Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Солгарди воқеае, ки номи Тоҷикистонро дар сархати расонаҳои ҷаҳон гузошт. ВИДЕО


Рӯзи 29 июли соли 2018 гурӯҳи ҳафтнафарии сайёҳони хориҷӣ, ки савори велосипед аз ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара мегузаштанд, нахуст аз ҷониби мошини сабукраве пахш шуданд ва баъдан як-як мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифтанд. Дар натиҷа, чор нафар кушта ва се нафар захмӣ гашт.

Ҳодиса ҳамлаи террористӣ унвон гирифт. Кушташудаҳо – ду амрикоӣ, як ҳолландӣ ва як шаҳрванди Швейсария буданд, маҷрӯҳон шаҳрвандони Фаронса ва Швейсария. Хабар дар сархати расонаҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифт ва ин нахустин ҳамлаи террористии гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар ҳудуди Тоҷикистон унвон шуд.

Як дучархаи рамзие, ки баъди ин ҳодисаҳо дар канори роҳи мошингарди ҷамоати Себистон дида шуд, лавҳаи ёдгории қурбониёни ин ҳамлаи мудҳиши террористӣ мебошад, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон гузошта шуд.

Ҳодиса замоне рух дод, ки мақомоти тоҷик зидди ифротгароии ҷомеа муборизаи беамон мебурданд: аз минбари телевизиону мулоқоти рӯбарӯ бо мардум ақидаҳои ифротиро маҳкум ва узвияти шаҳрвандон дар созмону гурӯҳҳои террористии мисли "Давлати исломӣ"-ро амали ғайриқонунӣ меномиданд. Даҳҳо нафар бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳҳои мамнӯъ ваё таваҷҷӯҳ ба ақидаҳои ифротӣ пушти панҷара рафтанд.

Вале ҳодисаҳои Себистони Тоҷикистон барои ҳама ногаҳонӣ ва ғайримунтазира шуд.

Чор моҳ баъд танҳо иҷрокунандаи зиндамондаи ин ҳамлаи террористӣ дар додгоҳ гуфт, ки тавонист барои иҷрои ин амал ҷавонҳои тоҷикеро ҷалб кунад, ки ҳеҷ гоҳ аз Тоҷикистон берун нашуда, на оташи ҷангро дидаанд ва на дар даст силоҳ гирифта буданд.

Ҳусейн Абдусамадов, як шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ки 21 ноябри порсол бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон ба ҳабси абад маҳкум шуд, дар нақзи нӯҳ моддаи Кодекси ҷиноӣ гунаҳгор эътироф шуд. Ин раҳбари гурӯҳи ҳамлагар барои ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, терроризм, ифротгароӣ, одамкушӣ, ҷалби шаҳрвандон ба амалиёти мусаллаҳонаи дигар давлатҳо, муттаҳам шуд. Баъди як сол журналистони амрикоие, ки дар доираи як мустанаде тавонистанд бо ӯ дар зиндон сӯҳбати ихтисосӣ анҷом диҳанд, гуфтанд, ки Абдусамадов як "ифротӣ ва террористи воқеӣ" буда, ҳар лаҳзае, ки озод шавад, омода аст чунин як ҳамларо болои ғарбиҳо такрор кунад.

Дар мурофиаи муттаҳамони ҳамлаи террористӣ ба дучархасаворони хориҷӣ инчунин 14 нафари дигар ҳукм гирифтанд: д​у тан аз муттаҳамони дигар Кароматулло Ғаниев ва Беҳрӯз Сафоев ба 16-соли зиндон маҳкум шуданд. Додгоҳ ҳамчунин 12 муттаҳами дигарро ба мӯҳлати аз як то якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум намуд. Аксари онҳо барои хабар надодан ва ё пинҳон доштани ҷиноят ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, Ҳусейн Абдусамадов раҳбарии гурӯҳи ҳамлагаронро ба ӯҳда дошт ва бо раҳбарии ӯ нахуст ҷаҳонгардони хориҷиро бо мошин пахш намуда, баъдан бо корду табар зарба заданд. Аз миёни панҷ ҳамлавар танҳо Абдусамадов зинда боздошт шуда, чаҳор узви дигари гурӯҳ дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои интизомӣ кушта шуданд.

Дар пайи он чаҳор сайёҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Амрико Остин Ҷей ва Геогҳеган Лаурен Анне Муноз, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рене Виллемм ва шаҳрванди Швейтсария Хамел Маркус кушта шуданд. Ду нафари дигар – шаҳрвандони Швейтсария Дименд Мари Клер ва Постма Ким Ирис осеб диданд.

Таҳқиқи ҳамлаи террористии Себистонро мақомоти ҳифзи қонун анҷом дода, дар ин ҷараён инчунин мутахассисони тафтишотии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Бюрои федеролии тафтишоти ИМА-ро ҳам ҷалб карданд.

Қотилони сайёҳони  хориҷӣ дар Тоҷикистон кӣ буданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:52 0:00

XS
SM
MD
LG