Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гадоев аз чанд мансабдори тоҷик ба додситонӣ шикоят кард


Шарофиддин Гадоев
Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, узви раёсати Паймони миллӣ, як созмони мухолифон дар Аврупо, аз Додситонии кулли Тоҷикистон хостааст, ки нисбат ба чанд мансабдори тоҷик ва масъулони ширкати “Сомон Эйр” бо иттиҳоми “одамрабоӣ” парванда боз кунад.

Гадоев иддао дорад, ки моҳи феврали имсол ӯро зӯран аз Маскав ба Тоҷикистон бурданд ва зери фишори созмонҳои байналмиллаӣ аввали моҳи март раҳо карданд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки Гадоев ихтиёрӣ ба Тоҷикистон баргаштааст, вале пас аз бозгашти дубораи ӯ ба Аврупо мавзуъро шарҳ надоданд.

Ин фаъоли сиёсӣ ҳаққи иқомат дар Ҳолландро дорад. Вай мегӯяд, дархосташ тавассути қабулгоҳи маҷозии додситонӣ фиристода шудааст.

Дар Шӯъбаи коргузории Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳанӯз ҳеҷ ариза ба дасти онҳо нарасидааст.

Вале гуфтанд, ҳар муроҷиате, ки тавассути почтаи электронӣ фиристода мешавад, аввал дар Шӯъбаи қабул сабт мешавад ва баъдан ба Шӯъбаи коргузорӣ барои санҷиш ё тафтиш фиристода мешавад. “Тамоми муроҷиатҳои электронӣ санҷида мешаванд”, -- гуфтанд дар Шӯъбаи коргузории Додситонии кул.

Шарофиддин Гадоев, ки пайваста аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон интиқод мекунад, миёнаҳои моҳи феврали имсол дар Тоҷикистон пайдо шуд. Дар наворе, ки баъдан ӯ гуфт, зери фишор сабт шуд, изҳор дошт, аз фаъолиятҳояш дар хориҷ аз кишвар пушаймон аст ва ихтиёран ба ватан баргаштааст.

Баъдан, дар навори дигаре, ки ҳампаймононаш нашр карданд, Гадоев қабл аз сафараш ба Маскав мегӯяд, агар дар Тоҷикистон пайдо шуд, пас ӯ рабуда шудааст.

Ин навор сару садои зиёд барангехт ва ба гуфтаи мухолифин далел барои бозгашти дубораи Гадоев ба Аврупо шуд.

Шарофиддин Гадоеви 34 сола, ки дар Тоҷикистон тиҷорат дошт, соли 2012 ҳамроҳ Умаралӣ Қувватов тарки кишвар кард ва “Гурӯҳи 24”-ро созмон доданд. Пас аз кушта шудани Қувватов дар соли 2015 ӯ тарки ин гурӯҳ кард. Ҳоло раҳбари созмони “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG