Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев


Рӯзи июл хабари даргузашти хонуми Маҳмадсаид Убайдуллоев, нафари дувуми сиёсӣ дар Тоҷикистон дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор гирифт. Худи раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар сафари хидматӣ дар Русия қарор дошта, оҷилан ин кишварро ба хотири бозгашт ба ватан тарк кардааст.

Рӯзигул Каримова, ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, субҳи 2-юми июл дар сини 67-солагӣ дар Душанбе ба таври ногаҳонӣ даргузашт. Наздикони хонаводаи Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то имрӯз хонум Каримова аз беморие ба таври ҷиддӣ ранҷ намекашид. Аммо субҳи имрӯз ногаҳонӣ фишори хунаш баланд мешаваду ин дунёро тарк мекунад.

Наздикони ин хонавода гуфтанд, Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки бояд то 5-уми июл дар Русия мемонд, баъд аз дарёфти хабари даргузашти хонумаш оҷилан Русияро тарк карда, то шоми имрӯз бояд ба Душанбе бирасад. Ҳамчунин Ҷамолиддин Убайдуллоев, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки дар вазифаи сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва намояндаи ин кишвар дар ЮНЕСКО ифои вазифа мекунад, баъд аз шунидани хабари даргузашти модараш озими Душанбе шудааст.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими ҷанозаи Рӯзигул Каримова фардо, чаҳоршанбеи 3-юми дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Қарор аст, ҷасади Рӯзигул Каримова дар яке аз оромгоҳҳои пойтахти Тоҷикистон дафн карда шавад.

Як манбаъ, ки бо хонаводаи Убайдуллоев наздикӣ дорад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки даргузашти Рӯзигул Каримова барои наздиконаш ғайримунтазира буд.

Вай дар бораи шахсияти хонуми Убайдуллоев гуфт: "Ҳам Убайдуллоев ва ҳам хонумаш аз ноҳияи Фархор буда, Рӯзигул Каримова аз раиси Маҷлиси миллӣ танҳо як рӯз ҷавонтар буд. Солҳои шӯравӣ марҳум Каримова дар шаҳри Кӯлоб аз фанни забон ва адабиёти рус дарс медод. Аммо худи Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ҳам марҳум Рӯзигул Каримова дӯст намедоштанд, ки ҳамсари раиси Маҷлиси Миллӣ шахсияти матраҳшуда дар ҷомеа бошад. Ба ин хотир, Рӯзигул Каримова солҳои ахир кадбонуи хонадон буд ва дар мазари ом пайдо намешуд".

Воқеан, дар бораи шахсияти ҳамсари Маҳмадсаид Убайдуллоев маълумоти зиёде дар даст нест. Гуфта мешавад, ки ӯ модари 3 фарзанд -- ду писар ва як духтар мебошад.

Амирҷони Убайдулло, яке аз писарони Маҳмадсаид Убайдуллоев айни ҳол мушовири калони ёвари президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ аст. Писари дигари ӯ Ҷамолиддин Убайдуллоев феълан сафири Тоҷикистон дар Фаронса ва ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар созмони ЮНЕСКО мебошад. Ягона духтари Рӯзигул Каримова ва Маҳмадсаид Убайдуллоев Нигина ном дорад.

Маҳмадсаид Убайдуллоев яке аз чеҳраҳои шинохта дар саҳнаи сиёсии даврони истиқлоли Тоҷикистон мебошад ва наздики 20 сол дар мақоми раиси шаҳри Душанбе кор кард ва дар моҳи январи соли 2017 аз ин симат барканор шуд. Ҳамзамон бо иҷрои вазифаи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор кард ва то ҳол нафари дувуми калидӣ дар кишвар дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG