Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Конгресс суҳбатҳои Трампу Путинро меҷӯянд


Раиси Кумитаи иттилоот ё иктишофи Маҷлиси Намояндагони Амрико гуфт, дар пайи ба даст овардани суҳбатҳои телефонии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла президенти Русия Владимир Путин аст.

Адам Шифф, вакили демократ аз Калифорния, рӯзи 29-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони NBC далели ин корро "нигаронӣ аз эҳтимоли ба хатар афтодани амнияти миллии Амрико" донист.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", вай гуфтааст, "ба назари ман, ҳифзи амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида кори зарурӣ аст ва бояд бинем, ки оё раиси ҷумҳур дар суҳбат бо раҳбарони ҷаҳон, бахусус Путин, амниятро дар баробари манфиати шахсӣ зери суол бурдааст ё не".

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 27-уми сентябр гуфт, барои Трамп муносиб нест, ки матни суҳбатҳояшро бо Путин нашр кунад.

Дар ҳамин ҳол, расонаҳои амрикоӣ хабар доданд, ки Кохи Сафед дастрасӣ ба матни суҳбатҳои "мушкилзо"-и Трамп бо раҳбарони хориҷӣ, аз ҷумла Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудиро ба шиддат маҳдуд кардааст.

Як маъмури Хадамоти махсуси Амрико ва ҳамзамон ифшогари суҳбати Доналд Трамп бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, низ гуфтааст, мақомдорони Кохи Сафед сабти суҳбатҳоро мумкин аст, дар махзан ё сервери махфӣ ҷой кардаанд.

Кумитаи Адам Шифф шикояти ин маъмури Хадамоти махсусро баррасӣ дорад, ки иддао кард, ҳангоми суҳбати телефонии моҳи июли имсол Трамп аз Зеленский хостааст, таҳқиқи зидди Ҷо Байден, рақиби эҳтимолиаш дар интихоботи соли 2020 ва писараш Ҳантерро оғоз кунад.

Ҷо Байден аз номзадҳои асосии демократҳо барои интихоботи президентии соли ояндаи Амрико аст. Намояндагони ин ҳизб раиси ҷумҳур Трампро муттаҳам кардаанд, ки дар тамос бо раҳбари хориҷӣ дар пайи манфиати шахсӣ будааст.

Трамп эътироф кардааст, ки дар суҳбати телефонӣ бо раиси ҷумҳури Украина Байденро баҳс кардааст, вале фишор болои Зеленскии 41-сола ва сиёсатмадори навқадамро комилан рад кардааст.

Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, ҳафтаи гузашта дастур дод, ки расмиёт барои раъйи адами эътимод ё изҳори нобоварӣ ба раиси ҷумҳур Доналд Трампро оғоз кунанд.

Бино ба Қонуни асосии Амрико, президент барои хиёнат, порагирӣ ё ҷиноятҳои дигари вазнин метавонад аз мақомаш маҳрум шавад.

Ду президенти пешини Амрико Эндрю Ҷонсон дар соли 1868 ва Билл Клинтон дар соли 1998 бо изҳори нобоварӣ рӯ ба рӯ шуда буданд, вале Сенат онҳоро "орӣ аз хато" эълон кард. Соли 1974 президент Ричард Никсон дар пайи таҳдиди импичмент аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG