Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин ва Зеленский дар Париж мулоқот мекунанд


Президентҳои Украина ва Русия рӯзи 9-уми декабр дар Париж барои гуфтугӯи деринтизор оид ба ҳалли муноқишаи низомӣ дар шарқи Украина вомехӯранд, ки дар он аз соли 2014 ба ин тараф зиёда аз 13 ҳазор нафар кушта шудаанд.

Гуфтугӯи миёни президенти Украина Владимир Зеленский ва ҳамтои русаш Владимир Путин аз ҷониби президенти Фаронса Эммануэл Макрон ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар форуми ба ном "Нормандия" кумак мекунад.

Бори аввал аст, ки сарони Украина ва Русия аз соли 2016 ба ин тараф вомехӯранд ва ин нахустин нишаст миёни Путину Зеленский аст, ки моҳи апрел интихоб шуда буд.

Маскав дахолати рӯиростро дар муноқишаҳои миёни гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дар шарқи Украина ва ҳукумати Киев рад мекунад, ҳарчанд Русия ба ҷудоихоҳон дастгирии низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ мерасонад ва далелҳои ҷиддии иштироки низомии Русия низ ҳастанд.

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ моҳи ноябри соли 2016 қарор қабул кард, ки ҷанг дар шарқи Украина "як ҷанги мусаллаҳонаи байналмилалӣ миёни Украина ва Федератсияи Русия аст”. Кремл мехоҳад, то ба қадри имкон нуфузашро ба Киев нигоҳ дорад ва замини ҷудоиталабонро, ки дар Донбасс пуштибонӣ мекунанд, ҳамчун фишанг истифода барад.

XS
SM
MD
LG