Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

ВКД аз ҳукумат хост, муҳлати сабти симкортҳоро тамдид кунад

Мардум дар дафтари яке аз ширкатҳои мобилӣ барои сабти симкортҳо саф кашидаанд. Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки муҳлати иваз кардани шиноснома барои сабти номи симкортҳо тамдид карда шавад. Муҳлати ивази шиносномаҳои куҳна ба шиносномаи соли 2014 ба хотири сабти ном симкорт рӯзи 15-уми феврал ба анҷом мерасад. Бархе ширкатҳои мобилӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати то ин сана сабти ном накардани симкорт бо шиносномаи нав, симкортҳо хомуш карда мешаванд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз ҳукумат дархост карданд, ки муҳлати иваз кардани шиносномаҳоро тамдид кунанд ва ин дархост феълан дар баррасии дастгоҳи иҷроияи президент аст.

Масъулини Хадамоти шиносномадиҳӣ низ гуфтанд, тибқи маълумоти расмӣ, феълан дар кишвар 3,5 миллион симкортҳое ҳастанд, ки бо шиносномаи куҳна сабти ном шудаанд. Аммо мақомот дар соли гузашта танҳо беш аз 1,2 миллион шиносномаро иваз кардаанд.

Тасмими бо шиносномаи нав сабти ном кардани симкортҳо моҳи феврали соли гузашта бар асоси як қарори ҳукумат шуруъ шуд. Ин тасмим аз оғоз интиқодҳои зиёдеро ба думбол дошт.

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҳам дар охири моҳи январ гуфтанд, дар сурати то 15-уми феврали имсол сабтином накардан бо шиносномаҳои нав ё пластикӣ, мумкин аст, фаъолияти ин симкортҳо қатъ шавад. Сокинон мегӯянд, иваз кардани симкорту шиноснома пулу фурсат мехоҳад ва на ҳама ин имконро дорад.

Бар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон, бояд ҳамаи симкортҳо дар Тоҷикистон бо шиносномаи нав ё пластикӣ сабтином шаванд. Ин тасмим дар соли гузашта анбӯҳи зиёди одамонро дар назди идораҳои шиносномадиҳӣ ҷамъ овард ва интиқодҳои зиёдеро дар пай дошт.

Соли гузашта бархе аз сокинон барои гирифтани шиносномаи нав ва сабти дубораи симкорт соату рӯзҳо дар пушти идораҳои шиносномадиҳӣ интизор мемонданд. Барои иваз кардани шиноснома 10 доллар ё наздики 100 сомонӣ зарур аст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

ВКХ изҳороти Навҷувоновро дар бораи марз "назари шахсии ӯ" хонд

Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов роҷеъ ба масоили марзӣ бо Қирғизистон, танҳо "фикри шахсии ӯст" ва назари расмӣ ба шумор намеравад.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилӣ дар Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кард ва гуфт, "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Ин изҳороти генерали тоҷик вокунишҳои ҷониби Қирғизистонро дар пай дошт.

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ин суханони генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва бинобар ҳамин, назари расмӣ ба шумор намеравад. Ӯ айни замон таъкид кард, ки "ибрози назари генерали тоҷик бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад".

Дар пайи изҳори назари Абдулло Навҷувонов, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умедворанд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Ба блогери тоҷик барои саҳнаи шӯхиомези коронавирус то 7 сол зиндон таҳдид мекунад

Кароматулло Ҷабборов, блогери тоҷик дар Русия.

Иттиҳом нисбат ба Кароматулло Ҷабборов, шаҳрванди Тоҷикистон ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав вазнинтар шудааст.

Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС рӯзи 17-уми феврал бо такя ба вакили мудофеи шаҳрванди Тоҷикистон Роман Шахматов хабар додааст.

"Иттиҳом нисбат ба ӯ аз қисми яки моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия ба қисми дувуми ҳамин модда иваз карда шуд. Ҳамакнун ӯро на танҳо ба авбошӣ, балки ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд. Ин амр ба хотири он сурат гирифтааст, ки дар ин амал (вакилони дифоъ мутмаинанд, ки ин ҳодиса ҷиноят не, балки як ҳодисаи хурд аст) чанд нафар ширкат кардаанд", -- афзуд вакили дифоъ.

Ба гуфтаи вай, бар асоси ин иттиҳом, ба зерҳимояаш то 7 соли зиндон таҳдид мкунад

Қаблан Додгоҳи ноҳияи Черемушки ин блогери тоҷикро барои сабти "пранк" ваё саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав ҳабс кард. Ин шаҳрванди Тоҷикистон он замон танҳо ба авбошӣ муттаҳам шуда буд.

Ӯ то 8-уми март дар боздошт мемонад. Ӯро рӯзи 8-уми феврал дастгир кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, Ҷабборов дар додгоҳ иттиҳоми авбоширо напазируфта, худро бегуноҳ шумурдааст.

Вазорати корҳои дохилии Русия пас аз ҳодисаи саҳнаи шӯхиомез гуфт, сабти "пранк" рӯзи 2-юми феврал дар вагони метрои Маскав, ки аз истгоҳи "Полежаевская" ба тарафи "Улица 1905 года" ҳаракат дошт, сурат гирифтааст.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти ин лаҳзаро дар Интернет гузоштаанд.

Коронавирус дар Чин то кунун беш аз 1800 нафарро кушта ва ҳазорҳо каси дигарро гирифтор кардааст.

Тафтиши парвандаи ҳамла ба рӯзноманигори қирғиз поён ёфт

Болот Темиров, рӯзноманигори қирғиз.

Пулиси шаҳри Бишкеки Қирғизистон таҳқиқи парвандаи ҳамла ба сармуҳаррири сомонаи иттилоотии FactCheck.kg Болот Темировро ба поён расонид.

Ба гуфтаи Болот Темиров, парванда бо моддаҳои ғорат ва авбошӣ таҳқиқ шудааст. Ҳамакнун интизор меравад, парванда ба додгоҳ ирсол шавад.

Рӯзноманигор рӯзи 9-уми январ дар маркази шаҳри Бишкек, наздикии идораи FactCheck.kg аз сӯи се марди ношинос латту кӯб шуд. Ҳамлагарон телефони ӯро рабуданд.

Темиров ҳамларо ба фаъолияти касбиаш рабт медиҳад. Ҷомеаи рӯзноманигории Қирғизистон ҳамла ба Темировро маҳкум кард ва онро талоши "тарс додани рӯзноманигоре, ки ба таҳқиқоти рӯзноманигорӣ машғул аст", номид.

Темир Болотов дар якҷоягӣ бо гуруҳи байналхалқии таҳқиқотгарони Bellingcat дороии муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов ва пайвандони ӯро таҳқиқ кард.

Туркия дар Узбекистон минтақаи махсуси саноатӣ таъсис медиҳад

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев, президентҳои Туркия ва Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Туркия тасмим дорад, дар Узбекистон намояндагии минтақаи махсуси саноатии "Гебзе"-ро таъсис диҳад.

Ҷузъиёти ҳамкорӣ дар бахши таъсиси ин намояндагӣ дар мулоқоти ноиб-президенти Туркия Фуат Оқтой ва вазири сармоягузориву тиҷорати хориҷии Убекистон Сардор Умурзоқов дар шаҳри Анкараи Туркия баррасӣ шуд.

Ба иттилои вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбекистон, ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл, рушди ҳамкорӣ дар доираи барномаи кӯмаки техникӣ ва қарзҳои боимтиёзи ҷониби Туркияро низ баррасӣ кардаанд.

Инчунин ҷонибҳо масоили дигари тиҷориро баҳсу баррасӣ намудаанд.

"Интизор меравад, амалисозии тарҳҳои ду ҷониб барои ба 5 миллиард доллар расонидани гардиши мол байни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард", - хабар медиҳад вазорати сармоягузории Узбекистон.

Сафари Мирзиёев ба Москва ба таъхир афтод

Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин. Тошканд, октябри 2018.

Илҳом Неъматов, нахустмуовини вазири корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, сафари Шавкат Мирзиёев, президенти ин кишвар ба Москва, ки қарор буд, моҳи феврал анҷом шавад, то моҳи июн ба таъхир уфтодааст.

Дар моҳи декабри соли гузашта Неъматов хабар дода буд, ки Мирзиёев 5-уми феврали соли 2020 ба Москва сафар мекунад.

Муовини вазири корҳои хориҷии Узбекистон гуфт, сафари президент ба он хотир то тобистон ба таъхир уфтод, ки "зарурати омодагии бештар пеш омад".

"Баргузории форумҳои байниминтақавӣ, таҳсилотӣ ва расонаӣ, инчунин таъсиси гӯшаи "Узбекистон" дар ВДНХ дар назар аст",-гуфт Илҳом Неъматов.

Хабар дода мешавад, дар ин сафар форумҳои минтақаҳо ва ректорҳо, форуми расонаҳо ва дигар чорабиниҳо ташкил хоҳад шуд.

Талаби ҳабси якумрӣ барои қотилони нозири ҷангали Қазоқистон

Мурофиаи муттаҳамон дар қатли нозири ҷангал дар Қазоқистон.

Айбдоркунандаи давлатӣ барои гумонбарони парвандаи куштори нозири коргоҳи давлатии "Охотзоопром"-и Қазоқистон Ерлан Нургалиев, сӯиқасд ба ҷони ҳамкори вай Петр Нитсик ва шикори ғайриқонунии сайга ҳабси якумрӣ хост.

Рӯзи 17-уми феврал дар шаҳри Қарағандаи Қазоқистон мурофиаи навбатӣ баргузор шуда, дар он додситон хост, се гумонбари парванда -- Берик Аҳмадов, Кайрат Акшанов ва Нурлан Шукилдиков ҳабси якумрӣ ва гумонбарони боқӣ -- Берден Базаров, Батирбек Кайирбеков, Жарасхан Мирзобоев ва Айдос Акимо, ки дар шикори ғайриқонунии сайга айбдоранд, 6-солӣ зиндонӣ шаванд.

Додситон ҳамчунин талаб кард, ки дархости пардохти ҷуброни моддӣ ва маънавӣ барои ҷониби ҷабрдида қонеъ карда шавад.

Вакилони мудофеи айбдоршавандагон дар навбати худ аз додгоҳ хостанд, ки моддаи кушторро иваз кунад, зеро гумонбарон қасди кушторро надоштанд.

Синни айбдоршавандаҳо, ки шуморашон ба 7 тан мерасад, аз 32 то 53-солро ташкил медиҳад.

Ба иттилои тафтишот, айбдоршавандаҳо огоҳ буданд, ки шикори сайга мамнуъ аст. Ҷуброни зарари шикори 17 сар сайга, ки айбдоршавандаҳо нобуд кардаанд, наздики 115 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Тафтишот мегӯяд, нозирони ҷангал талош карданд, ки шикорчиёнро боздошт кунанд, аммо шикорчиён сӯи нозирон тир кушодаанд. Нозири ҷангал Ерлан Нургалиев аз тири шикорчиён вафот кард.

Ҳуқуқшиноси чинӣ баъди талаби истеъфои Сӣ Ҷинпин боздошт шуд

Ҳомии ҳуқуқ дар Чин Сюй Чжио барои интиқод аз сиёсатҳои ҳукумат боздошт шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи Чин мегӯянд, ҳуқуқшинос ва фаъоли маданӣ Сюй Чжиюн, ки истеъфои президенти ин кишвар Сӣ Ҷинпинро талаб карда буд, боздошт шудааст.

Ба гуфтаи онҳо, боздошти фаъоли маданӣ гоми навбатии мақомоти Чин барои маҳдуд кардани озодии баён ва талоши назорати иттилоъ дар бораи паҳншавии коронавирус аст.

Чжиюн, ки ташаббускои маъракаи иҷтимоии "Ҳаракати шаҳрвандони нав" аст, дар хонаи ҳамкасбаш - Ян Бин дар вилояти Гуанжоу дастгир шудааст.

Ҳамсар ва писари соҳибхонаро низ барои "кумак кардан" дар пинҳоншавии Чжиюн боздошт кардаанд. Вале рӯзи якшанбе онҳо дубора озод шуданд. Ба иттилои "Садои Амрико", пулис қазияро ба рӯзноманигорон шарҳ надодааст.

Сюй Чжиюн аз моҳи декабри соли гузашта, пас аз он ки пулис ҷустуҷӯи иштирокдорони ҷаласаи махфиеро дар шаҳри Сямин оғоз кард, пинҳон мешуд. Дар он чорабинӣ ҳудуди 20 фаъоли маданӣ ва ҳомии ҳуқуқ иштирок карда буданд.

Чжиюн моҳи феврали соли равон бо нашри як навишта раҳбари Чинро интиқод карда, гуфт, ӯ аз уҳдаи ҳалли мушкилиҳои мавҷуда, аз қабили паҳни коронавирус ва эътирозҳо дар Ҳонгконг намебарояд.

Чжиюн пештар барои маъракаи ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони дохилӣ ва талоши ифшои дороии мансабдорон чор сол зиндонӣ шуда буд.

Омӯзгорони туркман вазифадор шуданд, қаламу дафтарҳои сабз истифода кунанд

Яке аз мактабҳои Ишқобод. Акс аз бойгонӣ.

Омӯзгорони мактабҳои миёнаи Туркманистон вазифадор шудаанд, ки қалам (ручка) ва дафтари якранг истифода кунанд.

"Аз омӯзгорони синфҳои 2, 4 ва 7 талаб шудааст, дафтари сабз ва 5-донаӣ аз қаламе бихаранд, ки бо расми қолини туркманӣ ороиш ёфтааст. Нархи дафтар 50 манат ва қалам 45 манат аст (қурби расмии 1 доллар 3,5 манат аст) иттилоъ дод хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 17 феврал.

Ба гуфтаи хабарнигор, худкори мазкур гаронтарин дар Туркманистон буда, онро аз хориҷ меоранд. "Ин навъи қалам дар Туркманистон истеҳсол намешавад. Онҳоро тариқи фармоиш дар Русия, Туркия ва Чин истеҳсол карда, сипас ба Туркманистон меоранд",-афзуд хабарнигор.

Дафтари сабз ва қаламҳои ороишёфта бо расми қолини туркманӣ барои он зарур аст, ки омӯзгорон дар ҷаласаҳо ёддоштҳои лозимиро қайд кунанд.

Дар мактабҳои Туркманистон бар иловаи талаби доштани қаламу дафтари якранг симои зоҳирии омӯзгорону хонандагон, аз ҷумла сару либоси онҳо низ сахт назорат мешавад.

Шумораи гирифторони вирус дар ҷаҳон аз 71 000 нафар гузашт

Пизишки чинӣ

Шумораи тасдиқшудаи гирифторон ба коронавирус дар саросари ҷаҳон аз 71 ҳазор нафар гузашт. Беш аз 70 ҳазор ҳолатро дар Чин ба қайд гирифтаанд.

Шумораи фавтидагон ба 1770 нафар расид.

Комиссияи миллии нигоҳдории тандурустии Чин рӯзи 17-уми феврал гузориш дод, ки боз 105 ҳодисаи фавти одамон бар асари коронавирус дар Чин ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин миён мақомоти Ҷопон аз олуда шудани 70 нафари дигар дар киштии Diamond Princess хабар доданд, ки дар соҳили Ҷопон дар карантин аст. Ҳамин гуна шумораи беморон дар ин киштӣ ба 355 кас расидааст.

Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Токио гуфт, ду ҳавопаймои супоришии Амрико, ки дар он амрикоиҳои киштии Diamond Princess ҳастанд, Ҷопонро тарк карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи 17-уми феврал гуфт, 14 амрикоӣ, ки санҷиши тиббиашон мусбат баромад ва дар миёни зиёда аз 300 шаҳрванди Иёллоти Муттаҳида ва аъзои оила буданд, аз киштӣ кӯчонида шуданд. Онҳо пас аз расидан боз 14 рӯз дар карантин хоҳанд буд. Ин киштӣ аз 3-юми феврал ба сабаби олуда шудани мусофиронаш ба коронавируси нав нигоҳ дошта мешавад.

Энтони Фаучӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи миллии аллергия ва бемориҳои сироятии Амрико, ба телевизиони CBS гуфтааст, наздик ба 40 амрикоии дар ин киштӣ ба вирус олудашуда дар Ҷопон табобат карда хоҳанд шуд.

Дар Узбекистон сокинон ба ҳимоят аз манзилҳояшон бо табару бел бархостанд

Сокинони ноҳияи Олтинсойи Сурхондарё барои ҳимоят аз манзилҳояшон бо табару бел бархостанд. 16-уми феврали, 2020.

Дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон сокинони ноҳияи Олтинсой зидди он кормандони пулис, ки барои тахриби хонаҳояшон рафта буданд, бо табару бел бархостанд, Дар натиҷаи занозанӣ як сокини осоишта ва ду корманди пулис захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи шоҳидон, субҳи 14-уми феврал гуруҳи кормандони пулис, додситонӣ ва ҳукумати ноҳияи Олтинсой ба маҳаллаи "Халқобод" рафта, сокинонро огаҳ кардаанд, ки хонаҳояшон тахриб хоҳад шуд. Хабари тахриби манзилҳои зист боиси сар задани занозанӣ миёни ҷонибҳо шудааст.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, кормандони пулис зидди онҳо аз нерӯи ҷисмонӣ кор гирифтаанд. "Онҳо мардумро монанди саг мезаданд. Бинед, чи гуна кормандони ҳифзи ҳуқуқ одамони бегуноҳро латукӯб карда, дар рӯи замин кашола доранд. Бинед, чи хел онҳо мӯйсафеди бечораро мезананд",-мегӯяд, шахсе, ки наворро сабт дорад.

Вале Шуъбаи пулиси ноҳияи Олтинсой мегӯяд, сокинони "Халқобод" ба кормандони пулис, ки мехостанд, мардуми ҷамъшударо ором созанд, муқовимат нишон додаанд. Бархе сокинон бо чӯб, бел ва табар ба кормандони пулис ҳамла карданд.

Дар натиҷаи задухӯрд шаш сокини "Халқобод" боздошт, вале биноҳои бунёдшудаи "ғайриқонунӣ" тахриб нашудаанд.

Додситонии кулли Узбекистон 16-уми феврал бо нашри як изҳорот дар рух додани ҳодисаи "Халқобод" хонаводаҳоеро айбдор кард, ки зидди тахриби "хонаҳои бунёдшудаи ғайриқонунӣ" бархостанд.

Пулис нагузошт, сокинон шикояташонро ба Назарбоев расонанд

Эътирозгарон дар шаҳри Нурсултон. 17-уми феврал, 2020.

Пулиси шаҳри Нурсултон субҳи 17-уми феврал роҳи даҳҳо эътирозгареро баст, ки ба самти қароргоҳи президенти Қазоқистон равон буданд.

Эътирозгарон, ки шуморашон наздики 60 нафар буд, мулоқот бо президенти пешин ва раиси якумрии Шӯрои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, духтари ӯ - раиси сенати порлумон Дариға Назарбоева ва раиси дастгоҳи президент Ерлан Кошановро талаб доранд.

Ба қароргоҳи президент ҳамчунин соҳибони манзилҳои баҳсӣ, қарздорони ипотека ва гуруҳи сокиноне мехостанд, ворид шаванд, ки аз ҳукми додгоҳҳо нисбат ба наздикону пайвандонашон норозиянд. "Ҳарчанд талаби мо гуногун аст, вале ҳамаамон аз мақомот адолатро мехоҳем",-гуфтанд тазоҳургарон.

Дар миёни онҳое, ки аз ҳукми додгоҳҳо норозиянд, сокинони минтақаҳои гуногуни Қазоқистон низ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, мушкилашон танҳо бо дахолати раҳбари Қазоқистон, аз ҷумла президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев ҳал мешавад.

Мулоқоти Саида Мирзиёева бо Иванка Трамп дар Дубай

Саида Мирзиёва, духтари президенти Узбекистон бо Иванка Трамп, духтари президенти ИМА дар Дубай мулоқот кард. 16-уми феврали 2020.

Рӯзи 16-уми феврал дар шаҳри Дубай Анҷумани ҷаҳонии бонувон оғоз шуд. Дар рӯзи аввали анҷуман Саида Мирзиёева, духтари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёева ҳамчун узви Комиссияи баробарии гендерӣ дар ин кишвар баромад кардааст.

Мирзиёева пеш аз оғози анҷуман дар Telegram навиштааст, ки ӯ бо Иванка Трамп, духтари Доналд Трамп вохӯрдааст. "Пеш аз оғози Анҷумани ҷаҳонии бонувон президенти Бонки ҷаҳонӣ Дэвид Малпасс маро бо Иванка Трамп шинос намуд",-навиштааст вай.

Духтари Мирзиёев дар суханронияш Имороти Муттаҳидаи Арабиро барои лоиҳаҳои навоваронаи занона бештар муносиб дониста, гуфтааст, барои табодули таҷриба дар ин замина кишвари муҳим аст.

"Таърихи тӯлонии Узбекистон таърихи бонувони мо ҳам ҳаст. Ҳоло замоне расидааст, ки бояд ба онҳо имконият дод, то тавоноӣ ва қобилияти худро бидуни маҳдудият ва тарс нишон диҳанд",-изҳор доштааст Мирзиёева.

Дар мавриди баробарии гендерӣ дар Узбекистон Мирзиёева гуфт, ки имрӯз дар ин замина ба пешрафтҳои бесобиқае ноил шудаанд, вале "бо хатарҳои нав ҳам рӯбарӯ мешавем". Ба гуфтаи ӯ, бонувони узбек дар деҳот, ки бо кишоварзӣ машғул ҳастанд, ба дастгирӣ ниёз доранд.

Саида Мирзиёева то чанде пеш муовини раҳбари Оҷонси иттилоот ва робита бо ҷомеаи назди президенти Узбекистон буд. Ӯ 29-уми январ бо хоҳиши худ аз мақомаш истеъфо дода, гуфт, Бунёди ҷамъиятии пуштибонӣ ва рушди расонаҳои миллиро таъсис додааст.

Дар маросими муаррифии бунёд Саида Мирзиёева гуфт, бо тамоми имконот ва таҷрибааш талош хоҳад кард, ки аз озодии баён ҳимоят кунад, шаффофияти кори мақомотро таъмин ва ҳуқуқу манфиатҳои рӯзноманигорону блогнависонро ҳифз намояд.

Додситонӣ хабари додани пора ба раъйдиҳандагон дар Ӯшро шарҳ дод

Раъйдиҳӣ дар Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Раёсати шаҳрии корҳои дохилии Ӯши Қирғизистон тафтиши ибтидоии бо ришваву пора ҷалб кардани раъйдиҳандагонро шуруъ кард. Дар ин бора Додситонии кулли Қирғизистон хабар медиҳад.

Дар хабари додситонӣ омадааст, ки мақомоти назоратӣ иҷрои қонунҳои интихоботиро дар давраи маъракаи интихоботи маҳаллӣ назорат мекунанд. Мақомот ҳамчунин тағйири дастаҷамъии қайди ҷойи зисти сокинонеро месанҷанд, ки дар остонаи интихобот аз деҳот ба шаҳр "кӯчидаанд".

Ба иттилои додситонӣ, пулис тафтишот мебарад ва роҳбарони мизҳои шиносномадиҳии шаҳри Ӯш дар бораи роҳ надодан ба қонуншиканӣ огоҳонида шудааст.

Пештар аз ин Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон хабар дод, ки дар остонаи интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар чанде аз шаҳрҳо якбора боло рафтани шумори сокинон мушоҳида мешавад. Ин масъаларо дар порлумони Қирғизистон низ баррасӣ карданд.

Ба иттилои комисия, интихоби вакилони маҳаллӣ 12-уми апрели имсол дар 5 шаҳр - Ӯш, Майлуу-Суу, Қарақӯл, Балиқчӣ ва Токмак баргузор мешавад.

Қатъи интернет дар Қазоқистон ва талоши мақомот барои ислоҳи вазъ

Рӯзи якшанбеи 16-уми феврал дар Қазоқистон аз кор мондани чанде аз сомонаҳои интернетӣ, аз ҷумла сомонаи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, Youtube ва хизматрасонҳои Google мушоҳида шуд.

Корбарони аз суръати кунди Интернет шикоят доранд. Мушкили дастрасӣ ба паёмрасони Telegram чанд рӯз аст, ки давом дорад.

Берик Уалӣ, сухангӯи президенти Қазоқистон хабар дод, ки Қосимҷомарт Тоқаев дастур дод, "фаъолияти ҳамаи сомонаҳову шабакаҳо барқарор шавад". Тоқаев айни ҳол бо сафари корие дар Олмон қарор дорад.

Қатъи дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ, ба вижа шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қазоқистон давоми чанд соли охир асосан шабона рух медод. Мақомоти Қазоқистон қатъи дастрасиро ба "мушкилоти техникӣ" рабт медоданд. Фароҳамкунандагони Интернет мавҷудияти "мушкили техникӣ"-ро рад мекарданд.

Қатъи густардаи Интернет дар Қазоқистон 9-уми май ва 9-уми июни соли 2019 низ рух дода буд. Он замон сокинон бо нишони эътироз ба кӯча баромаданд ва мақомот қисме аз эътирозгаронро боздошт карданд.

Мақомоти қудратии Қазоқистон ҳаққи қатъи Интернет ва васоили иртибототиро дар ҳолатҳои фавқулодда доранд.

Зодгоҳи Бердимуҳаммадов беҳтарин ноҳия эълон шуд

Минтақаи Геокдепини вилояти Аҳал. Акс аз бойгонӣ.

Ноҳияи Геоктепини Туркманистон барандаи озмуни беҳтарин ноҳияҳои он кишвар дар соли 2019 эълом ва соҳиби 1 миллион доллари ИМА шуд.

Ба навиштаи расонаҳо, маросими ҷоизасупорӣ рӯзи 13-уми феврал дар деҳаи Изганти ноҳияи Геокдепин сурат гирифт. Дар ин маросим ноиби сарвазир, вакилони порлумон, роҳбарони вилоятҳову ноҳияҳо, намояндаи созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигарон ширкат карданд.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон фармон дар бораи тақдими 1 млн долларро 7-уми феврал имзо карда буд.

Бердимуҳаммадов дар ноҳияи Геокдепин таваллуд шудааст. Ба ҷуз ин, ноҳияи мазкур дар ҳудуди вилояти Ахал ҷойгир аст, ки то чанде пеш ин вилоятро Сардор Бердимуҳаммадов, писари президент идора мекард. Сардор тобистони соли 2019 раиси вилояти Ахал таъйин шуда буд.

Дар даврони роҳбарии Сардор Бердимуҳаммадов ин вилоят нахустин шуда, нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахтаро иҷро кард ва ҳамчунин барои сохтмони маркази нави маъмурӣ аз буҷаи давлат 1,5 миллиард доллар дарёфт кард.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов рӯзи 7-уми феврал писарашро вазири саноат ва сохтмони Туркманистон таъйин кард.

Узбекистон эътироф кард, ки дар ҳаводиси Андиҷон мардумро нерӯҳои ҳукуматӣ паронданд

Неруҳои қудратӣ дар яке аз хиёбонҳои Андиҷон. 17-уми майи соли 2005.

Муовини Додситони кулли Узбекистон Светлана Ортиқова эътироф кард, ки 13-уми майи соли 2005 дар Андиҷон ба самти сокинони осоишта на гуруҳҳои мусаллаҳ, балки нерӯҳои ҳукумати ин кишвар оташ кушода буданд.

Ортиқова дар суҳбат бо расонаи Qalampir.uz гуфт, бархе аз мансабдорони давлатӣ, ки дар оташкушоӣ ба сӯи сокинони осоишта даст доштанд, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Вале ӯ ному насаби муҷозотшудаҳоро дақиқ нагуфт. "Бархе аз онҳо аллакай ба зиндагии муқаррарии худ баргаштаанд",-афзуд Ортиқова.

Тошканди расмӣ то ба имрӯз мегуфт, ки сокинони осоиштаро на нерӯҳои ҳукуматӣ, балки гуруҳҳои мусаллаҳ паронданд.

Ортиқов дар посух ба суоли ин ки чаро то ҳол дар бораи ҳаводиси Андиҷон озод ҳарф зада намешуд, гуфт, дар се соли ахир Узбекистон тағйир ёфтааст. "Он замон Узбекистон пушида буд. Он вақт ҳамкории мо бо расонаҳои хориҷӣ хеле сахт буд. Имрӯз Узбекистони нав ва сиёсати дигар дорем. Имрӯз озодии сиёсии нав дорем. Ҳатто мову шумо низ нав шудаем",-изҳор дошт муовини додситони кулли Узбекистон.

Ортиқова дар шарҳи ронда шудани намояндагони расонаҳои байналмилалӣ ва рӯзноманигорон илова кард, ки "он замон вазъ инро талаб мекард".

Бино ба иттилои ҳукумати Узбекистон, дар ҳаводиси Андиҷон 187 кас кушта шудаанд. Вале шоҳидони маҳаллӣ мегӯянд, шаби 13-уми майи соли 2005 дар Андиҷон садҳо, эҳтимол дорад, ҳазорҳо одам кушта шуданд.

"Facebook" рӯзона миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунад

Марк Сукерберг, бунёдгузори шабакаи иҷтимоии "Фейсбук".

Бунёдгузори шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" Марк Сукерберг гуфт, маъмурияти шабака ҳамарӯза беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинеро пок мекунад, ки барои пешбурди маъракаҳои сиёсии ҳукуматҳои гуногун боз шудаанд.

"Дар ҳоли ҳозир мо рӯзона беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунем. Дурӯғин будани бештари ин саҳифаҳо ҳамагӣ баъд аз чанд соати боз шуданашон маълум мешавад. Аксари онҳо ба ниҳодҳои давлатие рабт надоранд, ки мехоҳанд ба интихобот таъсир расонанд. Вале бидуни шак, баъзе аз онҳо як қисми маъракаи ҳукуматҳоянд", - изҳор дошт Сукерберг дар як конфронси байналмилалӣ дар Мюнхен.

Ба гуфтаи ӯ, Фейсбук пас аз моҷарои марбут ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 сиёсати пайгирии фаъолияти корбаронро тағйир дод. Он замон Русияро айбдор карданд, ки бо роҳандозии маъракаи иттилоотӣ, аз ҷумла дар "Фейсбук" ба президент Доналд Трамп мусоидат кард, баранда шавад.

Сукерберг ҳамчунин пештар гуфта буд, ки "Фейсбук" аз соли 2016 сиёсати ҷойгир кардани эълонҳоро тағйир додааст. Ҳар нафаре, ки мехоҳад, эълони сиёсӣ ҷойгир кунад, бояд нахуст иҷозат гирифта, маҳалли будубош ва маълумоти шахсии худро тасдиқ кунад. Дар натиҷа корбарон низ хоҳанд дид, ки эълонро кӣ фармоиш додааст.

Маъмурияти "Фейсбук" борҳо саҳифаҳоеро пок кардаанд, ки ба гуруҳи русии ба истилоҳ, "Оҷонси интернетии таҳқиқотӣ" рабт доранд. Ин гуруҳ бо номи "фабрикаи троллҳо" низ маълум аст. Маҳз фаъолияти он дар доираи парвандаи дахолат ба интихоботи президентии ИМА тафтиш мешуд.

Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, Доналд Трамп "хато мекунад"

Муҳаммад Ҷавод Зариф дар нишасти амниятии Мюнхен дар Олмон. Акс аз рӯзи 15-уми феврали соли 2020.

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфт, агар Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико бовар дорад, ки ҳукумати Эрон зери фишори афзояндаи иқтисодӣ аз ҳам мепошад, пас тавсияҳои нодуруст мегирад. Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт:

“Раиси ҷумҳур Трампро мутмаин кардаанд, ки мо ба зудӣ аз ҳам мепошем ва барои ҳамин ӯ бо режими дар ҳоли фурӯ рехтан гуфтугӯ намекунад. Фикр мекунам, нодуруст мегӯяд. Онҳо мегӯянд, ки дар пайи тағйири режим нестанд, вале дар асл ҳаминро мехоҳанд ва дар 41 соли гузашта хостаанд. Ва дар 41 соли гузашта ноком шудаанд. Онҳо бояд фақат воқеияти Эрон дар минтақаро эътироф кунанд.

Доналд Трамп баъди берун кардани Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон дар соли 2018 таҳримоти фарогири иқтисодӣ ба зидди ин кишварро барқарор кард. Ба қавли ӯ созиш ба қадри кофӣ сахтгирона нест ва монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ намешавад. Таҳримот дар як соли ахир ба иқтисодиёти Эрон осеби зиёд расонд ва пули кишварро беқурб кард.

Нӯҳ нашъаманди бехонаро дар шаҳри Кобул куштаанд

Маъмурони амниятӣ ҳангоми дастгир кардани мӯътодони маводи мухаддир дар Кобул. Акс аз 24-уми октябри соли 2017.

Афроди мусаллаҳ дар шаҳри Кобул 9 мӯътоди маводи мухаддири бехонаро бо зарби тири туфанг куштаанд. Мақомоти Афғонистон гуфтанд, ки ҳодиса шоми 15-уми феврал рух додааст. Фаромарзи Таманно сухангӯи пулис гуфт, яке аз мӯътодонро захмӣ пайдо карда ва ба шифохона бурдаанд. Сабабҳои қатли нашъамандон маълум нест. Пулис ба таҳқиқи ҳодиса шуруъ кардааст.

Истеъмоли маводи мухаддир дар Афғонистони ҷангзада, ки бузургтарин тавлидкунандаи ҳероин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, рӯ ба афзоиш овардаст. Як таҳқиқи саросарӣ нишон додааст, ки дар кишвари 37 миллионнафарии Афғонистон тақрибан аз 3 то 3 миллиону 600 ҳазор нафар маводи мухаддир истифода мебаранд.

Бекории густурда, набуди хадамоти муносиби иҷтимоӣ ва ҳам дастрасии осон ба маводи мухаддир ба гуфтаи Шукур Ҳайдарӣ, муовини вазири мубориза бо маводи мухаддир сабаби ин “бӯҳрони иҷтимоӣ” дар Афғонистон шудааст.

Вазири амрикоӣ, созиш бо Толибонро "умедворкунанда" номид

Марк Эспер ҳангоми суханронӣ дар конфронси амниятии Мюнхен. 15-уми феврали соли 2020.

Марк Эспер, вазири дифои Амрико гуфт, созиши кишвараш ва Толибон барои коҳиши якҳафтаинаи хушунат дар Афғонистон “бисёр умедворкунанда” ба назар мерасад, аммо аз хатар орӣ нест.” Ӯ рӯзи 15-уми феврал дар конфронси амниятии Мюнхен дар Олмон гуфт, фурсати он расидааст, ки барои хотимаи ҷанги тақрибан 19-сола аз роҳи ҳалли сиёсӣ “ба сулҳ имкон бидиҳем.” Айни замон ӯ афзуд: “Яъне бояд хатарҳоеро ҳам пазируфт.”

Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Афғонистон рӯзи 15-уми феврал гуфт, созиш шарту шароит дорад ва зоҳиран ҳафтаҳои наздик ниҳоӣ мешавад. Дар баёния омадааст, як мақоми Амрико ба Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки Толибон омодаи “даст кашидан аз хушунат ва пазируфтани як ҷомеаи гуногунандеш” ҳастанд.

Муҳоҷирон бо пулиси Босния ҷанҷолу кашмакаш карданд

Муҳоҷире дар урдӯгоҳи Мирал дар шаҳри Велика Кладуса. Акс аз 14-уми феврали соли 2020.

Садҳо муҳоҷир бо талош барои тарки як урдӯгоҳи паноҳандагон дар Босния ва Ҳерсеговина бо маъмурони пулис даст ба гиребон шудаанд. Онҳо айни замон аз шароити бади урдӯгоҳ ва бадрафтории посбонҳои марзи Хорватия эътироз доштаанд. Ҳоло маълум нест, касе маҷруҳ шудааст, ё на. Ҷанҷолу кашмакаш рӯзи 15-уми феврал дар урдӯгоҳи Мирал дар ғарби Босния ва дар 10 километрии марзи Хорватия рух дод. Дар урдӯгоҳ, ки барои 300 нафар ҷой дорад, 1000 муҳоҷирро нигаҳ медоштаанд.

Хабаргузории “Рейтерс” гузориш дод, ки баъзе аз муҳоҷирон, “Озодӣ”, “Пули моро баргардонед” ва “Дигар моро назанед” фарёд мекашиданд. Аксарияти ин муҳоҷирон аз рафтори посбонҳои марзи Хорватия шикоят кардаанд, ки ба гуфтаи онҳо, ҳангоми саъйи муҳоҷирон барои убур бо онҳо бадрафторӣ карда, пас гардондаанд.

Салам Бату, яке аз муҳоҷирон бо “Рейтерс” гуфтааст, ки дар гузаргоҳи марзӣ, маъмурони амниятии Хорватия либосҳои онҳоро кашидаанд ва “ҳама чизашонро гирифтаанд.” Мақомоти Хорватия ин иддаоҳоро рад кардаанд. Ба гуфтаи ҳукумати Босния аз соли 2019 то кунун тақрибан 50 ҳазор муҳоҷир аксаран аз Покистону Афғонистон, Ироқу Марокаш ва Сурия барои расидан ба кишварҳои ғарбии Иттиҳодияи Аврупо аз қаламрави Босния ва Ҳерсеговина убур кардаанд. Тақрибан 6 ҳазор нафари онҳо мондаанд ва дар урдӯгоҳу паногоҳҳои мувақаттӣ нигаҳ дошта мешаванд.

Cтолтенберг пешниҳоди Эммануел Макронро рад кард

Йенс Столтенберг ҳангоми суханронӣ дар як нишасти хабарӣ дар Брюссел дар рӯзи 13-умти феврали соли 2020.

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, пешниҳоди Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро рад кард, ки хост, аслиҳаи атомии Фаронса ба маҳаки стротегияи мудофиаи Аврупо табдил дода шавад. Ӯ гуфт, чатри муҳофизатии муассири Амрико Бритониё, ки барои Аврупо то ҳол буд, кофист.

Йенс Столтенберг рӯзи 15-уми феврал дар шаҳри Мюнхени Олмон ба хабарнигорон гуфт, чатри муҳофизатии ҳастаие, ки то ҳол 28 кишвари Иттиҳодияи Аврупо доранд, “Озмоишу имтиҳон карда шудааст ва кафолати ниҳоии амнияти Аврупо аст.” Айни замон ӯ Фаронсаро, як ҳампаймони соҳибэҳтироми НАТО номид, ки ба қавли ӯ тавоноии атомиаш дар таъмини амнияти умумии кишварҳои узв кӯмак кардааст.

Эманнуел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса бо назардошти хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо талош дорад, ки низоми мудофиавии Иттиҳодияи Аврупо бознигарӣ шавад. Фаронса ягона узви мусаллаҳ бо бомби атомӣ дар иттиҳодия мондааст ва Эманнуэл Макрон мехоҳад, Аврупо дигар ба замонатҳои амниятии Амрико ҳам такя накунад ва стротегияи мустақили мудофиавӣ дошта бошад. Фаронса агарчӣ узви НАТО аст, вале бомбҳои атомии худро барои муҳофизати аъзои дигари созмон пешниҳод намекунад.

Вокуниши як мақоми марзбонии Қирғизистон ба изҳороти генерали тоҷик

Абдукарим Олимбоев (дар байн аз тарафи рост) ҳамроҳи ҳамтоёнаш аз Тоҷикистон. Моҳи декабри соли 2019

Як мақоми баландпояи нирӯҳои марзбонии Қирғизистон ба суханони генерал Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар бораи мақоми Бодканд вокуниш кард.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон, рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфтааст, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Вилояти Бодканд бо ноҳияи Исфара ҳаммарз аст ва аксар муноқишаҳои марзӣ байни сокинони ду минтақа рӯй медиҳад.

Бино ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл карда ва гуфтааст: "Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Абудкарим Олимбоев дар вокуниш ба ин изҳорот гуфтааст, "ман ҳам метавонам изҳор дорам, ки ҳудуди Ворух ва Чоркӯҳ пурра ба Қирғизистон рабт дорад. Аммо бояд фаҳмем, ки масъалаи қаламрав – масъалаи бисёр нозуку ҳассос аст. Ҳалли ин масъала ба тақдири ҳазорон мардуме, ки дар минтақаҳои наздимарзӣ зиндагӣ мекунанд, рабт мегирад."

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умевдоранд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Тоҷикистон ҳанӯз ба ин мавзуъ вокуниш накардааст.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

"Гурӯҳи 24" пуштибониашро аз ҲСДТ ва номзадҳои он эълон кард

Дар акс: Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Сӯҳроби Зафар, раиси ҷунбиши фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24"

Як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихоботи порлумонии моҳи март эълон кард.

"Гурӯҳи 24" рӯзи 10-уми феврал бо нашри баёнияе аз аъзову намояндаҳо ва ҳаводоронаш хост, ки нисбат ба интихобот ва номзадҳои ҲСДТ бетараф набошанд. "Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ягона ҳизби мустақили сабтиномшуда дар Тоҷикистон ва шоистаи пуштибонӣ дар интихобот аст", -- гуфта шудааст дар баёния.

Фаъолияти "Гурӯҳи 24" шаш сол боз дар Тоҷикистон мамнуъст. Масъулони созмон фаъолиятҳои худро сиёсӣ медонанд, аммо мақомоти тоҷик экстремистӣ эътироф кардаанд.

Вокуниши раҳбарияти Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба эълони "Гурӯҳи 24" ҳанӯз маълум нест.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти имсол баргузор мешавад. Масъулони Кумисюни марказии интихобот гуфтанд, 241 номзад вориди сабқат шудаанд ва барои соҳибӣ ба 63 курсии вакили Маҷлиси Намояндагон талош доранд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба ин сабқат бо панҷ номзад ворид шудааст, ки дар садри он Раҳматилло Зоиров, раиси ҳизб қарор дорад.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ин дам дар порлумон ҳеч курсӣ надошт. Дар интихоботҳои гузашта мақомот гуфта буданд, ки ҳизб овози заруриро ба даст наовардааст. Раҳбарияти ҲСДТ бовар дорад, ройи тарафдорони онҳо "дуздидаанд".

Фаъолияти "Гурӯҳи 24", ки ҳамакнун аз Ҳизби сотсиал-демократ дар ҷараёни интихоботи порлумонӣ ҳимоят кардааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олӣ манъ шуд. Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст, ки соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми узвият ва тарафдорӣ аз ин ҷунбиш дастгиру зиндонӣ шудаанд.

Як гуруҳ аз аъзои пешини ин гуруҳ баъди бозгашт ба Тоҷикистон афв шудаанд ва соли гузашта дар номае аз Додгоҳи олӣ хостанд, ки фаъолияти созмонро иҷоза бидиҳад, аммо дархости онҳо рад шуд.

Солҳои охир раҳбарони “Гурӯҳи 24” бештар тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд. Онҳо асосан дар Туркияву Русия ва кишварҳои аврупоӣ ҳузур доранд.

Помпео гуфт, Амрико ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ $1 млрд медиҳад

Майк Помпео ҳангоми суханронӣ дар нишасти амниятии Мюнхен

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико, гуфт, Вашингтон ба Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ як миллиард доллар кумак мекунад, то аз вобастагии минтақа ба энержии Русия пешгирӣ шавад.

Помпео инро дар суханронии рӯзи 15-уми феврал дар нишасти амниятии Мюнхен баён кард.

Ӯ афзуд, кумаки молии Вашингтон тавассути барномаи "Ибтикори се баҳр" ҷудо карда мешавад.

Дар миёни баҳрҳои Сиёҳ, Адреатикӣ ва Балтика, 12 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо ҷойгир ҳастанд.

Ин ибтикор барои ончи бархе аз мақомҳои ғарбӣ муқобила бо хатари вобастагии беш аз ҳад ба энержии Русия хондаанд, рӯйи даст гирифта шудааст.

Русия бузургтарин таъминкунандаи гази табиӣ ва нафт ба Аврупо ба шумор меравад.

Ёфтҳои бештар

Дубай Хӯҷа Каримовро ба Тоҷикистон таслим кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Дубай Хӯҷа Каримовро ба Тоҷикистон таслим кард
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

Қарори манъи истифодаи таксиҳои куҳна бозбинӣ мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00
XS
SM
MD
LG