Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургмеҳр Ёров номзад ба дарёфти Ҷоизаи Васлав Ҳавел шуд


Вакили дифои зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров номзад ба дарёфти Ҷоизаи солонаи ҳуқуқи башар ба номи Васлав Ҳавел шуд. Ин ҷоиза ҳамасола ба фаъолони ҳуқуқи башар дар Аврупо ва берун аз он дода мешавад.

Дар баробари Бузургмеҳр Ёров барои дарёфти ин ҷоиза дар соли 2019, инчунин Илҳом Тухтӣ, фаъоли ҳуқуқи башари уйғур аз Чин, ки дар зиндон ба сар мебарад ва низ созмони Youth Initiative for Human Rights, ки дар Балкан барои ҳуқуқи башар мубориза мебарад, пешниҳод шудаанд. Барандагони ин ҷоиза 30-юми сентябр эълон хоҳанд шуд.

Вакили дифои маъруф Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби дар Тоҷикистсон мамнуи Наҳзати исломӣ дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ ва таҳқири президент айбдор шуд. Додгоҳ соли 2017 ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Ҷоиза аз сӯи Китобхонаи Васлав Ҳавел, Бунёди "Хартия-77" ва Маҷмаъи парлумонии Шӯрои Аврупо таъсис дода шудааст. Маблағи он 60 000 евроро ташкил медиҳад ва ҳар сол ба афроди алоҳида ва созмонҳои фаъол дар масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқи башар дода мешавад.

Ин ҷоиза аз соли 2013 то ба ҳол ба Алес Биалиатский (Белорус), Анор Маммадлӣ (Озарбойҷон), Людмила Алексеева (Русия), Нодия Мурод (Ироқ) ва Мурод Арслон (Туркия) тақдим шудааст.

Ин ҷоиза ҳар сол моҳи октябр эъто шуда, ба маҳзи муборизаи тӯлонии Васлав Ҳавел барои демократия ва ҳуқуқи башар ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст. Ин адиби дигарандеши чех, ки бо намоишномаҳои театриаш маъруф буд, дар даврони коммунистҳо таҳти таъқиби тӯлонӣ қарор дошт. Ӯ баъди суқути коммунизм раисиҷумҳури Чехословакия ва баъди ҷудо шудани он ба ду кишвар нахустин раисиҷумҳури Чехия шуд. Ҳавел соли 2011 дар синни 75 даргузашт.

XS
SM
MD
LG