Додгоҳи шаҳрии Алматои Қазоқистон 28 ноябр ҳукми олими чиншинос Константин Сироежкинро тағйир дод.
Моҳи октябри соли ҷорӣ додгоҳи зинаи поёнӣ ин олимро дар хиёнат ба давлат айбдор ва даҳ сол зиндонӣ кард. Додгоҳ ҳамчунин ҳукм карда буд, ки шаҳрвандии Сироежкин бекор ва баъди адои ҷазо аз кишвар ихроҷ шавад. Бар асоси ин ҳукм, вай ҳақ надошт, ки давоми панҷ соли баъди адои ҷазо ба Қазоқистон ворид шавад.
Ҳамакнун додгоҳи зинаи болоӣ "ҷазои иловагӣ": аз кишвар ихроҷ ва маҳрумсозӣ аз шаҳрвандиро бекор кард.
Сироежкини 63-сола, шаҳрванди Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар робита ба ошкор шудани сирри давлатӣ боздошт шуд. Мақомоти Қазоқистон ҷузъиёти парвандаро ошкор намекунанд. Расонаҳо бори аввал аз боздошти Сироежкин дар моҳи май иттилоъ доданд.
Нашрияи Wall Street Journal (WSJ) 10 июли соли ҷорӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки "эҳтимол дорад, Сироежкин ҳуҷҷатҳои махфиеро дар ивази маблағ ба ихтиёри Чин гузоштааст". Нашрияи мазкур менависад, мақомоти Чин парвандаи олимро "бофта унвон мекунанд". Ба навиштаи WSJ, Сироежкин ҳангоми сарвазир будани президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев мушовири вай дар умури Чин буд.
Сироежкин муаллифи бештар аз ҳазор мақола аст. Вай сар аз соли 2006 ба ин тараф дар Институти таҳқиқотҳои стратегии назди президенти Қазоқистон фаъолият дошт.