Порлумони Ироқ қонуни нави интихоботро қабул кард. Ин санад барои номзадҳои мустақил имкони бештари пирӯзиро дар интихобот фароҳам хоҳад овард.
Тақозои эътирозгарони ироқӣ низ маҳз қабули қонуни нав дар бораи интихоботи порлумонӣ буд. Тибқи қонуни нав ҳар яке аз 18 вилояти Ироқ ба ноҳияҳои интихоботӣ тақсим шуда, аз байни сад ҳазор аҳолӣ як вакили мардумӣ интихоб хоҳад гардид.
Бар пояи ин қонун, ҳизбҳо наметавонанд, дар асоси рӯйхати ягона номзадҳояшонро пешбарӣ кунанд. Дар гузашта ба ҳамин васила ҳизбҳо имкон доштанд, ки тамоми курсиҳои маҷлисҳои вилоятҳоро ишғол кунанд.
Акнун курсӣ насиби номзаде мешавад, ки дар ҳавзаи муайян беш аз дигарон овоз ба даст овардааст. Аз моҳи октябри имсол дар гӯшаҳои гуногуни Ироқ эътирозҳои зиддиҳукуматӣ ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар он фасод, бекорӣ ва низоми нокомили сиёсӣ дар Ироқ танқид шуд.
Дар ин муддат дар эътирозҳо беш аз 400 нафар кушта шуданд. Эътирозгарон на танҳо қабули қонуни нави интихобот, балки истеъфои тамоми сиёсатмадоронро талаб намуда, исрор меварзиданд, ки дар кишвар сарвазире бидуни узвият дар кадом як ҳизбе интихоб шавад.
Сарвазири Ироқ Одил Абдулмаҳдӣ моҳи гузашта зери фишори эътирозгарон ба истеъфо рафт. Ӯ то интихоби сарвазири нав вазифаҳояшро иҷро мекуанд.