Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти хабарии президенти Украина 14 соат идома кард


Президенти Украина Владимир Зеленский нишасти хабарии бузургеро баргузор кард. Он 14 соат идома ёфт. Дар нишаст даҳҳо рӯзноманигор ба президенти Украина суол доданд ва бештари онҳо ба суҳбати телефонии баҳсбарангезаш бо президенти ИМА Доналд Трамп ва вазъ дар Донбасс рабт доштанд.

Зеленский дар мавриди суҳбат бо Трамп гуфт, намехоҳад, ки Украина ба масъалаи сиёсати дохилии ИМА кашида шавад. Вай бори дигар изҳор дошт, ки Трамп ба ӯ фишор наовардааст ва тафтишот зидди писари муовини пешини президенти ИМА Ҷо Байден дар асоси қонун ва бо дархости додситонии Амрико сурат хоҳад гирифт.

Яке аз мавзуъҳои дигари суҳбати президенти Украина бо рӯзноманигорон вазъ дар Донбасс, пеш аз ҳама санади ба истилоҳ "формулаи Штайнмайер" буд, ки дар гуфтугӯҳои Минск имзо шуд. Ин санад, ки мақомҳои махсусро барои ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луҳанск пешбинӣ мекунад, эътирози сокинони Украинаро ба бор овард.

Зеленский гуфт, аз "Майдони нав" ҳарос надорад ва барои Донетску Луҳанск вақте мақоми нав дода мешавад, ки дар ин замина қонун ба имзо бирасад. Ба гуфтаи ӯ, масъалаи мазкур пас аз саммити "шакли нормандӣ" ҳал хоҳад шуд. Президенти Украина гуфт, мехоҳад ба баҳси "шакли нормандӣ" масъалаи Қримро низ шомил кунад, зеро "ҳама чиз бо ишғоли он дар соли 2014 оғоз шуд".

Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, Украина муҳлати ихроҷи нерӯҳоро нақз мекунад. Ӯ ҳамчунин Киевро ба он айбдор кард, ки гӯиё талош дорад, кори "формулаи Штайнмайер"-ро ба ҳам бизанад. Вай таъкид кард, ки агар дар робита ба иҷрои созишномаи Минск натиҷаҳои дақиқ дида нашавад, саммити "чаҳоргонаи нормандӣ" лозим нест.

XS
SM
MD
LG