Пайвандҳои дастрасӣ

Чорво аз мардуми Тоҷикистон. Чарогоҳҳо аз сарватмандон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Исми афроди сарватманди Тоҷикистонро ба фарқ аз кишварҳои дигар аз саҳифаи матбуот ва маҷаллаҳо наметавон пайдо кард. Аммо як назар ба тақсимоти чарогоҳҳо дар Тоҷикистон метавонад, исми баъзе аз ин афродро бармало месозад. Чӯпонҳо беш аз ҳар нафари дигар номи онҳоро медонанд.

Чӯпонҳо дар они воҳид онҳо метавонанд, заминҳоро нишон диҳанд, ки ин чарогоҳи Алимардонов, дигарӣ аз хонаводаи Машрабов саввумӣ аз Тӯхтаевҳо ва дигарӣ аз бисмадонӣ...

Фарқи чарогоҳҳои як заминдор аз дигар барои чӯпонҳо хеле муҳим аст, чун дар замини дигар кас чаронидани чорво метавонад, боиси ҷанҷолу моҷаро шавад.

Нозим Зуҳуриддинов, чӯпони тоҷик мегӯяд, ҷанҷол бар сари чарогоҳ хусусан тобистон зуд-зуд сар мезанад. Ӯ мегӯяд, солҳои охир саршумори чорвои хурд хеле афзудааст ва чарогоҳҳо ба тадриҷ барои ин қадар гусфанду гов тангтар мешавад.

Ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте молро чарогоҳ мебарем, хоҳу нохоҳ бояд аз замини дигарон гузарем. Ҳолатҳое мешавад, ки моро намегузоранд, ҷое биистем. Соҳибони чарогоҳ молатонро ҳай кунед, гуфта талаб мекунанд ва намегузоранд, ки пас аз роҳи тӯлонӣ андаке дам гирем. Баъзан ҳолатҳо аз рӯи ҳамин масъала баҳсу занозанӣ ба вуҷуд меояд.”

Аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, гову гӯсфандҳоро кам кунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00

Сабаби моҷаро бар сари чарогоҳ дар Тоҷикистон ба тақсимоти номутаносиби он бармегардад. Беш аз 80- 90 дарсади чорвои хурду калон дар Тоҷикистон аз они аҳолӣ аст, аммо 70 дарсади чарогоҳҳо дар ихтиёри заминдорони алоҳида ва хоҷагиҳои деҳқонӣ.

Сафаралӣ Назаров, раиси муассисаи давлатии «Трести чарогоҳу мелиоративӣ»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мегӯяд “аз 3,8 миллион гектар чарогоҳе, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуд аст, зиёда аз 70 фоиз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаста шудаанд. Аммо 93 фоизи чорвои калон ва 82 фоизи моли хурд аз аҳолӣ аст. Нобаробарӣ дар тақсимоти замин воқеан ҷой дорад ва баҳсҳо барои чарогоҳ аз ҳамин ҷо сар мезананд."

Ҷанҷол то ба порлумон расид

Назаров мегӯяд, идораи таҳти роҳбарии ӯ ин масъаларо ҳал карда наметавонад, чунки салоҳияти тақсими заминҳои чарогоҳ дар ихтиёри Кумитаи давлатии замин ва геодезӣ аст.

Чанде қабл сокинони Панҷакент ба Радиои Озодӣ шикоят оварданд, ки чарогоҳҳои атрофи маҳалли зисташонро ношиносе харидааст ва намегузорад, чорвои онҳо дар онҷо бичарад.

Баҳс дар ин бора то ба порлумон ҳам расидааст. Чанде пеш ҳангоми баррасии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи чарогоҳ” вакилон аз мақомот хостори ислоҳи вазъ шуданд.

Зайниддин Сафаров, вакили Маҷлиси намояндагон гуфт, дар ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик, Восеъ чарогоҳҳое, ки дар онҳо чорвои мардум мечарид, байни хоҷагиҳо тақсим шудаанд ва барои моли аҳолӣ умуман замин намондааст.

Ӯ гуфт: “Як нафар аз Душанбе ҳазорон гектар чарогоҳро соҳибӣ карда, маблағи ночизеро андоз месупорад... Аммо ҳангоме ки моли хоҷагиҳо ва сокинон ба чарогоҳҳо дохил мешаванд, аз соҳибони онҳо 50, 60, 70 ва аз он ҳам бештар гӯсфандашонро соҳибӣ мекунад."

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлист Намояндагон, пас аз баҳси гарми вакилон дар ин бора гуфт, аз сокинон дар бораи тақсими нодурусти чарогоҳ зиёд шикоят дарёфт мекунад ва ба вакилон дастур дод, ки ба унвони ҳукумат нома навишта, ҳалли мушкилро дархост кунанд.

Бино бар омори расмӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион сар гов ва 5 миллион чорвои хурд мавҷуд аст. Чорводорӣ яке аз шуғлҳои асосии сокинони деҳот ва манбаи даромади хонаводаҳои зиёде аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG