Абдусамадови 38-сола аз соли 2009 боз бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар зиндон аст. Вайро ба шарикӣ дар ҷиноят, ташкили иттиҳоди ҷиноӣ ва кумак ба вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум карда буданд. Дар пайи татбиқи яке аз қонунҳои афв ҳукми ӯ то чаҳор сол сол поин оварда шудааст.
Ҳоло ӯ ба он муттаҳам аст, ки дар маслиҳати омодагӣ ба ошӯби шаби 19-уми майи имсол дар зиндони шаҳри Ваҳдат ҳузур дошта, аз он мақомотро огоҳ накардааст ва ҳангоми бетартибӣ ба маҳбусони дигар пайвастааст. Ин иттилоъ аз манобеи расмӣ аст ва тасдиқи дурустии он аз манобеи мустақил имкон надорад.
Як мақоми огоҳ аз тафтишот рӯзи 29-уми август бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, "Бахтиёр Абдусамадов аз пеш бо чанд нафаре, ки ошӯбро тарҳрезӣ мекарданд, мулоқот доштааст ва пас аз ним соати оғози ошӯб ба ошӯбгарон ҳамроҳ мешавад."
Ин мақом гуфт, додситонӣ тафтиши парвандаи Бахтиёр Абдусамадов ва беш аз 20 маҳбусеро, ки дар ошӯби зиндони шаҳри Ваҳдат даст доштанд, ба анҷом расондааст.
Қаблан, шумори гумонбарон бештар буд, вале додситонӣ нисбат ба беш аз 20 нафар айб эълон кардааст. Қарор аст, рӯзҳои наздик парванда барои муҳокима ба Додгоҳи олии Тоҷикистон фиристода шавад.
Дар гузашта созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон ба таҳқиқи мунсифонаи ошӯб дар зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат даъват карда буданд. Аз ҷумла, Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа дар Тоҷикистон моҳи июни имсол аз мақомот талаб намуд, сабабҳои сар задани ошӯб "бетарафона ва саривақтӣ" таҳқиқ карда шавад.
Гулчеҳра Шодмонова, модари Бахтиёр Абдусамадов, рӯзи 29-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз ошӯб дигар бо писараш мулоқот карда натавонист ва имкон нашуд, ки асли қазияро аз ӯ бипурсад. Бо ин вуҷуд, ӯ ба бегуноҳии фарзандаш таъкид дорад.
"Гуфтанд, ки нисбат ба ӯ парванда шудааст ва то анҷоми тафтиш нишон намедиҳанд. Бо се модда айбдор кардаанд," -- гуфт Шодмонова.
Ин зан гуфт, ба иттилои дарёфтии ӯ, шаби ошӯб писараш дар шифохонаи маҳбас будааст ва то ҷое медонад, дар он иштирок накардааст.
Дар ошӯби шаби 19-уми май дар зиндони шаҳри Ваҳдат 29 маҳбус ва се нозири зиндон кушта шуд. Мақомот номи маҳбусони кушташударо фавран эълон карданд, вале то ҳанӯз исми онҳое, ки барои ширкат дар ошӯб боздошт шудаанд, маълум нест.
Ошӯб дар зиндони шаҳри Ваҳдат баъд аз ним соли ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд сар зад. Дар ошӯби аввал 23 маҳбус ва ду нозири зиндон кушта шуданд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ, Додгоҳи олии Тоҷикистон охири моҳи июли имсол ҳукми 33 нафарро бо ҷурми ташкил ва даст доштан дар ошӯби зиндони рақами сеи шаҳри Хуҷанд эълон кардааст. Мақомоти Додгоҳи олӣ ҳукмро шарҳ надоданд. Як манбаи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми август гуфта буд, ки се нафар ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 19 то 24 сол ҳукм гирифтаанд.
Вале пайвандони панҷ нафар аз ин маҳкумшудаҳо дар номае ба Омбудсмени Тоҷикистон гуфтаанд, "наздикони мо худро дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳкор намешуморанд, чун ҳамаи нишондоди онҳо зери таъсири шиканҷа гирифта шудааст.” Бо гузашти ду ҳафта ҳанӯз посухи Омбудсмен дастрас нашудааст.
Коршинос бесавод аст, низоми давлатдорие, ки дигарандеширо намепазирад ва токати онро надорад, дер намепояд ва шарманда мешавад. Ин усули муборизаро даврони шурави аллакай аз сар гузаронидааст ва окибаташ маълум. Афсус он барои дигарон дарс нашудааст ва "история повторяется"!
Ба коршинос. Беҳтарин нависандаи фантасти муосири "адабиёти шуравӣ" Абдумалик Баҳорӣ (Худо раҳматаш кунад) буд. Шумо аз Ӯ гузашта наметавонед. Подоши инсон вобаста ба амалҳояш аст. Як бор корҳои ин блогерро дар ютюб тамошо кунед! : " Он вам не Димон".
Агар пули накди аз байн раваду ба чояш муомилаи гайринакди ба рох монда шавад на танхо дар бозорхо балки дар тамоми сохторхо, ин боиси кам шудани корупся низ мегардад
Ин оморро аз кучо мегирифта бошанд? Чи хел хисоб кардед мухтарам оморчиён? Ё шумо хам хатмкардаи институти саньат буда бо ягон авлод хещу таборед??? Равгани 5л 63с буд 90-100с Шакар 1кг 6.5м 11с Орд 50кг168с 240с Гушти лахм 54с 67-70с Картош 1.5-2м 2.5-4с Тухм 30шт 24с 35с ..... Асосаш ин кимат шудани нархи сузишвори аст, ки онро ширкати монополи идора мекунад ва агар онхо камтар навсро доранду аз осмон камтар замин фурояд, онхо метавонанд 25-30% нархи сузишвориро кам кунанд, ки ин автомати нархи дигар махсулотро поён барад. Аммо афсус.... осмон баланд, замин сахт, авлод гушна, гушнаи сернашаванда.
Худут коршиноси раками як хасти . Чои ту кор дар СММ