Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маҳбус аз зиндони Тошканд фирор кардааст


Маҳбуси 43-сола Олимҷон Абдуллоев тақрибан як моҳ пеш аз зиндони сукунатии рақами 51-и шаҳри Тошканд фирор кардааст.

Ба гуфтаи як корманди Раёсати зиндонҳои Узбекистон, Абдуллоев ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Ҳамсуҳбати мо гуфт, маҳбуси фирорӣ бо ҷурми "куштори барқасдона" 20 сол зиндонӣ шуда буд.

"Пас аз адои 15 соли ҷазо ӯро ба бахши сукунатӣ интиқол дода буданд. То ба озодӣ баромаданаш 5 сол монда буд. Вале бо афроди ҷинояткор созиш карда, шиносномаро дарёфт ва фирор намудааст",-афзуд ӯ.

Яке аз маҳбусони зиндони рақами 51 гуфт, Абдуллоев дар маҳбас кафшергар буд ва ба гурехтани ӯ меҳнати иҷборӣ сабаб шудааст.

"Яке аз раҳбарони зиндон ҳар моҳ аз ӯ 100 доллар талаб мекард. Ба Абдуллоев гуфта буд, ки "агар пулро пардохт кунӣ, инҷо ором мегардӣ". Абдуллоев устои хуб буд. Вайро маҷбур мекарданд, ки ҳар моҳ дарвозаҳои хуб бисозад. Вале вақтҳои ахир аз дарди чашм ранҷ мебурд. Ба воситаи Телеграм ба ман навишт, ки аз ин фишорҳо хаста шуда, фирор кардааст. Фаҳмида мешавад, косаи сабраш лабрез шудааст",- изҳор дошт маҳбус.

Як корманди маҳбаси рақами 51 гуфт, дар ҳоли ҳозир таҳқиқ доранд, ки чаро хабари фирори маҳбус махсус дер эълом шудааст.

XS
SM
MD
LG