Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Ишкошим ҷони 4 танро гирифт


Акс аз бойгонӣ.

Бар асари садамаи автомобилӣ дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, чаҳор нафар ҷон бохтанд. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳодиса рӯзи 20-уми июл дар ҳудуди деҳаи Вранг ва Нижгар рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи Нозим Маликмамадови 28-сола "аз ӯҳдаи идора намудан"-и мошин набаромада ва "Ҳунад-Голопер"-и ӯ ба дарёи Панҷ сарозер шудааст.

Манбаъ меафзояд, ки дар натиҷа чаҳор мусофир бинобар ҷароҳатҳои сангин дар бемористони деҳаи Вранг ҷон бохтанд. Як мусофири дигар бо ҷароҳатҳои сангин дар ҳамин бемористон бистарӣ шудааст. Сини қурбониёни ин ҳодиса аз 39 то 65-сола гуфта мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот оғоз шудааст.

Ин ҳодисаи дувуми пурқурбонӣ дар Бадахшон давоми соли ҷорӣ мебошад. Рӯзи 29-уми январ бар асари садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 9 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон буданд. Худрави ин сокини деҳаи Курговади Дарвоз низ ба дарёи Панҷ сарозер шуда буд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG