Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷулианӣ мегӯяд, барои бегуноҳии Трамп далел дорад


Рудӣ Ҷулианӣ, вакили мудофеи президенти ИМА гуфт, дар ҷараёни сафари ахираш ба Будапешт, Вена ва Киев вай шавоҳид ва ҳуҷҷатҳоеро пайдо кардааст, ки бегуноҳии Трампро дар доираи парвандаи изҳори нобоварӣ собит мекунанд. Ҷулианӣ ҳамзамон гуфт, ҳуҷҷатҳои ёфтааш, "тамоми ҳақиқат"-ро дар бораи раванди изҳори нобоварӣ ошкор мекунанд.

Ҳуқуқшиноси Трамп дар саҳифаи Твиттер навишт, ки "баъди пажуҳиши чандсадсоата ва кори чандинмоҳа" хулосагирӣ кардааст. Вай ҳамчунин ваъда кард, ки натиҷаи корашро дар "Твиттер" нашр мекунад. Виктор Шокин, додситони кулли пешини Украина дар суҳбат бо вакили мудофеи Трамп гуфтааст, ноиб-президенти пешини ИМА Ҷо Байден талош кард, ки Шокинро аз мақом биронанд. Зеро, Байден намехост, додситони кулли Украина фаъолияти писари ноиб-президенти ИМА-ро таҳқиқ кунад. Шокин ҳамчунин иддао кард, ки талош шудааст, ӯро заҳролуд созанд.

Ҷулианӣ менависад, эъломи нобоварӣ - ин талоши демократҳо ба хотири пешгирӣ аз пажуҳиши "пулшӯии бисёрмиллиарддоларӣ, порахӯрӣ ва робитаҳои демократҳо бо Украина ба хотири бадномсозии номзадии Трамп" аст.

Ҷулианӣ ҳамчунин бо додситонии кулли дигари Украина Юрий Лутсенко ва ду вакили порлумони Украина мулоқот кардааст. Дақиқ нест, ки вай бо намояндагони ҳукумати Украина ҳам мулоқот доштааст ё на.

Тафтиши имкони изҳори нобоварӣ ба Трамп пас аз як суҳбати телефонии ӯ бо президенти Украина Владимир Зеленский оғоз шуд. Демократҳои Маҷлиси намояндагони ИМА иддао доранд, ки Трамп дар суҳбати телефонии моҳи июли соли равон ба Зеленский фишор овардааст, то зидди рақиби сиёсияш Ҷо Байден дар Украина тафтишот оғоз шавад ва бинобар ин, кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев ба таъхир гузошта шудааст. Вале Трамп мегӯяд, фишор наовардааст.

Яке аз иттиҳомҳои дигар зидди Трамп ба худдории ӯ аз иштирок дар раванди тафтишот марбут аст. Кохи Сафед додани шоҳидии як қатор кормандони калидии худро дар ин замина манъ кард.

Худи президент ва ҷонибдоронаш мегӯянд, ҳеч гуна қонуне поймол нашудааст ва демократҳо бо ангезаҳои сиёсӣ мехоҳанд ӯро аз мақом барканор кунанд.

XS
SM
MD
LG