Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Ҷеенбеков дар марзи Ворух-Оқсой вомехӯранд


Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи ҷумъа дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой вомехӯранд ва сипас дар шаҳри Исфара ба музокироти худ идома медиҳанд.

Ин мулоқоти аз қабл барномарезишуда дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи се рӯзи гузашта ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 25-уми июл иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Ҷеенбеков дар минтақаи марзии Ворух-Оқсой бо сокинони маҳаллӣ вохӯрӣ анҷом дода ва сипас дар шаҳри Исфара гуфтугӯҳои худро идома медиҳанд.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли Акрам Мадумаров, намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон хабар дод, ки интизор меравад Сооронбой Ҷеенбеков фардо, ҷумъаи 26-уми июл ба манотиқи марзии Бодканд ва Исфара сафар кунад. Оқои Мадумаров ҳамзамон боз шудани роҳи Оқсой-Ворухро тасдиқ кардааст.

Роҳи Исфара-Ворух боз шуд

Рафтуомад аз маркази шаҳри Исфара ба самти ҷамоати Ворух сар аз субҳи панҷшанбеи 25-уми июл имконпазир шудааст. Ҳаракат дар ин масир дар пайи муноқишаи рӯзи 22-юми июл, қатъ шуда буд. Мақомоти ҳукумати Исфара субҳи панҷшанбеи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки панҷ тан аз захмиёнеро, ки дар бемористони Ворух мунтазири боз шудани роҳ буданд, ба бемористони марказии Исфара интиқол доданд.

Карима Ҳакимова, сардухтури бемористони Ворух ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки ин панҷ захмӣ, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доштанд, субҳи имрӯз ба шаҳри Исфара бурда шуданд. Табибон қаблан вазъи ин захмиёнро ҷиддӣ арзёбӣ карда ва гуфта буданд, ки ба ҷарроҳӣ ниёз доранд.

Ба гуфтаи мақомоти Исфара, ҳоло роҳ боз аст ва ҳаракати нақлиёт дар ин масир озодона сурат мегирад. Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара гуфт, ки боз шудани роҳ, натиҷаи музокироти дурӯзаи мақомоти баландпояи ду кишвар мебошад.

Муноқишаи ахир дар марз

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки баъд аз зӯҳри 22-юми июл оғоз шуд, як сокини Исфара кушта кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта шуд. Дар рӯзи аввали муноқиша ҳамчунин Расул Шомирсаидзода, як афсари пулиси раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ захм бардошт.

Муноқиша дар Ворух рӯзи 23-юми низ идома кард ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ин рӯз корманди дигараш Фаррух Тошхӯҷаев дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуд. Масъулини ВКД гуфтанд, Тошхӯҷаев аз тири камон ё сочма захмӣ шуд. Ҳамзамон тарафи Қирғизистон иттилоъ дод, ки як марзбонаш дар пайи муноқишаи рӯзи 23-юми июл бо захми тир ба бемористон интиқол дода шуд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳи 22-юми июл шурӯъ шуд. Ҷониби Қирғизистон шумораи захмиҳои худро 17 нафар гуфт, ки 14 тани онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ шуданд. Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ шумораи маҷрӯҳони ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи аввали ҳодисаро 10 нафар эълон кард.

Марзи пур аз моҷаро

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG