Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти мақомоти тоҷику қирғиз дар пайи муноқишаи ахир дар марз


Дар пайи муноқишаи рӯзҳои ахир дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, муовинони нахуствазирони ду кишвар дар мавзеи Дачаи вилояти Бодканд мулоқот намуда ва вазъ дар сарҳадро баррасӣ кардаанд. Мулоқоти Азим Иброҳим ва Ҷениш Разоқов баъд аз зӯҳри 23-юми июл сурат гирифтааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон мегӯяд, ҷонибҳо ба ин натиҷа расиданд, ки сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистонро таҳқиқ намуда ва омилҳои муноқишаи рухдода дар Ворух ва Оқсойро муайян кунанд. Ва ҳамчунин барои мардуми ҳамин минтақаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомот дар ҳукумати шаҳри Исфара мегӯянд, ки ҳанӯз ҳам роҳ миёни Ворух ва Оқсой баста аст ва мошинҳо аз Исфара наметавонанд ба самти Ворух ҳаракат кунанд. Роҳ миёни Исфара ва Ворух пас аз ҳодисаи рӯзи душанбе баста мебошад.

Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки баъд аз зӯҳри 22-юми июл оғоз шуд, як сокини Исфара кушта кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи мақомоти Исфара, бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола кушта шуд. Дар рӯзи аввали муноқиша ҳамчунин Расул Шомирсаидзода, як афсари пулиси раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд низ захм бардошт.

Муноқиша дар Ворух рӯзи 23-юми низ идома кард ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки дар ин рӯз корманди дигараш Фаррух Тошхӯҷаев дар ҷараёни муноқиша дар марз бо Қирғизистон маҷрӯҳ шуд. Масъулини ВКД гуфтанд, Тошхӯҷаев аз тири камон ё сочма захмдор шуда, феълан дар беморхона мебошад. Ҳамзамон тарафи Қирғизистон иттилоъ дод, ки як марзбонаш дар пайи муноқишаи рӯзи 23-юми июл бо захми тир ба бемористон интиқол дода шуд.

Муноқишаи нав дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон бегоҳи 22-юми июл шуруъ шуд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли хабарнигори худ дар маҳалли ҳодиса гузориш дод, шумори қирғизистониҳое, ки захмӣ гаштаанд, акнун ба 17 нафар расидааст. 14 тани онҳо аз тири силоҳи оташфишон маҷруҳ гаштанд. Хабаргузории давлатии "Ховар" аз қавли Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии КДАМ шумораи маҷрӯҳони ҷониби Тоҷикистон дар рӯзи аввали ҳодисаро 10 нафар эълон кард.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG