Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифат ба сохтмони қаҳвахона дар минтақаи бостонии Бухоро


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Саидҷон Мақсудов, тоҷири 34-сола иҷозаи сохтмони қаҳвахонаро дар канори мадрасаи Нодир Девонбегӣ дар маркази Бухорои Узбекистон пайдо кард. Додани иҷозаи сохтмон норозигии фаъолони фарҳангӣ ва блогнависони маҳаллиро ба бор овард. Як мақомдорои ҳукумати шаҳри Бухоро гуфт, ҷудосозии замин барои сохтмони қаҳвахона 26-уми августи соли 2018 қонунӣ анҷом шудааст.

"Дар кӯчае ки Мақсудов мехоҳад, қаҳвахона созад, манзили падараш ҷойгир аст. Он манзилро давлат соҳиб шуд. Дар иваз барои Мақсудов 120 метри мураббаъ замин ҷудо карданд. Дар ин замин вай наметавонад, хонаи бисёрошёна созад. Ба вай иттилоъ доданд, ки набояд ёдгориҳои таърихиро хароб кунад",-гуфт манбаъ.

Саидҷон Мақсудов гуфт, ният дорад, дар ин замин қаҳвахона ва маркази иттилоотии сайёҳӣ созад. "Муҳимтар аз ҳама - дар ин макон барои сайёҳон ҳоҷатхона сохта мешавад. Шумо медонед, ки камбуди ҳоҷатхона дар Бухоро дида мешавад",-гуфт Мақсудов.

Блогнависи маҳаллӣ Умед Ғафуров мегӯяд, боғчаи наздики мадрасаи Нодир Девонбегӣ ҷузъи ҷудонашавандаи зебоии шаҳр аст. Вай мегӯяд, буридани дарахтони ин боғча ва сохтани қаҳвахона кори нодурст аст.

Вазири фарҳанги Узбекистон Бахтиёр Сайфуллоев дар соли 2018 гуфта буд, ки дар саросари Узбекистон ба 259 мероси фарҳангӣ зиёни ҷиддӣ расонида шудааст. Ба гуфтаи вай, бисёре аз иншоот ба далели сохтмонҳои нав дар наздикии онҳо зарар дидаанд.

XS
SM
MD
LG