Пайвандҳои дастрасӣ

Дар рӯзи дуюми муноқишаи марзӣ як полиси тоҷик ва як марзбони қирғиз маҷрӯҳ шуданд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 23 июл як корманди дигараш дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон захмдор шудааст. Ҳамзамон тарафи Қирғизистон иттилоъ дод, ки як марзбонаш бо захми тир ба бемористон интиқол дода шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки рӯзи 23 июл як корманди дигараш дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон захмдор шудааст. Дар ин ҳодиса, ба иттилои мақомоти Қирғизистон, як марзбони ин кишвар ҳам аз тири силоҳ маҷрӯҳ шудааст.

Дафтари матбуотии ВКД-и Тоҷикистон шоми 23-юми июл ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки Фаррух Тошхӯҷаев, корманди шуъбаи милисаи Ворух дар ҷараёни муноқишаҳои наздимарзӣ захмдор шудааст. Масъулини ВКД гуфтанд, Тошхӯҷаев аз тири камон ё сочма захмдор шуда, феълан дар беморхона мебошад. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар як даргирӣ аз зӯҳри сешанбе як марзбони Қирғизистон аз пояш захмӣ гаштааст.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, вазъ дар марз феълан зери назари мақомоти тоҷику қирғиз қарор дорад.

Фаррух Тошхӯҷаев дуюмин корманди милисаи Тоҷикистон мебошад, ки дар ҷараёни муноқишаи наздимарзӣ бо Қирғизистон захмдор мешавад. Пеш аз ӯ Абдурасул Шомирсаидзода, подполковники милиса ва сардори Маркази иттилоотии Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, аз тири камон ҷароҳат бардошта буд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳи 22-юми июл шуруъ шуда ва ба гуфтаи шоҳидон ҳоло низ фурӯкаш нашудааст.

Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли хабарнигори худ дар маҳалли ҳодиса гузориш дод, шумори қирғизистониҳое, ки захмӣ гаштаанд, акнун ба 17 нафар расидааст. 14 тани онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ гаштанд.

Рӯзи сешанбе вазири умури дохилии Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфт, ки дар муноқишаи марзии дирӯза як корманди полиси Тоҷикистон маҷрӯҳ шуд.

Рамазон Раҳимзода: Рафтуомад дар маконе, ки низоъ рух дод, озод аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:58 0:00

Манобеи қирғизӣ мегӯянд, дар лаҳзаҳое, ки садои тирандозӣ баланд шуд, намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Бодканд Акрам Мадумаров бо сокинони маҳаллӣ мулоқот доштааст. Аз ин қабл, ӯ бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар наздикиҳои деҳаи Оқсой мулоқот кардааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам хабар додааст, ки вазъ дар марз дигарбора муташшанниҷ шудааст. Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз ҷониби Тоҷикистон даъват кардааст, ки "ба эҳсосот дода нашаванд ва аз ҳаргуна гунаҳкоркунии ҷониби Қирғизистон худдорӣ кунад".

Дар Ворух чӣ гузашт?

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мақомоти ду кишвар гуногун шарҳ доданд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, муноқиша замоне сар зад, ки сокинони Ворух мехостанд, ба муносибати сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд.

Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромаданд ва ба гуфтаи Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи "Оқсой"-ро насб карданд.

Сокинони Ворух ба ин муқобил баромаданд" ва дар натиҷа баҳс ба занозанӣ кашонид. "Дар ҷараёни кашокаш касе, маълум нест, аз кадом тараф, аз силоҳи шикорӣ тир кушодааст",-мегӯянд намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Мақомоти расмии Тоҷикистон чунин ҳолатро тасдиқ накардаанд ва ҳамчунин нагуфтаанд, ки одамон аз чӣ навъи силоҳ ҳадаф қарор гирифтанд.

Сокинони Оқсойи Қирғизистон роҳи Исфара-Ворухро бастаанд ва мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, вазъиятро зери назорат доранд. Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ҳодисаро "иғвои навбатӣ" меномад ва мегӯяд, "бархе аз доираҳои манфиатдори қирғиз сулҳу оромиро дар хатти марз намехоҳанд ва рӯ ба иғво меоранд".

Дар ҳамин ҳол тоҷикистониҳо роҳи мошингарди Исфана -- Бодкандро, ки ба ноҳияи Лайлак мебарад, бастанд. Аз деҳаи Оқсойи Бодканд 315 сокини қирғизтабори он ба ҷойи амн кӯчонда шуданд.

Ангезаи муноқишаҳо дар марз

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ, роҳу бозор, убури марз ва ихтилофоти байнимиллӣ вориди низоъ гашта, то ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта ва захмӣ шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (16)

XS
SM
MD
LG