷикӣ аст, суҳбат анҷом дод.

Арбобмирзо Шамсиев
Арбобмирзо Шамсиев

Шамсиев: "Мардуми Шарқ асосан ба аспҳои саворӣ сару кор доранд. Зоти аспе, ки дар Тоҷикистон муаррифӣ карда мешавад, аспи тоҷикӣ ҳамчун аспи саворӣ аст. Ҳар сол дар ипподроми Душанбе мусобиқаи аспдавонӣ баргузор мегардад, ки ин роҳи мукаммал гардонидани аспи зоти тоҷикӣ буда, онро сол то сол такмил медиҳад."

Озодӣ: Феълан дар Тоҷикистон кадом зоти аспҳо мавҷуданд, ки дар пойга иштирок мекунанд?

Шамсиев: "Дар кишвари мо имрӯз се зоти асп ҳаст, ки зотҳои маъмулии таҳҷоӣ мебошанд. Яке зоти аспҳои лақаӣ, ки дар марказ ва ҷануби Тоҷикистон густариш ёфтааст. Дигаре зоти аспҳои қарабойӣ, ки дар шимоли Тоҷикистон ҳаст. Зоти аспи тоҷикӣ маҳсули ҳамин аспҳои таҳҷоӣ мебошад, ки дар натиҷаи дурага кардани аспҳои таҳҷоӣ бо зотҳои нодири аспҳои ҷаҳонӣ, ба монанди зоти асили савории англисӣ ва зоти асили савории арабӣ ба вуҷуд омадааст. Дар ин бобат олимони тоҷик беш аз панҷоҳ сол, аз даврони Шӯравӣ то замони соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон, заҳмат кашидаанд. Соли 2002-юм бо ташаббуси ҳукумати Тоҷикистон аспи тоҷикӣ дар саросари ҷумҳурӣ арзи ҳастии худро ёфт."​

Озодӣ: Феълан аспи тоҷикӣ дар куҷо парвариш меёбад, парваришгоҳҳо дар кадом манотиқи кишвар ҳастанд?

Шамсиев: "Аспи зоти тоҷикӣ дар ҳамаи қаламрави Тоҷикистон густариш меёбад. Маркази асосӣ ё ватани ба вуҷуд овардани ин зоти асп ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ёвон, Темурмалик маҳсуб мешаванд. Заводҳои асппарварие, ки фақат зоти аспи тоҷикиро парвариш мекунанд, дар ноҳияи Файзобод, ду хоҷагӣ дар Ҳисор, инчунин хоҷагии деҳқонии Мири ноҳияи Ховалинг ҳастанд, ки генофонди ин зотро парвариш мекунанд. Хоҷагиҳои дигари ҷумҳурӣ аз ин генофонд истифода мебаранд."

Озодӣ: Оё аспи тоҷикӣ дар пойгаҳои байналмилалӣ бо зоти дигари аспҳо, ба монанди англисӣ, арабӣ, ахалтекинӣ ва ғайра рақобатпазир аст?

Шамсиев: "Аспи тоҷикӣ бо зоти аспҳои ахалтекинӣ, қарабойӣ, қӯстанайӣ, қирғизӣ рақобатпазир аст. Вале аспҳои зоти англисӣ дар тамоми ҷаҳон ҳамто надоранд, дорои генофонди ҷаҳонӣ мебошанд, ки аз зотҳои англисӣ ва арабӣ дигар зоти асп ба вуҷуд омадааст. Ба истиснои аспи англисӣ, аспи тоҷикӣ метавонад дар пойгаҳои ҷаҳонӣ бо дигар зотҳо рақобатпазир бошад."

Озодӣ: Аз нигоҳи шумо имрӯз барои рушди асппарварӣ дар Тоҷикистон заминаи устувор мавҷуд аст?

Барои чӣ одами сарватманд асппарварӣ мекунад? Агар дағал ҳам шавад, гуфтаниам, ки одами камбағал аспро пеш гирифта наметавонад. Бой, одами сарватманд метавонад аспро парвариш кунаду аз дуои асп баҳраманд шавад.

Шамсиев: "Бале, ҳаст. Маълум аст, ки 97 дар сади ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад ва ин барои парвариши аспҳои галагӣ мувофиқ мебошад. Дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳамагӣ 80 ҳазор асп мавҷуд аст. Аз рӯи пешбинии олимони соҳа чарогоҳҳои Тоҷикистон метавонанд то 400-500 ҳазор аспро парвариш намоянд. Бо ин роҳ метавонем се зоти аспро парвариш бидиҳем, яке аспҳои зотӣ, дигаре аспҳое, ки аз онҳо маҳсулот гирифта мешавад ва севумӣ аспҳое, ки барои кор истифода мешаванд, яъне барои боркашӣ, барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистон, барои пулис, ҳамчунин дар корҳои геологӣ метавонем аспи зоти тоҷикиро ба таври васеъ истифода барем. Асп як ёрдамчии беҳамтои инсон аст."

Озодӣ: Чаро ба асппарварӣ ва аспдорӣ бештар ашхоси сарватманд сару кор доранд ва онро ҳамчун хобби ё шуғли дӯстдоштаи худ меҳисобанд?

Шамсиев: "Шахсе, ки агар як маротиба ба асп савор шавад, худро сарфароз, сарбаланд ҳис мекунад. Як ҳикмати пайғамбари мо ҳаст, ки гуфта мешавад: "накӯӣ дар паҳлӯи пешонаи асп баста шудааст". Боз як гапи дигар аст: "Асп қаноти одам, давлати одам ба ҳисоб меравад". Агар асп то нисфирӯзӣ ризқи худашро аз одамизод талаб кунад, баъди нимарӯзӣ ризқи соҳибашро аз даргоҳи Худованд талаб менамояд. Барои чӣ одами сарватманд асппарварӣ мекунад? Агар дағал ҳам шавад, гуфтаниам, ки одами камбағал аспро пеш гирифта наметавонад. Бой, одами сарватманд метавонад аспро парвариш кунаду аз дуои асп баҳраманд шавад. Ҳамин дуои асп давлати ӯро поянда мекунад. Бинобар ин, сарватмандон аз паи парвариши ин ҷонвари беозору бебаҳоянд."

Лаҳзае аз сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Арбобмирзо Шамсиев
Лаҳзае аз сӯҳбати Нарзуллоҳи Латиф бо Арбобмирзо Шамсиев

Озодӣ: Дарвоқеъ, барои парвариши асп, нигаҳдории он, пеш аз ҳама ғизои зарурӣ лозим аст. Дар як шабонарӯз ба асп чӣ гуна ғизо медиҳанд?

Шамсиев: "Хӯроки асосие, ки инсон барои асп захира мекунад, ин беда аст. Он дар натиҷаи хушконидани юнучқа ба вуҷуд меояд. Вале ҷав барои асп ғизои асосист. Аз намуди дигари ғизо барои асп метавонад сабзӣ бошад, ки дар як шабонарӯз то се кило истеъмол намояд. Ин, албатта, аз сину соли асп, вазни он бастагӣ дорад. Аз ин мебарояд, ки дар як шабонарӯз 5 кило ҷав, 10 кило беда, то 3 кило сабзӣ, намак бояд дар ратсиони хӯрокии асп бошад. Баъзеҳо боз дигар чизҳо медиҳанд, масалан, нахӯд, наск, мош, гандум медиҳанд. Ин чизҳое ҳастанд, ки маъмул ва шарт нестанд, вале соҳибонашон ба онҳо ин намуди ғизоро пешкаш мекунанд."

Озодӣ: Чунонки маълум аст, варзишгароне, ки дар мусобиқоти бузурги ҷаҳониву олимпӣ ширкат меварзанд, барои истеъмоли допинг ё дорувории манъшуда муҷозот мешаванд. Оё дар пойгаи аспдавонӣ ҳам аспу савора аз ташхис мегузаранд?

Шамсиев: "Бале. Як ҳафта пеш аз мусобиқа аспҳо дар аспрез ё ипподром аз карантин мегузаранд. Бояд дақиқ карда шавад, ки ба асп чӣ навъи ғизо дода шудааст, аз кадом навъи доруворӣ истифода шудааст. Духтурони ҳайвонот ё байторҳо ҳолатҳоеро фош намудаанд, ки ба асп ғизо ё тавассути сӯзан дорувории мамнуъшуда дода шудааст. Вақте ки асп мелангад, ба вай доруе медиҳанд, ки дар як муддати муайян дардро ҳис намекунад, дар пойга бо нерӯи тоза рақобат мекунад. Вале баъдан ин ҷонвар хеле азоб мекашад. Пойҳояш аз кор мемонанд. Бинобар ин, танҳо бо иҷозаи довари байтор асп ба пойга роҳ дода мешавад. Савора низ таҳти назорати доварон қарор мегирад."

Аҷиб ин аст, ки намудҳои зиёди якҳарбаи шарқиро, ки ҷопонӣ ё кореягиву чиноӣ ҳастанд, қабул кардем, вале аз бузкашӣ, ки таърихи садсолаҳо дорад, ҳазар мекунем?!

Озодӣ: Солҳои ахир мо мушоҳида кардаем, ки дар пойгаи аспдавонӣ дар Тоҷикистон бонувони савора низ ширкат мекунанд.

Шамсиев: "Дар пойгаи аспдавонӣ, аслан мардон иштирок мекунанд. Зеро ин намуди душвор аст, барои бонувон мушкилӣ эҷод мекунад. Аммо боиси хушнудист, ки ба асптозӣ духтарони ҷасури тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Дар мусобиқоти солҳои ахир як пойга бо ширкати бонувон сурат мегирад ва ғолибон соҳиби ҷоизаҳо мегарданд. Дар баъзе ноҳияҳо аз миёни духтарони аз 14 то 17-сола савораҳо омода мекунанд, ки онҳо дар мусобиқот ширкат меварзанд. Мо бояд ин корро давом бидиҳем ва дар як пойга бонувон рақобат кунанд."

Озодӣ: Нархи аспе, ки дар пойга ғолиб меояд, ҳатман боло меравад. Бигӯед, ки нархи баланди аспи тоҷикӣ то чӣ қадар аст? Қимати баландтарини аспи савораи англисӣ чӣ миқдор аст?

Шамсиев: "Асп аз 2 то 5-солагӣ аз озмоиш мегузарад. Пойга вобаста ба синни асп дар масофаҳои аз 1000 то 7000 метр сурат мегирад. Барои ба пойга омода кардани асп маблағи зиёд харҷ мешавад. Дар сесолагӣ асп ба чӣ қодир будани худро нишон медиҳад. Баъди панҷсолагӣ аспи саворӣ дар ауксион ё музояда иштирок мекунад. Дар ҳоли ҳозир қимати баланди аспи тоҷикӣ то 20 ҳазор доллар аст. Аспҳои зоти асили англисӣ, ки дар пойгаҳои ҷаҳонӣ ширкат меварзанд, ба ауксион гузошта мешаванд. Нархи баландтарини аспи англисӣ соли гузашта дар музояда ба 200 миллион доллар ба фурӯш рафт,ки лақабаш Френкли ва соҳибаш як араби сарватманд буд. Он асп минбаъд дар пойга иштирок намекунад ва аз он барои гирифтани насл истифода мебаранд, то ки дар пойгаҳои минбаъда рекорди волидайнашро боло барад."

Озодӣ: Дастаи мунтахаби бузкашҳои Тоҷикистон ахиран дар аввалин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Остонаи Қазоқистон барои ҷойи севум бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гашт, вале човандозони тоҷик дар ин мусобиқа бе аспҳои худ иштирок карданд, чаро?

Арбобмирзо Шамсиев
Арбобмирзо Шамсиев

Шамсиев: "Ин, албатта, барои човандозони тоҷик комёбии бузург аст. Ба назари ман яке аз сабабҳои асосии бе аспҳои худ рафтани бузкашҳои мо ба ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ба вазъи молӣ бастагӣ дорад, ки хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Дар чемпионати ҷаҳон иштирок кардани варзишгарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷопон аз он шаҳодат медиҳад, ки ба бузкашӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир карда мешавад. Ва ин боиси хушнудист. Дарвоқеъ, дар замони шӯравӣ чемпионати СССР баргузор мешуд, ки дастаи мунтахаби бузкашии Тоҷикистон 14 маротиба ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шудааст."

Озодӣ: Дар бораи бузкашӣ мардуми тоҷик назарҳои мухталиф доранд. Баъзеҳо ҷонибдори бузкашианд ва аз тамошои он лаззат мебаранд, вале бархе бар ин назаранд, ки бузкашӣ моли тоҷикон нест, он ҷаҳолатро таҷассум мекунад, зеро ки ҳайвон, яъне бузро кашокашӣ мекунанд, бинобар ин аз баҳраш бояд гузарем. Назари шумо чӣ аст?

Шамсиев: "Шарт нест, ки бузро забҳ намуда, кашокаш кунанд. Дар мусобиқаи аввалини қаҳрамонии ҷаҳон, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шуд, чучела ё хӯсаро истифода карданд, ки вазни он ба мисли вазни буз аст, яъне аз 35 кило боло нест. Ё метавон саночеро, ки аз пӯсти мустаҳкам сохта шудааст, истифода кард. Мо мебинем, ки дар бисёр кишварҳо, монанди Испания. Боливия, Аргентина, Бразилия ва ғайра бозиҳое ҳастанд, ки ҳайвонҳои зиндаро таҳқир мекунанд, азият медиҳанд. Масалан, буққаро найзакорӣ мекунанд. Ваҳшонияте, ки дар онҳо ҳаст, мо тасаввур карда наметавонем. Ақидае ҳаст, ки бузкашӣ ба мо аз қазоқҳо ё қирғизҳо гузаштааст. Вале ман дар ин маврид назари худро дорам. Бузкашӣ ин ҷасорат, паҳлавонӣ, чобукӣ ва далерӣ аст. Ба ман нақл карданд, ки як вақтҳо як хоккейбози касбии машҳури Канада дар Алмаато бозии бузкаширо тамошо кардааст ва баъдан хостааст, ки дар мусобиқа иштирок кунад. Ба ӯ асперо пешкаш мекунанд ва ба майдон мебарояд. Дар ҷараёни бозӣ вайро бо қамчин латтукӯб менамоянд. Ӯ мегӯяд, ман аввалин бор дар ҷаҳон дидам, ки ин гуна бозии пурмашаққат будааст. Гумон мекардам, ки хоккей, бокс пурмашаққат аст, вале бузкашӣ аз онҳо сахттар будааст. Ӯ ба дараҷае латтукӯб шудааст, ки як ҳафта ба худ наомадааст. Бузкашӣ дар мавриди анҷоми ҳосилғундорӣ баргузор мешуд ва одамон аз тамошои он кӯфти худро дар давоми мавсим мебароварданд. Ин як ид буд, иди мардумӣ. Аз ин рӯ, бузкаширо мо бояд ҳамчун варзиши бостонӣ ривоҷ бидиҳем. Аҷиб ин аст, ки намудҳои зиёди якҳарбаи шарқиро, ки ҷопонӣ ё кореягиву чиноӣ ҳастанд, қабул кардем, вале аз бузкашӣ, ки таърихи садсолаҳо дорад, ҳазар мекунем?!"

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG