Пайвандҳои дастрасӣ

Муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба хунрезӣ кашондааст


Дар натиҷаи муноқишаи навбатӣ дар марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон як нафар кушта ва чандин тан аз ҳарду ҷониб захмӣ шудаанд. Муноқиша дар ҳоле сар задааст, ки қарор аст, президентҳои ду кишвар дар ин минтақа дидор ва гуфтушунид дошта бошанд.

Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи Тоҷикони ҷамоати Ворух рузи 22-юми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "бар асари тиркушоӣ аз тарафи Қирғизистон дар маҳаллаи Тоҷикистон Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, ки омӯзгор будааст, кушта шудааст. Панҷ нафар захмӣ шудаанд, аз ҷумла Расул Шомирсаидов, сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, ки ҳоло дар беморхонаи Ворух бистариянд."

Аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара гуфтанд, ки чаҳор захмӣ -- Маҳлуб Тешаев, Расул Шомирсаидов, Аминҷон Бобомаллаев ва Абдумубин Ҷӯраев дар шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи деҳаи Ворух бистарӣ мебошанд. Манбаъ аз қавли табибон мегӯяд, ки шуморе аз ин захмиён ба "амалиётҳои ҷарроҳии мураккаб" эҳтиёҷ доранд.

Сардухтури бемористони Ворух Карима Ҳакимова шоми 22 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "сокини Ворух Ҷалолиддин Қароев аз чашмаш тир хӯрдааст, вазъи чаҳор нафари захмӣ вазнин аст ва чанд нафари дигар, ки захмҳои сабук доштанд, пас аз муойина рухсат шудаанд."

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, дар ин муноқиша панҷ нафар захмӣ шуда, ба бемористони вилоятии Бодканд интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни онҳо кормандони милисаи Қирғизистон низ ҳастанд. Намояндаи бемористони Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷамъан ба ин ҷо 8 захмӣ оварда шудааст.

Дар ҳамин ҳол Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон дар изҳороте, ки ба восистаи хабаргузории "Ховар" паҳн кард, мегӯяд, дар натиҷаи тирандозии тарафи дигар як шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва 7 тани дигар шадидан маҷруҳ шудаанд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон, муноқиша замоне сар зад, ки сокинони Ворух мехостанд, ба муносибати сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ҷо, дар сари роҳ парчамҳои Тоҷикистонро овезон кунанд. Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба ин мухолиф баромаданд ва ба гуфтаи Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона заминро кофта, парчами миллии худ ва лавҳаи "Оқсой"-ро насб карданд. Сокинони Ворух ба ин муқобил баромаданд" ва дар натиҷа баҳс ба занозанӣ кашонид. "Дар ҷараёни кашокаш касе, маълум нест, аз кадом тараф, аз силоҳи шикорӣ тир кушодааст," -- мегӯянд намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон. Мақомоти расмии Тоҷикистон чунин ҳолатро тасдиқ накардаанд ва ҳамчунин нагуфтаанд, ки одамон аз чӣ навъи силоҳ ҳадаф қарор гирифтанд.

Сокинони Оқсойи Қирғизистон роҳи Исфара – Ворухро бастаанд ва мақомоти марзбонии Қирғизистон мегӯянд, вазъиятро зери назорат доранд. Маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ҳодисаро "иғвои навбатӣ" меномад ва мегӯяд, "бархе аз доираҳои манфиатдори қирғиз сулҳу оромиро дар хатти марз намехоҳанд ва рӯ ба иғво меоранд".

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Исфара, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин ва масъулони мақомоти қудратии кишвар аз рӯзи гузашта то ба ҳол дар марз қарор дошта, барои ба эътидол овардани вазъ бо ҳамтоёни қирғизи худ гуфтушунид доранд.

Ангезаи муноқишаҳо дар марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон дар муайян ва аломатгузорӣ нашудани қисмати зиёде аз хатти марз аст. Тарафҳо дар ҳалли ин мушкил ба нақшаҳои ҷуғрофии давраҳои гуногун такя мекунад.

Марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр дарозӣ дорад, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Борҳост, дар минтақаҳои баҳсталаб сокинон барои обу чарогоҳ ва роҳу бозор даст ба гиребон шудаанд ва тоҳ ҳол чандин нафар дар ин муноқишаҳо кушта шудаанд.

Шарҳҳоро бинед (56)

XS
SM
MD
LG