Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дурбинҳои ҳушманд"-и Тошканд чеҳрашинос мешаванд


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон бо масъулони ширкати чинии Huawei барои ҷорӣ кардани низоми шинохти чеҳра дар шаҳри Тошканд гуфтугӯ доранд. Расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Раёсати пулиси Тошканд хабар доданд, ки дар ин замина аллакай гуфтугӯҳои пешакӣ анҷом шудаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, ин низом яке аз бахшҳои тарҳи "Шаҳри бехатар" хоҳад буд, ки дар якҷоягӣ бо чиниҳо иҷро мешавад. Манобеъ мегӯянд, дурбинҳои назоратие, ки дар 116 чорроҳаи Тошканд қоидавайронкуниро сабт мекунанд, ҳамчунин метавонанд, симои инсонро шиносоӣ кунанд.

Аз низоми мазкур дар Чин ба таври густарда истифода мешавад. Вале бисёриҳо онро танқид карда, мегӯянд, ҳуқуқуи озодиҳои инсонро маҳдуд мекунад. Иттиҳоди ҳимоят аз озодии шаҳрвандони Амрико мегӯяд, назорати доимӣ фаъолони маданиро саркӯб мекунад.

Мақомоти Сан-Франсискои ИМА моҳи май ба ниҳодҳои маҳаллӣ, аз ҷумла пулис истифодаи низоми симошиносро манъ карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG