Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндон вафот кардааст. ВИДЕО


Ҳусейн Абдусамадов.

Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар яке аз зиндонҳои Душанбе вафот кардааст.

Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабабу омилҳои марги Абдусамадовро мақомоти Додситонии кул муайян мекунанд.

Умаров афзуд, "ӯ бемории ҷиддӣ надошт, аммо ҳар сари чанд вақт ба бемориҳо гирифтор мешуд. Аз ин хотир, ҷасад аз ташхиси суддӣ-тиббӣ гузаронида шуд, то мабодо аз зӯроварӣ ва шиканҷа ҳалок нашуда бошад". Сардори Идораи зиндонҳои Тоҷикистон айни замон аз Ҳусейн Абдусамадов ба унвони "як террористи хатарнок" ном бурд, ки гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳонро раҳбарӣ мекард ва низ аз кирдораш ҳаргиз пушаймон нашудааст.

Яке аз наздикони хонаводаи Ҳусейн Абдусамадов ҳам рӯзи 3-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасади ӯро мақомот дирӯз ба наздиконаш доданд ва маросими ҷанозаи ӯ имрӯз дар хонаи яке аз бародаронаш дар атрофи Душанбе, баргузор шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 35-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июли соли 2018 дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар ба онҳо ҳамла карданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ, ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Қотилони сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд? ВИДЕО

Дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуда, шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Гурӯҳи "Давлати исломӣ" чанд рӯз баъд дар сафҳаҳои вобаста ба худ дар интернет, навори видеоии байъати Ҳусейн Абдусамадов ва ҳамроҳонашро ба ДОИШ нашр кард. Ҳарчанд масъулияти ҳамла ба сайёҳонро гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифт, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ҲНИТ даст доштани худ дар ин ҳамларо қотеона рад кард ва ин иттиҳомро як тӯҳмат ба хотири бадном кардани ҳизби сиёсӣ номид.​

Додгоҳи олии Тоҷикистон 21-уми ноябри ҳамон сол Ҳусейн Абдусамадовро ба ҳабси абад маҳкум кард. Ҳусейн Абдусамадов аз рӯи 9 иттиҳом, аз ҷумла ба ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо муттаҳам шуд. Ду тан аз ҳамроҳони ӯ, Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (12)

Вобаста

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG