Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беш аз 700 хона дар Қазоқистон оташ гирифт


Оташсӯзии бузурге дар ноҳияи Темиртауи Қазоқистон рӯзи 29-уми август рух дод.

Бино ба иттилои пешакӣ, бештар аз 700 манзили истироҳатӣ ё дачаи бесоҳиб оташ гирифтааст. Дар ин оташсӯзӣ ду зани солхӯрда ҷароҳат бардоштанд. Онҳо дар бемористон табобат мегиранд.

Оташ шоми ҳамон рӯз хомӯш карда шуд.

Сабабҳои дақиқи ин оташсӯзӣ ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳамчунин зиёни моддии он ҳам дақиқ нагардидааст.

XS
SM
MD
LG