Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борис Катаев профессори ифтихории Донишкадаи фарҳанги Тоҷикистон шуд


Борис Катаев дар маросими тақдими унвони профессори ифтихорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Июни соли 2019
Борис Катаев дар маросими тақдими унвони профессори ифтихорӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода. Июни соли 2019

Борис Катаев, коргардони маъруфи театр ва корманди собиқадори телевизиони Тоҷикистон, ки дар ИМА ба сар мебарад, бо унвони профессори ифтихории Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода қадрдонӣ шуд. Борис Катаеви 75-сола зимни боздиди ахираш аз Душанбе тобистони имсол дар маросиме дар донишкадаи ҳунарҳои Тоҷикистон ин унвонро аз ректор Хайриддин Усмонзода ба даст овард.

Борис Катаев дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 28 август аз шаҳри Ню-Йорк гуфт, ки барои ӯ ин сафар ва ҳам гирифтани унвони донишкадае, ки замоне худаш дар он ҷо дарс гуфтааст, мояи ифтихор аст. Катаев гуфт, соли ҷорӣ бо ҳадафи ширкат дар таҷлили 55-солагии таъсиси ансамбли эстрадии “Гулшан” ҳамроҳ бо ҳамсари овозхон ва замоне узви ин гурӯҳи ҳунарӣ Тамара Катаева ба Душанбе рафт.

Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"
Таблои таблиғотии намоишномаи "Ҳофизи ҷаноби олӣ"

Борис Катаев мегӯяд: “Бо дархости маъмурияти донишкада барои донишомӯзони тоҷик чанд рӯз аз рӯи касби режиссерӣ мастер-класс додам, як филмамро намоиш додам. Як сабти видеоии спектакламро ҳам бурда будам, онро намоиш додам. Даврони шӯравӣ як спектакли маъруф бо номи “Баъди ин хомӯшӣ” (“А дальше тишина“ дар иҷрои Раневская ва Плятт) буд. Ман онро дар ин ҷо, дар Амрико ба саҳна гузоштам ва дар Душанбе нишон додам. Инчунин як намоишномаи дигар бо номи “Ҳофизи ҷаноби олӣ” дорам, ки дар бораи Амир Олимхон ва овозхони дарбор Левича-ҳофиз аст, онро нишон додам. Баъди ин шӯрои илмии донишгоҳ даъват ва ба ман унвони профессори ифтихорӣ тақдим шуд”.

Борис Катаев мегӯяд, аз чунин қадрдониҳо бисёр сарбаланд мешавад, чунки, ба гуфтааш, “Тоҷикистон – нури чашми ман аст, ман бисёр дӯст медорам Тоҷикистонро. Чунки то он мартабае, ки ман расидам, илме, ки ман гирифтам, ҳамааш дар Тоҷикистон буд”.

Коргардони маъруф мегӯяд, рӯзе нест, ки хабарҳои тоза дар бораи Тоҷикистонро пайгирӣ накунад: “Ҳар рӯз Радиои Озодиро мебинам, барномаҳои телевизионии шуморо мебинам, гӯш мекунам. Бе Тоҷикистон ман худро ҳис карда наметавонам”.

Тамара ва Борис Катаевҳо
Тамара ва Борис Катаевҳо

Борис Катаев сесола буд, ки соли 1947 хонаводааш аз зодгоҳ – шаҳри Самарқанд ба Душанбе кӯчиданд ва ӯ аз синни 16-солагӣ дар баробари таҳсил дар мактаб ба кор дар соҳаи ҳунару фарҳанг пардохт. Корро нахуст аз театри драмавии русии ба номи Маяковский ба ҳайси устои бутофория (маводи ҳунарӣ барои намоишномаҳо) шурӯъ кардааст. Дар 17-солагӣ нақши Собирро дар намоишномаи “Пролог”-и Шамсӣ Қиём бозӣ кардааст, ки дар бораи бунёди нирӯгоҳи Норак қисса мекард. Хатмкардаи Институти санъати Тоҷикистон (имрӯз Донишкадаидавлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) буда, баъди хатми донишгоҳ дар Филармония ва телевизиони давлатии Тоҷикистон ба ҳайси режиссер ё коргардон кор кардааст.

Борис Катаев баъди тарки Тоҷикистон ҳамсараш бо ҳамсараш Тамара Катаева – овозхони насли аввали ансамбли эстрадии “Гулшан” ва хонаводааш дар Ню-Йорк ба сар мебаранд. Муассиси театри мусиқиву драмавии яҳудиёни Бухоро ба номи Борис Катаев дар шаҳри Ню-Йорк аст.

XS
SM
MD
LG