Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон ситоди коҳиши таъсири хабарҳои бадро таъсис дод


Яке аз нишастҳои ҳукуматӣ дар Бишкек.
Яке аз нишастҳои ҳукуматӣ дар Бишкек.

Дар Қирғизистони ситоди ҷумҳуриявие таъсис шуд, ки ба кам кардани таъсири хабарҳои бади хориҷӣ, аз ҷумла дар робита ба густариши коронавирус машғул шуда, инчунин ба рушди иқтисодӣ мусоидат мекунад. Дар ин бора аз ҳукумати Қирғизистон хабар доданд.

Эркин Асрандиев, ноиб-сарвазири Қирғизистон дар умури иқтисодӣ ин ситодро роҳбарӣ мекунад. Самат Килжиев, раиси дастгоҳи президент ва вазири иқтисод Санжар Муканбетов муовинони Асрандиев таъйин шудаанд.

Мақомоти дигар низ ба ҳайати ситоди мазкур шомил карда шудаанд.

Гуфта мешавад, дар нахустин ҷаласаи ситод масоили калидӣ баррасӣ ва ба ниҳодҳои давлатӣ барои таҳияи нақшаи чорабиниҳо дастур дода шудааст.

Таъсиси чунин ситодро Шӯрои амнияти Қирғизистон тавсия дод.

XS
SM
MD
LG