Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмато озодии "ҳомии қазоқтаборони Чин"-ро талаб карданд


Ба ҷонибдорӣ аз роҳбари созмони сабтиномнашудаи "Атажурт ериктилерӣ" Серикҷон Билаш, ки ҳомии ҳуқуқи қазоқтаборон ҳам ном бурда мешавад, имрӯз, 29 июл дар назди бинои шаҳрдории Алмато ҳамоиши эътирозӣ баргузор шуд.

Алмат Маратулӣ ва Исо Курманбек ба назди бинои шаҳрдории Алмато омада, норозигии худро ба таъқиби Билаш баён карданд. Билаш феълан дар ҳабс буда, ба "ангехтани бадбинӣ" айбдор мешавад.

"Серикҷон Билаш зидди ягон миллат ё дин набаромадааст. Бинобар ин, ба назари мо, парвандаи ӯ беасос аст. Бо ин эътирози худ мехоҳам, ба раванди мурофиаи додгоҳии Билаш, ки имрӯз оғоз шуд, таъсир расонам", - изҳор дошт Алмат Маратулӣ. Эътирозгарон дар даст навиштаи "Озодӣ ба Билаш"-ро доштанд.

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон имрӯз баррасии парвандаи Серикҷон Билаш бо иштироки даҳҳо ҷонибдораш оғоз шуд.

Серикҷон Билаш, қазоқтаборе, ки аз Чин ба Қазоқистон кӯч бастааст, дар "роҳбарӣ ва ширкат дар фаъолияти созмони сабтиномнашуда" айбдор мешавад. Ӯ дар гузашта гуфта буд, ки бо айбнома розӣ нест. Ба гуфтаи Билаш, гуруҳи таъсисдодаи вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касоне кумак мерасонад, ки дар Шинҷони Чин зери фишор буданд. Аъзои гуруҳ ҳеҷ гуна ҳуҷҷат паҳн намекунанд ва муҳру имзо надоранд.

XS
SM
MD
LG