Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади табибе, ки “ҷонашро барои Афғонистон қурбон кард”, ба Токио расид


Ҷасади Накамура дар фурудгоҳи Токио. Ҳамсар ва дигар наздикони табиби кушташуда ба пешвози ҷасад омадаанд
Ҷасади Накамура дар фурудгоҳи Токио. Ҳамсар ва дигар наздикони табиби кушташуда ба пешвози ҷасад омадаанд

Ҷасади табиби 73-сола Тетсу Накамура, як табиби ҷопонӣ, ки давоми даҳсолаҳо дар шарқи Афғонистон кору зиндагӣ мекард, барои хоксупорӣ ба ватанаш Ҷопон оварда шуд. Накамура рӯзи 4 декабр ҳамроҳ бо панҷ муҳофизи афғон ва дигар ҳамкоронаш аз тири туфанг кушта шуд. Мақомоти ҳукумати Ҷопон баробари ба Токио расидани ҷасад барои арзи эҳтиром ба ҳамсар ва фарзандони табиб дар фурудгоҳ маросими ёдбуд барпо карданд. Накамура раҳбарии созмони ҷамъиятии “Хамоти тибби Ҷопон барои сулҳ”-ро ба ӯҳда дошт ва моҳи апрел бо қарори президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо мақоми шаҳрванди ифтихорӣ мукофотонида шуд.

Ҳеҷ гурӯҳ ё нафаре масъулияти куштор дар шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳорро ба ӯҳда нагирифтааст. Накамура соли 2003 бо ҷоизаи “Рамон Магсайсей” қадрдонӣ шудааст, ки онро ҷоизаи Нобели осиёӣ ҳам меноманд.

Сухангӯи президенти Афғонистон куштори мардеро, ки ба гуфтааш, “зиндагии худро барои тағйир додани зиндагии мардуми афғон бахшид ва дар самти мудирияти об, сарбандҳо ва беҳбуди анъанаҳои кишоварзӣ дар Афғонистон кор кард”, бисёр “нафратовар” хонд.


XS
SM
MD
LG