Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештари муҳоҷирони туркман ба ватанашон баргаштан намехоҳанд


Шумори ҳарчи бештари туркманистониҳое, ки ба хориҷ рафтаанд, дубора ба ватанашон баргаштан намехоҳанд. Миёни онҳо асосан донишҷӯёни донишгоҳҳои хориҷи Туркманистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ ҳастанд.

Ба иттилои шоҳидон, дар ҳоли ҳозир мавҷи муҳоҷирати туркманистониҳо ба хориҷ мушоҳида мешавад. "Дар Дашоғуз ҳаёт дигар номумкин шудааст. Одамони зиёде, ҳатто онҳое ки дар мақомот кор мекунанд, тарки мақому вазифа карда ба хориҷ мераванд. Ҳатто моҳонаи онҳо ба харҷи рӯзгор кифоят намекунад",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ.

Нашрияи "Хроника Туркменистана" ҳам иттилоъ медиҳад, ки донишҷӯёни туркмании донишгоҳҳои Белорус ба Туркманистон баргаштанӣ нестанд. Аммо волидон аз фарзандонашон талаб мекунанд, ки ба маҳзи тамом шудани донишгоҳ ба ватан баргарданд.

Мақомоти Туркманистон мавҷудияти мушкили муҳоҷиратро расман эътироф намекунанд. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ наздики 23 ҳазор шаҳрванди Туркманистон ба Туркия рафтааст.

Гуфта мешавад, давоми 10 соли охир ҳудуди 1 миллиону 879 ҳазор сокини Туркманистон он кишварро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG