Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдусамадов дар додгоҳ аз куштани сайёҳон пушаймонӣ накардааст


Ҳусейн Абдусамадов, гумонбари аслӣ дар ҳамла ба сайёҳон дар Себистони Данғара.

Ҳусейн Абдусамадов, муттаҳами аслӣ дар қатли чаҳор ҷаҳонгарди хориҷӣ дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтааст, ки "аз кори кардааш пушаймон нест".

  • Мақомоти Тоҷикистон Ҳусейн Абдусамадов, сокини 33-солаи шаҳри Душанберо раҳбари гурӯҳе медонанд, ки рӯзи 29-уми июл дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан, бо корду табар ба онҳо зарба заданд.
Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ баровард.

Чаҳор ҳамроҳи Абдусамадов - Зафарҷон Сафаров, Асомуддин Маҷидов, Ҷаъфариддин ва Аслиддин Юсуфовҳо дар пайи амалиёти мақомот ҳангоми ҷустуҷӯи ҳамлагарон кушта шуданд. Танҳо ӯ зинда боздошт гардид.

Баррасии парвандаи Ҳусейн Абдусамадов ва 14 нафари дигар рӯзи 23-юми октябр аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Ин 14 нафар дар ҳамла ширкат надоштанд. Онҳо барои кумаки молӣ ва хабар надодан ба мақомот ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Додрас: "Абдусамадов пушаймонӣ накард"

Як додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки қазияи қатли сайёҳонро баррасӣ дорад, мегӯяд, ҳамаи муттаҳамон ба гуноҳи худ иқрор шудаанд. Ин манбаъ рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, қисми бештари гумонбарон пушаймонанд. Аммо ба қавли додрас, Ҳусейн Абдусамадов аз кардаи худ дар додгоҳ пушаймонӣ накардааст.

Бо ин ҳама, ҳамсуҳбати мо гуфт, додгоҳ ба пурсидани шоҳидон шурӯъ кардааст ва рӯзи 29-уми октябр мурофиа идома мекунад. Ин додраси Додгоҳи олӣ гуфт, ки аз ин бештар наметавонад шарҳ диҳад.

Дар ҳамин ҳол, як иштирокдори мурофиа, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Ҳусейн Абдусамадов дар мурофиа гуфтааст, интихоби сайёҳони хориҷӣ барои ин ҳамла ҳадафмандона буд, зеро кишварҳои онҳо дар шикаст додани "Давлати исломӣ" ширкат доштанд.

"Ҳусейн аз ақидаҳои ифротии худ даст накашидааст"

Ҳамсӯҳбати мо, ки дар мурофиа ширкат дошт, мегӯяд, Ҳусейн Абдусамадов раҳбари гурӯҳи ҳамлагарон ба дучархасаворони хориҷӣ будани худро тасдиқ кард. Бардошти ин ширкатдори мурофиа аз баромади Абдусамадов, ки аз ҳама бештар сӯҳбат кардааст, ин аст, ки зоҳиран, ӯ ҳанӯз дар ақидаҳои ифротии худ боқӣ мондааст. Дар посух ба пурсиши додрас низ гуфтааст, "аз кори кардааш пушаймон нест".

"Ҳусейн гуфт, ки куштори шаҳрвандони Аврупо ва Амрико ба он хотир буд, ки гӯё ин кишварҳо бар зидди гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҷанг мекунанд. Гуфт, ки таълимотҳои аввалиро аз Қори Носир гирифтааст, вале дар ин роҳ аз шахсе бо лақаби Нуҳас низ супоришҳо мегирифт. Нуҳас ба гуфтаи Ҳусейн, масъули гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар ҳудуди кишварҳои ИДМ будааст",-гуфт манбаъ. Ӯ Нуҳасро доғистонӣ номида, гуфтааст, аз ӯ дар Русия таълим гирифта буд.

Қаблан телевизионҳо давлатии Тоҷикистон рӯзи 4-уми сентябр дар филме сӯҳбати Ҳусейн Абдусамадовро намоиш дод. Дар он ҷо Ҳусейн Абдусамадов мегуфт, ки ин ҳамларо бо супориши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон анҷом додааст. Ҳарчанд чанд рӯз пас аз ҳамла гурӯҳи тундрави ДИИШ ҳамларо бар дӯш гирифт. Ҳизби наҳзати исломӣ ин ҳамларо маҳкум карда гуфтааст, ки иттиҳомоти мақомот ҳеҷ асос надорад.

"Судя чанд маротиба аз Ҳусейн пурсид, ки аз барои кирдорҳоят пушаймон шудӣ. Абдусамадов хомӯш шуд ва баъди чанд дақиқа гуфт, ки барои хориҷиҳоро куштан пушаймон нестам",-афзуд ҳамсӯҳбати мо, ки ширкатдори мурофиаи додгоҳӣ буд. Ҳусейн Абдусамадов ҳамчунин аз гирифтани вакили дифоъ худдорӣ карда гуфтааст, ба ин эҳтиёҷ надорад.

"Абу Аҳмад дар байни ҷавонон таблиғ мебурд"

Ба қавли ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки дар мурофиаи додгоҳӣ иштирок дорад, Абдусамадов гуфтааст, дар гурӯҳи онҳо Аслиддин Юсупов бо тахаллуси Абу Аҳмад масъули ҷалби ҷавонон буд. Аслиддин Юсупов, сокини шаҳри Норак ҳамроҳ бо бародараш Ҷаъфариддин дар ҳамла ба сайёҳон ширкат дошт.

"Абдусамадов гуфт, ки Аслиддин ё Абу Аҳмад ҷойнишини ӯ буд ва бояд дар байни бачаҳо ақидаҳои "хилофат"-ро таблиғ мекард. Аслиддин як моҳ дар сохтмоне дар маҳаллаи 82-юми Душанбе кор карда, коргарони онҷоро даъват мекардааст. Ӯ ба коргарон наворҳои гӯё ҷанг дар Сурияро нишон дода, мегуфтааст, бояд "ҷиҳод" кунанд",-афзуд манбаъ.

Иштирокдори мурофиаи муттаҳамон дар қатли сайёҳон ҳамчунин гуфт, Абдусамадов иқрор шудааст, ки чаҳор маротиба, дар умум 73 ҳазор рубл аз хориҷа маблағ гирифтаанд.

Ба гуфтаи Ҳусейн Абдусамдов, онҳо нақша доштанд, ки баъди қатли сайёҳон то ором шудани вазъ дар ҷое пинҳон шуда, баъдан ба Афғонистон фирор кунанд. Ба нақли Абдусамадов, дар Афғонистон онҳоро гӯё аъзоёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" мунтазир буданд.

Аммо яке онҳо дар ҳудуди ноҳияи Данғара ва се тани дигар дар марзи ноҳияи Данғара бо Панҷ кушта шуданд. Ҷое, ки се тани онҳо кушта шуданд, ба гуфтаи мақомот наздики 40 километр дуртар аз марзи Афғонистон аст.

Мурофиа аз рӯи қазияи ҳамла ба сайёҳон рӯзи сеюм аст, ки идома дорад. Ҳамла ба ҷаҳонгардони хориҷӣ аз камтарин рухдодҳое аст, ки номи Тоҷикистонро ба сархати расонаҳои ҷаҳонӣ баровард.

Ин ҳамла рӯзи 29-уми июли имсол дар минтақаи Себистони Данғара рух дод. Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Аустин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Нидерландия Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Барои инъикоси мурофиаи муттаҳамон дар қатли сайёҳон на танҳо рӯзноманигорони дохилӣ, балки намояндаҳои расонаҳо аз Аврупо, аз ҷумла аз Ҳолланд омадаанд. Аммо журналистон ба толори мурофиаи роҳ наёфтанд.

Масъулияти ҳамла ба сайёҳонро ҳарчанд гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифтаст, аммо ангушти иттиҳоми мақомоти Тоҷикистон ба сӯи ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ баланд гардид. Аммо ин ҳизб даст доштани худ дар ин ҳамларо рад кардааст

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG